RU
17-уми октябри соли ҷорӣ, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, намоиши осори мероси ғайримоддӣ дар Осорхонаи мардумшиносӣ баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ мутахассисони соҳа, аз ҷумла кормандони осорхонаҳо ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз экспозисияҳои намоишӣ дидан намуда, оид ба арзиши таърихӣ ва фарҳангии ёдгориҳои мероси ғайримоддӣ маълумоти муфассал дарёфт карданд.
