МИРЗОЕВ Шуҳрат Ҷумъамуродович,

котиби илмии  Институти таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии

ба номи А. Дониши АМИТ

    Мирзоев Шуҳрат Ҷумъамуродович 26 сентябри соли 1988 дар деҳаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти  ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олии пурра буда, соли 2019 зинаи магистратура ва соли 2022 зинаи докторантураи фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D020300 –Таърих, ихтисоси 6D020303 – “Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ”-и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро хатм намудааст. Мавсуф аз соли 2017 ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи мардумшиносӣ ва аз соли 2019 то моҳи январи соли 2023 ба ҳайси ходими хурди илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ фаъолият намудааст.  Аз моҳи январи соли 2023 то 1 июни соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи котиби илмӣ ва аз 1 июни соли 2023 котиби илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш мебошад.

  Мирзоев Шуҳрат Ҷумъамуродович 8 декбри соли 2022 рисолаи илмии худро дар мавзуи “Таҳлили муқоисавии ҳодисаҳои таърихии нимаи дуюми асри XIV ва ибтидои асори XV-и Мовароуннаҳру Хуросон дар “Зафарнома” –и Низомиддини Шомӣ ва “Аҷоибу-л-мақдур фи ахбори Темур”-и Ибни Арабашоҳ дифоъ намудааст.

Тамос:

Email- Суроғаи электронӣ: mirzo-juma@mail.ru

Телефон: 985-77-79-95

Феҳристи интишороти илмӣ

1.Мирзоев, Ш. «Зафарнома»-и Низомуддини Шомӣ маъхази муҳими таърихии нимаи дуюми асри XIV ва ибтидои асри XV / Ш. Мирзоев // Муаррих, №4 (20), 2019.– С.186-195

2.Мирзоев, Ш. Инъикоси лашкаркашиҳои Темурланг ба Хоразм дар «Зафарнома»-и Низомуддини Шомӣ ва «Аҷоибу-л-мақдур фи ахбори Темур»-и Ибни Арабшоҳ/ Ш. Мирзоев // Муаррих. №3 (23) 2020.-С 79-86

3. Мирзоев, Ш. Тасвири шахсияти Темурланг дар асари «Зиндагии шигифтовари Темур»-и Ибни Арабшоҳ / Ш. Мирзоев //Муаррих, №4 (24) 2020.-С 49-58.

4.Мирзоев, Ш. Таърихи ба сари ҳокимият омадани Темурланг тибқи ахбори Низомуддини Шомӣ ва Ибни Арабшоҳ / Ш. Мирзоев // Муаррих, №4 (28) 2021.-С.62-72.

5. Мирзоев, Ш. ( бо ҳаммуаллифии роҳбари илмӣ Ҳ.Ш. Камолов) Инъикоси лашкаркашии Темурланг ба Ҳиндустон дар «Зафарнома»-и Низомуддини Шомӣ ва «Зиндагии шигифтовари Темур»-и Ибни Арабшоҳ / Ш. Мирзоев // Муаррих. №1 (29) 2022.-С.86-95.

6. Мирзоев Ш. Муносибатҳои сиёсии Ғуриён бо Ғазнавиён. Муаррих.№4 (36)2023.-С.44-50.

7. Мирзоев Ш.Ҷ.Муносибатҳои сиёсии Ғуриён бо Хоразмшоҳиён. Муаррих.№3 (39)2024.-С.163-170.

8. Мирзоев Ш.Ҷ. Ҳукумати Fуриён дар Ҳинд. Муаррих.№4 (40)2024.-С.36-43

Маводи конфронсҳо, фишурдаҳо ва маърӯзаҳо:

9. Мирзоев, Ш. Инъикоси лашкаркашии Темурланг ба Гурҷистону Рум дар «Зафарнома»-и Низомуддини Шомӣ ва «Зиндагии шигифтовари Темур»-и Ибни Арабшоҳ / Ш. Мирзоев // Маводҳои конференсияи илмӣ-назариявии устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бахшида ба «25-солагии Ваҳдати миллӣ» ва «Бистсолаи омӯзиш ва ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» (18-23 апрели соли 2022-ҳафтаи илм). Рашт. 2022. -С.52-54.

10.  Мирзоев, Ш. Аҷоибу-л-мақдур фи ахбори Темур»-и Ибни Арабшоҳ ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ / Ш. Мирзоев // Маҷмӯи мақолоаҳои конференсияи илмӣ –амалии байналмилалӣ бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди илмҳои башардӯстӣ (гуманитарӣ) дар 30 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рашт.2022.-С.107-111.

11. Гузориш аз рафти корҳои бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар соли 2023 . Мероси ниёгон. №25,  2023.-С.154-155.