Имрӯз (02.12.2024) дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) суҳбат намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни мулоқот барои даъвати сафар ба Ҷопон, пазироии олиҷаноб ва имкони вохурӣ бо Акиҳико Танака дар Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) миннатдории беандоза баён намуд.

Гуфта шуд, ки Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) дар дастгирии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Аз замони барқарории равобити дипломатӣ миёни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992, Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) лоиҳаҳоро дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ амалӣ месозад.

Ҳамчунин, президенти АМИТ таъкид намуданд, ки Акиҳико Танака, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ таҷрибаи ғании илмӣ ва амалӣ дорад, фаъолияти JICA-ро васеъ намуда, ба масъалаҳои тавсеаи шарикӣ бо СММ, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, тақвият додани қисмати илмӣ ва таълимии лоиҳаҳои JICA ва инчунин ҳалли масъалаҳои марбут ба камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва тағирёбии иқлимро фароҳам меоваред.

Дар ин замина пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, интиқоли технология ва дастовардҳои илмиро бе дастгирии иҷтимоии олимон, бахусус муҳаққиқони ҷавон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бояд гуфт, ки дастгирии иҷтимоии олимон аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар ин самт бо дастгирии Акиҳико Танака дар доираи ҳамкориҳои тарафайн мо метавонем масъалаи муҳайё намудани шароити зист барои муҳақиқони ҷавонро баррасӣ намоем. Албатта ин ба ояндаи онҳо ва барои рушди соҳаи илм дар оянда мусоидат хоҳад кард.

Воқеан ҳам фаъолияти Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди дарозмуддат ва ҳалли мушкилоти асосии иҷтимоиву иқтисодӣ нигаронида шудааст. Ба шарофати дастгирии ин созмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фанновариҳо ва донишҳои пешрафта дастрасӣ пайдо мекунад, ки ба таҳкими равобити дуҷониба бо Ҷопон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад.

        

https://www.facebook.com/groups/amit.tj/posts/3862926550642026/?__cft__[...