RU
ҲАФРИЁТИ БОСТОНШИНОСИИ ДУҶОНИБА ДАР ЁДГОРИИ АСРҲОИ МИЁНАИ КОФИРҚАЛЪА (ҲАЛЕВАРД), ВА ЁДГОРИҲОИ КАМСАМОЛ 1 ВА КАМСАМОЛ 2
Корҳои бостоншиносӣ дуҷониба дар ёдгории асрҳои миёнаи Кофирқалъа (Ҳалевард), ва ёдгориҳои Камсамол 1 ва Камсамол 2-и назди ёдгории Лағмон воқеъ дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, дар асоси созишномаи ҳамкорииҳои илмии дуҷонибаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти омӯзиши Ҷаҳони Қадими Доншгоҳи Ню-Йорк инчунин тибқи фармони директори ИТБМ ва Иҷозатномаи №3400/23-559 аз 14 сентябри соли 2026-и Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз гардид.
Корҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъҳо аз 18 сентиябр то 30 октиябри соли 2026 идома меёбад. Ҳайати экспедитсия, ки аз кормандони Шуъбаи бостоншиносии ИТБМ Сайфулоев Н – номзади илмҳо, ходими илмӣ, роҳбари экспедитсия; Шарипов А.Ф. ходими хурди илмӣ; Бурҳонов Ғ.Қ. – ронанда ҳамчунин аз ҷониби бостоншиносони хориҷи Парашутов В.А. роҳбари экспедитсия аз ҷониби хориҷа; Линдстрюм Г., Бехтер А.В., Волоховский А.В., МтрохинаК.Л., Сеидегали А., Ёлшин И.Д., Декрюенер Д., Хавлик Я.,Морковска Н., Свиторкова А. Мебошанд.
Ҳафриёти бостоншиносӣ айни ҳол дар ду ёдгори оғоз гардида бостоншиносон дар ёдгории Кофирқалъа ва камсамол 2-и назди ёдгории Лағмон корҳои иктишофии худро оғоз намуданд.
