Шуъбаи этнология ва антропология
Шуъбаи этнология ва антропология (собиқ шӯъбаи этнография) -и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои 1950 -ум таъсис ёфтааст. Асосгузори мактаби этнографии АМИТ олими барҷаста - этнограф М.С. Андреев буд. Дар давраҳои гуногун, то солҳои 90 -уми асри ХХ, дар ин шуъба олимони машҳур ба монанди Н. Кисляков, Б.Х. Кармышева, А.К. ва дигар этнографҳои барҷаста фаъолият менамуданд. Дар охири солҳои 80 -уми асри ХХ дар шӯъбаи этнография беш аз 30 корманди илмӣ кор ва фаъолият мекарданд ва ин давра мактаби этнографии тоҷик аз беҳтарин ва қавитарин мактабҳои этнографии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991, бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷанги бародаркушии шаҳрвандӣ, як қисми олимони мардумшинос ба ватани таърихии худ баргашта, қисми дигарашон ба муассисаҳои гуногуни олии таълимии ҷумҳурӣ ба кор дохил шуданд. Аммо, сарфи назар аз мураккабии шароити ва сарфи назар аз ҳама мушкилиҳои ин давра, кормандони илмии шӯъбаи этнография таҳқиқотҳои илмиро идома медоданд. Онҳо дар барқарорсозӣ, систематикунонӣ ва нашри маводҳои бойгонии ҷамъовардаи мардумшиносони тоҷики солҳои гузашта фаъолони иштирок мекарданд.
Айни ҳол дар шӯъбаи этнология ва антропология 6 нафар ходими илмӣ кор ва фаъолият мекунанд: мудири шуъба, доктори илмҳои таърих Додхудоева Л.Н., номзади илмҳои таърих Мадамидҷонова З.М., номзади илмҳои таърих Юсуфбекова З., номзади илмҳои таърих Шовалиева М.С., ходими илмӣ Наврӯзбеков М. ва лаборанти калон Сафоева Б.
Кормандони шуъба асарҳои монографии ва мақолаҳои илмӣии зиёд интишор кардаанд, ки осори асосии онҳо асарҳои дастаҷамъона аз рӯи натиҷаҳои экспедитсияҳои этнографӣ ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд:-Тоҷикистон. Тадқиқотҳои саҳроии этнографӣ дар соли 2013 (водии Ҳисор ва Варзоб) / Муаллиф-мураттибон: Додхудоева Л., Юсуфбекова З., Шовалиева М., Васитова Н. Душанбе, 2014.-Тоҷикистон. Болооби Зарафшон. Таҳқиқотҳои саҳроии этнографӣ дар соли 2014. / Муаллиф-мураттибон: Додхудоева Л., Юсуфбекова З., Шовалиева М. Душанбе, 2017.-198с.-Тоҷикистон. Нуробод ва Роғун: тадқиқотҳои этнографӣ. / Ред. Р.М. Масов. Муаллиф -мураттибон: Додхудоева Л.Н., Юсуфбекова З., Шовалиева М., Ашурмадова Т. ва дигарон - Душанбе, 2018.-Монография «Истеҳсолоти ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (аз маводҳои тадқиқотҳои саҳроии солҳои 2013-2017). -Додхудоева Л.Н. (ed.) Вилояти Хатлони Тоҷикистон дар маводи этнографии асри ХХ.-LAP. Lambert.ru-2019 / -285с.