RU

МИЗИ МУДАВВАР: «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон» 

12 ноябри соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон» баргузор гардид. Чорабиниро директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ташаккули давлатдории миллӣ ибрози назар кард.

Дар қисми маърӯзаҳои илмӣ Пирумшоев Ҳ., доктори илмҳои таърих, дар мавзуи «Иҷлосияи XVI – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти таърихии он дар бунёди давлатдории миллӣ» баромад намуд.

Абдурашитов Ф.М., доктори илмҳои таърих, бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлат, давлатдорӣ ва тамаддуни навини тоҷикон» маъруза кард. Дар маърӯза масъалаҳои нақши роҳбарияти олии кишвар дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохторҳои сиёсиву давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи Тоҷикистон мавриди таҳлили таърихӣ қарор гирифтанд.

Сипас, Абулҳаев Р. ба сухан пардохта, андешаҳои худро оид ба аҳаммияти Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон баён карданд. Дар рафти муҳокима иштирокчиён масъалаҳои сабақҳои таърихии Иҷлосияи XVI-ум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми идоракунии давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нақши роҳбарияти кишварро дар таъмини суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор доданд.