Професоор Аскаралӣ Раҷабов
Зиёдулло Шаҳидӣ ва Ҳоҷӣ Абдулазиз
(ба ифтихори 110 –умин соли гиромидошт)
 
 Саҳми намояндагони фарҳанги нимаи дувуми садаи Х1Х ва нимаи аввали садаи ХХ- Самарқанд дар бунёди фарҳанги ба истилоҳ навини тоҷик ва Ҷумҳурии Сосиалистии Тоҷикистон,хоса бунёди театр, театри драмавӣ, мусиқӣ, санъатҳои бадеӣ (рассомӣ ,хореография, кино, меъморӣ ), мусиқии касбӣ(жанру шакл), мактабу маорифи мусиқӣ басо муассир аст. Аз ҷумла хидмати созандакории намояндагони мактаби эҷодию иҷроӣ мусиқии Самарқанд садаи Х1Х ва садаи ХХ на фақат чун суннатгузору меросбар ,инчунин дар ташаккули шаклу анвои эҷодиёти шеърию мусиқӣ кори муассири эҷодӣ намуда ва падидаю раҳовардҳои эҷодии мусиқии мардумию классикӣ, касбии тоҷик(композиторӣ)бо ном,фаъолияти пурбори эҷодии намояндагони аз ин хостгоҳи фарҳангӣ дар иртибот аст.
 Навҷӯиҳои ҳунарии намояндагони ҳавзаи фарҳангии Самарқанд дар садаи X1X ва оғози садаи XX таввассути намояндагони барҷастаи ин ҳавза Раҳими Танбӯрӣ(1820-1897,устоди Ҳоҷӣ Абдулазиз), Хушкомили Дуторӣ, Раҳматхоҷаи Дуторӣ, Муқими Дуторӣ, Абулхайр Махдуми Ҳофизи Самарқандӣ (1868-1919), Қурбонхони Самарқандӣ (1856-1916), Ҳоҷӣ Абдулазиз ( Расулов 1850-1936), Туробқули Танбӯрии Самарқандӣ (1978-1934), Илёси Танбӯрӣ ((1842-1912), Маъруфхони Ҳофиз (1886-1947), Муҳаммадазими Равонакӣ (1887-1941), Қорӣ Яъқуби Савтӣ (1890 -1947), Бурҳон Сайдулло (1883-1946), Қобили Савтӣ (Хонанда,1899-1947, шогирди Ҳоҷӣ Абдулазиз), Қорӣ Сироҷ (Юсуфов, шогирди Ҳоҷӣ Абдулазиз 1890- 1964) ва дигарон моҳият ва сабки нави эҷодӣ касб карданд.
 Дар бунёди мактаби типи нави миллии тоҷикӣ,аз ҷумла аввалин мактаби мусиқии тоҷикӣ дар Самарқанд саҳми устоди мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз ба сифати омӯзгор муассир аст. Моҳи июни соли 1919 бо ташаббуси устодони мусиқӣ ва ҳунарҳои намоишӣ дар назди Хонаи фарҳангии вокзали Самарқанд труппаи тоҷикии драм-мусиқӣ бо дастгирии Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ҳунармандони озаритабори шаҳр таъсис меёбад ва дере нагузашта тавассути иштирокдорони ин труппа асари оҳангсоз Узеир Ҳоҷибеков «Аршин мололон» рӯи саҳна оварда мешавад. Ин асарро фарҳангитёни тоҷик баъди сафари ҳунарии ҳунармандони озарӣ,ки моҳи апрели 1919 ба Самарқанд иттифоқ афтода буд, рӯи саҳна оварданд.
 Таъсиси мактабу дастаҳои худфаъоли ҳунарӣ, марказҳои мусиқӣ, ҳунарҳои намоишӣ дар Самарқанд мутассил идома ёфта ва моҳи ноябри соли 1920 дар ноҳияи Боғи Шамоли шаҳр мактаби мусиқии тоҷикӣ дари худро ба рӯи дӯстдорони созу овоз боз менамояд. Дар ин мактаб асосҳои мусиқии мардумӣ ва ҳирфаиро устодони мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Маъруфхони Ҳофиз, Муҳаммаадазими Равонакӣ, Қорӣ Яъқуби Савтӣ дар ҳамкорӣ бо донандагони мусиқии аврупоисохт таълим медоданд. Ин мактаб омили таъсиси марказ ва хонаи мусиқии тоҷикӣ-форсӣ,ки моҳи феврали соли 1921 ба фаоълият оғоз намуд, гардид. Ва ниҳоят соли 1923 дар назди омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд гурӯҳ- мактаби мусиқӣ таъсис дода мешавад. Ба ин мактаб устодони мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Туробқули Танбӯрӣ,Наҷмиддини Ноӣ ва дигарон барои тадрис даъват мешаванд ва талабагони он Зиёдулло Шаҳидӣ Обид Исматӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Холиқ Мирзозода, Муҳамадамин Ғафурзода, Муҳаммадтақӣ Иброҳимзода, Зиёда Розиқова, Адолат Мирзотоҷиева, Саида Усмонова, Бурҳон Азиззода, Ҳалим Тоҳирзода, Бурҳон Тӯразода(баъдан сарояндагони тенатри мусиқии касбии тоҷик), Раҳмат Фозилзода, Шариф Акрам, Мардон Насимзода, Абдулҳақ Усмонзода (пасон драматург, актёри театри касбии тоҷик),Ҳикмат Раҳматуллозода, Соҷида Ҷӯраева ва дигарон буданд. Аввалин шогирдони ин мактаб Зиёдулло Шаҳидӣ(1914-1985), Донӣ Зокиров (1914-1985), Исмоил Акрам (1907-1972, драматург, ,Шариф Акрам(1912-1979, сароянда,актёри театри мусиқии Самарқанд, солисти театри опера ва балет) ва дигарон,ки аз Ҳоҷӣ Абдулазиз асосҳои мусиқиро фаро гирифтанд, минбаъд дар ташаккулу пешрафти санъати мусиқии касбии тоҷику ӯзбек хидматҳои шоиста намудаанд.
 Доир ба робитаи устоди бузурги мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз ва композитори барҷаста Зиёдулло Шаҳидӣ навиштаи хоса рӯи кор наомадааст. Устод Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҷараёни фаъолияти кору эҷод,таснифи асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ,кор дар театру(театри Лоҳутӣ),Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар масоили эҷоду иҷро аз осори Ҳоҷӣ Абдулазиз , шахсияти нотакрори ҳунарӣ будан, нақшу ҷойгоҳи ӯ дар таърихи мусиқии тоҷику ӯзбек, намунаи беҳтарини касбияти эҷодию иҷроии мусиқӣ будани таснифоташ ишораҳо намуда ва ин бардоштҳояшро дар як мақолаааш собит намудааст.
 Соли 1932 дар пойтахти нави тоҷикон Душанбе( Сталинобод) Слёти (ҳамоиши) якуми ҷумҳуриявии мутрибон баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиши мусиқӣ аз Самарқанд ҳайати калони мутрибон иҷрогарону меросбарони мусиқии устодонаю мардумии тоҷикон барои ширкат дар ин ҷашнвораи ҳунарӣ ба Душанбе меоянд. Дар ҳайати иштирокдорон баробари баробари донандагони мусиқӣ инчунин мутрибони ҷавону соҳибзавқи ҳавзаи ҳунарии Самарқанд Қорӣ Сироҷ (мутриб, устоди мусиқӣ), Маъруфхони Ҳофиз (танбӯрӣ, сароянда), Қорӣ Яъқуби Савтӣ (сароянда), Иброҳим Хоҷаев (овозхон), Наҷмиддини Ноӣ, Иброҳим Ализода, Ризо Зиёзода (овозхон), Саид Қодирзода (дафӣ ва ширинкору раққос), Исмат Саидзода (сурноӣ), инчунин мутрибони ҷавону соҳибзавқ, насли нави мактаби иҷроии Самарқанд Зиёдулло Шаҳидӣ (ғижжакӣ, наю танбӯрӣ), Обид Исматӣ (овозхон ва дуторӣ), Ҳикмат Раҳматуллозода (сароянда, дуторӣ), Шарифҷон Бобокалонов (дуторӣ ва танбӯрӣ), Насим Пӯлод (мутриб ) ва дигарон ширкат менамоянд ва суннатҳои дерину устодонаи мусиқии ин маркази қадимии тоҷиконро ба маърази иштирокдорон мегузоранд ва аксарашон аз шогирдони мактаби мусиқии тоҷикии шаҳр( Ҳоҷӣ Абдулазиз устоди ин боргоҳи ҳунар) буданд.
 Воқеист,ки устод Зиёдулло Шаҳидӣ чун дастпарвари мактаби эҷодию иҷроии Самарқанд, ҳамгузару [ ҳарду аз маҳаллаи Сӯзангарони гузари Тошкандӣ ва бисёр воқеотро аз устодонаш ноии мумтоз,устод Наҷмиддини Ноӣ (1870-1957), Қорӣ Сироҷи Юсуф (1892-1965, сокини гузари Қозӣ Абдурасул ва аз ин гузар намояндагони номвари фарҳанги тоҷик: адибон Самад Ғанӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, донишмандон Муҳаммадқул Нарзиқулов, Ибодулло Нарзиқулов ва дигарон бархостаанд) шунида буд, бо Обид Исматӣ дӯсти наздик буданд ва иштирокдори ҷашнвораҳои фарҳангии тоҷик дар Самарқанду Сталинобод огоҳӣ дошт. Ҳоҷӣ Абдулазиз бо падари композитор Муқаддасхон Шаҳидӣ (аз зиёиёни баноми шаҳр) робитаи наздик дошт.
 Баъзе саҳифаҳои фаъолияти мактаби эҷодию иҷроии Самарқанд дар мақолаю хотироти номоварони фарҳанг Обид Исматӣ,Тӯрақул Зеҳнӣ, Назрулло Бектош, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шариф Акрам, Исмоил Акрам, Воҳид Абдулло, Вадуд Маҳмудӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Маҳмуд Диёрӣ ва дигарон хотирнишон шудаанд.
 Мавзӯи дигаре,ки устод Зиёдулло Шаҳидӣ дар навиштаҳояш доир ба масоили эҷоду иҷрои мусиқӣ, аз ҷумла ифодаҳои хоси асарҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз ва чун манбаи илҳомаш ишораҳо шудаанд,ин нақши мактаби эҷодию иҷроии Самарқанд дар ташаккули ҳавзаҳои дигари ҳунарии тоҷику ӯзбек аст. Устод Зиёдулло Шаҳидӣ суннатҳои иҷроии устодона ва мардумии ин ҳавзаи ҳунариро дар мисоли осору барӯмандҳунарӣ ва мондагории иҷроии Ҳоҷӣ Абдулазиз ва идомати ин суннат тавассути шогирдонаш ҳамеша ҳамчун мавзӯи муҳими касбият дар эҷоду иҷрои мусиқӣ хотирнишон шудаанд.
 Устод Зиёдулло Шаҳидӣ дар фаъолияти эҷодиаш аз масоили суннат, меросбарии ҳунарӣ, мактаби эҷодию иҷроии мусиқии (албатта таснифоти Ҳоҷӣ Абдулазизро чун намунаи эҷоду иҷро ва мондагориашон дар ҷараёни эҷоду иҷро, мусиқипазирӣ) на фақат дар ташаккулу рӯи саҳнаи эҷод омадани асарҳои мусиқӣ, зумраи нави устодони мусиқӣ, эҷодкорони мусиқии касбии тоҷику ӯзбек, аз ҷумла сарояндагону мутрибон, композиторон ҳам муассир аст. Устод Зиёдулло Шаҳидӣ, мутрибону сарояндагон, композиторон, ходимони намоёни театри мусиқии тоҷику ӯзбек Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Мухтор Ашрафӣ, Мутаваккил Бурҳонов, Донӣ Зокиров, Набиҷон Ҳасанов, Қорӣ Сироҷ, Исмоил Акрам, Бақоҷон Ҳабибов, Шариф Акрам, Асрор Ҷӯраев, Насим Мардон, Насим Ҳошимов,Юнус Раҷабӣ, Рисхӣ Раҷабӣ, Ҳалим Тоҳиров, Оиша Мавлонова, Бурҳон Тӯраев, Аъзам Камолов, А бдулҳақ Усмонов, Ҳоҷӣ Аҳмедов, Шарифҷон Бобокалонов, Абдулло Абдурауфов, Насим Пӯлод, Амон Ҳамдамов, Аъзам Камолов ва даҳҳо номоварони мусиқӣ аз эҷодиётумактаби Ҳоҷӣ Абдулазиз мусиқӣ баҳравар шудаанд, дар сӯҳбату навиштаҳояш собит намудааст.
 Устод Зиёдулло Шаҳидӣ бо таъкид ба шахсияту мероси гаронманди ҳунарӣ, бадеию зебоишиносии осори мусиқии Ҳоҷӣ Абдулазиз аз нигоҳи касбияти ҳунарӣ назари амиқи мусиқӣ намуда ва менависад :«Аз ин рӯ Ҳоҷӣ Абдулазиз на танҳо чун ҳофизи хушадою хушлаҳн, балки чун оҳангсози боистеъдод дар таърихи маданняти мусиқии мо шӯҳрат дорад.
Ман ва хонаводамон ки яке аз мухлисон ва дӯстдорони санъати Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳастем, мехостам, тафсилоти як вохуриеро бо ин устоди мусиқӣ нақл намоям, ки он аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз дар Самарқанд чун ҳофизи хушхону маҳбуб шӯҳрату овоза дошт, дар фард мехост, ки на танҳо аз овози у ғизои маънавӣ бардорад, балки ба дидораш мушарраф шавад. Дар хотир дорам, рӯзе як ра­фиқи ҳамсиннам, ки ҳамроҳ дар кружоки ҳаваскорони санъат ширкат доштем, ба хонаи мо омада гуфт:
-Медонӣ чӣ гап? Имрӯз, соати ҳафти бегоҳ дар чойхонаи маҳаллаи мо Ҳоҷӣ Абдулазиз бо шогирдони худ меомадааст, ба ин муносибат чойхонаро оро дода истодаанд. Мардуми маҳалла даву ғеч карда кӯрпачаю қолинҳои нав андохта, барои Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳои махсус тайёр менамоянд. Ман ба ҳамон ҷо меравам.
Аз ин хабари хуш ман ба ҳаяҷон омадам. То соати ҳафт бардошт карда натавониста, ҳама корро ба як сӯ гузоштам ва ҳамроҳи рафиқам ба чойхона рафтам. Алакай дар он ҷо одамони бисьёре ҷамъ омада буданд. Мо ҳам аз як гӯшаи чойхона ҷой гирифта, омадани ҳофизро мунтазир шудем. Агарчанде Ҳоҷӣ бо падару хонаводаамон робита дошт.
Ин воқеа тахминан охири моҳи апрели соли 1925 рӯй дода буд. Соати 7 фойтуни дуаспа дар назди чойхона омада истод. Одамон аз ҷойҳояшон хеста, ба сӯи фойтун нигоҳ мекарданд. Мӯйсафеди миёнақади нуронии харобакак ва се нафар ҳамроҳони ӯ аз фойтун фуромада ба тарафи чойхона меомаданд. Табассуми гарми ин марди мӯйсафед диққати ҳозиронро ба худ мекашид. Баробари наздик шудан ӯ бо таъзим ба ҳозирон салом дод. Ба гӯшам расид, ки ҷавонмарди дар паҳлӯи мо буда ба дигаре бо овози паст мегуфт:
  • Дидӣ, Ҳоҷибобо дар вақташ омаданд-а! Халқро ҳурмат мекунанд.
Ҷавони дигар ба ӯ гуфт:
  • Э, ту аҷоиб будаӣ, охир халқро ҳурмат накунад, мардум ӯро ин қадар ҳурмат мекарданд-мӣ? Ҳурмат мекунанд. ки ба ҳурмати мардум сазовор шудаанд-дия!
Ҳоҷӣ Абдулазиз дар тан ҷомаи беқасаби рах-рахи ҳисорӣ ва дар сар саллаи сафед дошт. Навозандагоне, ки ҳамроҳи ӯ аз фойтун фуромаданд, шогирдони ӯ Қорӣ Сироҷ, Қорӣ Яъқуб ва Қобилҷон буданд, ки дар як даст сози мусиқӣ доштанд ва бо дасти дигар боэҳтиром аз таги бағали устоди худ гирифта меомаданд. Ҳама ба пешвози Ҳоҷӣ Абдулазиз боэҳтиром аз ҷой бархостанд.
 Устод ба ҷои худ гузашта нишаст ва дербоз мунтазир будани халқро фаҳмида ба шогирдони худ ишора намуд, ки созҳоро омола созанд ва худаш ҳам табассумкунон ба тарафи халқ назар дӯхта дуторро ҷӯр карду пеш аз он ки сурудеро оғоз намояд, пардаҳои дуторро як-як санҷида баромад.
Баъди ҷӯр шудани созҳои мусиқй ӯ ба шарикони худ як ишора намуда, ҳамоно суруди «Бебокча» (шеъри Шавкати Бухороӣ)-ро оғоз кард.
Баъди хотимаи суруд мӯйсафедон миннатдории худро бо нидоҳои «саломат бошед, Ҳоҷӣ», «кам нашавед», «ба ҳазор дароед» изҳор менамуданд. Ҳоҷӣ ҳам бо табассум ба сӯи онҳо нигоҳ карда, бо ишораи сар ҷавоби эҳтироми онҳоро мегардонид. Баъд аз фурсате, ӯ як ииёла чой нӯшида, суруди «Ушшоқ»-ро бар ғазали Фурӯғӣ оғоз кард ва ин яке аз такмилоти бевоситаи овозию савтии худи Ҳоҷибобо будааст. Ин сурудро аҳли мусиқии Самарқанду Бухоро ва дигар маҳалҳо ба номи «Ушшоқи Ҳоҷӣ» ном мебурданд.
Тарзи овози ӯ (тембри овозаш) тенори лирикӣ буда, бисьёр форам ва дилнишин садо медод, ки ҳанӯз он нашъаи савту овоз аз хотираҳо дур нарафтааст.
Ҳоҷӣ Абдулазиз аз ганҷинаи бебаҳои мусиқии халқи худ баҳраҳо гирпфта, сарвати онро афзунтар кард. Номи ӯ ҳамчун ҳофнзи забардаст дар қатори бузургтарин ходимони санъати мусиқӣ сабт шудааст.
Вазифаи муқаддаси ходимони санъати мусиқӣ ва бастакорони мо ин аст, ки эҷодиёти Ҳоҷӣ Абдулазиз ва ҳамсафони ӯро биомӯзанд. Онро дар асоси талаботи назарии имрӯзаи мусиқӣ инкишоф дода, дастраси оммаи васеъ гардонанд ..».
Устод Зиёдулло Шаҳидӣ солҳои фаъолият дар театри Лоҳутӣ( ба сифати мутриб, роҳбари мусиқӣ,таснифи асарҳои мусиқӣ барои намоишномаҳо), кору фаъолият бо дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо шогирдони Ҳоҷӣ Абдулазиз аз наздик шинос шуда, бисёр сирҳои ниҳонии санъати эҷодию иҷроии ӯро барои хеш равшан менамояд. Аз ҷумла яке аз шогирдони баноми Ҳоҷӣ Абдулазиз Саидхони Ҳисорӣ( Саидхон ТУхтаев 1889-1964,Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, иштирокдори даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва, 1941) буда ва устод Зиёдулло Шаҳидӣ бо ин устоди мусиқии мардумию классикӣ кор дар Хонаи радиои тоҷик, Филармонияи давлатии Тоҷикистон шиносу ҳамкорӣ дошт.
 Фаъолияти эҷодию иҷроии Саидхони Ҳисорӣ дар театри драмавӣ- мусиқӣ( Лоҳутӣ чун сароянда),Филармонияи давлатии РСС Тоҷикистон пурвусъат идома меёбад. Устод Зиёдулло Шаҳидӣ дар як сӯҳбаташон ишора намуданд,ки « омодагии дастаҳои эҷодию иҷроии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба даҳаи якуми адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1941) дар ҷараён буд. Роҳбарияти ҳукумат, иттиҳодияҳои эҷодӣ, аз ҷумла Филармония ба ин муносибат дастаҳои нави эҷодию иҷроиро аз ҳисоби иҷрогарони мероси мусиқии мардумию классикӣ дастаҳои нав ташкил дода ва роҳбарии гурӯҳи ҳунарии «Мӯсафедон»ро,ки Саидхони Ҳисорӣ таъсис дода ва роҳбариашро ҳам ба зима дошт.Ӯ марди хушсару либос ва мисли устодаш Ҳоҷӣ Абдулазиз олуфта буду хотираи хуби шеърию мусиқӣ дошт ва санъати иҷроияш(овозаш тенори лирикӣ) мисли устодаш бо сози дутор(ин созро дар ғояти устодӣ менавохт) асарҳои мусиқии мардумию класскиро хеле равшану мусиқивор, пурвусъат месуруд . Дар дастаи ҳунарии ӯ сарояндагон Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Пир Садиров, Чол Суламаев, Муҳиддин Мавлонов ва дигарон фаъолият менамуданд. Саидхон соҳиби таснифоти зиёди мусиқӣ ҳам буда ва барои дастаҳои ҳунарии Филармония, театр , Радиои тоҷик сурудҳои «Гуфт: Ба мо чӣ?», «Дилбари ман», «Ману паймона», «Дилситон», «Сарбаландиҳои ту», «Шароби арғувонӣ» ва ғайраро эҷод намудааст. Гурӯҳи ҳунарии «Мӯсафедон» дар концерти оғозии даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик(Москва ,1941) суруди «Гуфт: ба мо чӣ»(шеъри Саҳбо)ро бо сабку ҳунари баланд иҷро намуда ва ин асар чун яке аз номераҳои беҳтарини даҳаи адабиёту санъати тоҷик пазируфта мешавад.
 Баъди баргузории бомуваққияти даҳаи якуми адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав( 1941) Саидхони Ҳисориро ба дастаҳои ҳунарии Радиои Тоҷикистон ба сифати сарояндаи пешбар, роҳбари дастаи ҳунарӣ (1941-1949) даъват мешавад ва асарҳои «Сарахбори Ироқ», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Ушшоқ», «Савти Сабо», «Ороми ҷон», «Ушшоқи Самарқанд», «Бозургонӣ», «Гулъузорам», «Санам», «Субҳи висол», «Зулфи парешон» ва ғ. барои хазинаи Радиои тоҷик сабт намудаства ман дар чанд таснифоти мусиқиам аз ифодаҳои мусиқии осораш истифодаю такмил додаам. Зимни ин ӯ дар ин давраи фаъолияти эҷодиаш дар баробари эҷоди суруду оҳангҳои гуногунмавзӯ инчунин дар тарғиби меросу сабки эҷодию иҷроии устодаш Ҳоҷӣ Абдулазиз корҳои зиёди ҳунарӣ намудааст..».
 Шахсият, осор,мактаби ҳунарии Ҳоҷӣ Абдулазиз барои устод Зиёдулло Шаҳидӣ дар масири эҷодиаш як мактаби ҳунарии омӯзиш эътибор дошт.
 
Сарчашмаҳои истифодашуда
  1. Айнӣ, С. Намунаи адабиёти тоҷик/ С. Айни – Москва, 1926.
  2. Айнӣ, С. Намунаи адабиёти тоҷик, Душанбе: Адиб, 2010.
  3. Айнӣ С. Назаре ба гузаштаи санъати тоҷик, Куллиёт,ҷ. 11,к.2,  Душанбе,1 964.
  4. Айн. С .Санъаткори бузург ,Куллиёт,ҷ.11,к.2,Душанбе,1964.
  5. Айнӣ, С. Таърихи инқилоби Бухоро, Душанбе: Адиб, 1987.
  6. Алимбаева Г., Ахмедов М.Народные музыканты
  7. Узбекистана, Ташкент,1959.
  8. Ахмедов М. Ҳожий Абдулазиз,Тошкент,1974.
  9. Баёзи Шашмақом,таҳияи Исо Раматулло, Мубашшир Акбарзода ва Бариддин Мирзоев, муқаддимаи муфассали илмии Аскаралӣ Раҷабов, Абдувалӣ Абдурашидов, Душанбе, Душанбе, 2008.
  10. Валиходжаев Н.Н. Развитие музыкальной культуры советского Самарканда (1917-1984гг.),кан.дисс.Ташкент,1989.
  11. ГА Сам.обл.ф.230, оп.2, ед.хр.З, 1930-31 гг.
  12. ГА Сам.обл.ф. 230, оп.1, ед.хр.14, лист 350.
  13. История Самарканда (в двух томах). Ташкент: Фан, т.1, 1969. - 481 е., т.2, 1970. - 495 с.
  14. Донишномаи Шашмақом, Муаррири масъул: Аскарал Раҷабов, Душанбе,2009.
  15. Зиёдулло Шаҳидӣ, Мусиқӣ дар ҳаёти ман, Душанбе,1986.
  16. История узбекской советской музыки (в двух томах). Ташкент: Литература и искусство, т.1, 1972. - 380 е.; т.2, 1973.