КОНФРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКАИ МОВАРОУННАҲР ВА ХУРОСОН ДАР АСРҲОИ Х-ХII
Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13 май соли 2022 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 -2040 -“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Таърихи илм ва техникаи Мовароуннаҳр ва Хуросон дар асрҳои Х-ХII» баргузор гардид.
Бо сухани муқаддимавӣ кори конфренсияиро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Убайдулло Насрулло Каримзода оғоз намуда, доираи ба мақоми тоҷикон дар рушди илму фарҳанги Варорӯд (масоили таърихнигорӣ) бароманд намуд.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқони таърихшинос бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Албатта ин бесабаб нест. Асри X барои мо тоҷикон асри тиллоӣ ва давраи эҳёи давлатдорӣ ва замони рушди илму фарҳанг ва иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар заминаи давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён давлати тоҷикбунёди Сомониён таъсис ёфта, Мовароуннаҳр ва Хуросон ба маркази бузурги илму фарҳанги ҷаҳонӣ табдил меёбад. Сомониён ба қадри ҳол барои эҳёи азамату ҳашамати замони Сосониён кушиш намуданд ва беҳуда нест, ки онҳо Сосониёнро аҷдоди худ медонистанд. Ҳанӯз дар ибтидои 8, аниқтараш дар соли 81 ҳиҷрӣ мусодиф ба 700 мелодӣ забони арабӣ забони давлатӣ эълон шуд ва тибқи иттилои Ҷаҳшиёрӣ донистани хат ва забони арабӣ барои маъмурони Мовароуннаҳр ва Хуросон низ ҳатмӣ гашт. Аммо бо таҳкими давлати Сомониён забони забони тоҷикӣ ба дарбор роҳ ёфт ва шоирони форсигӯ дар дарбори Сомониён иззат ёфтанд. Амирон ва вазирони сомонӣ ҳомиёни олимону шоирон буданд. Рӯдакӣ бар ададбиёти классикии форсу тоҷик асос гузошт. Дар замони Сомониён ашъори оламгир ва асарҳои муҳимми илмӣ ба забони тоҷикӣ низ офарида шуданд. Илмҳои математика, химия, нуҷум, ботаника, тиб, ҷуғрофия, геология, маъданшиносӣ, фалсафа, таърих ва ғайраҳо рушд намуданд. Муҳаммад Хоразмӣ (783-850), Ҷаъфари Балхӣ (787-886), Закариёи Розӣ (865-925), Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Истахрӣ, Наршахӣ, Муҳаммад Ҷайҳонии вазир, Балъамии вазир, Аҳмади Балхӣ (850-934), Муҳаммад Форобӣ (870-950), Абулвафо Муҳаммад Бузҷонӣ (940-998), Абдурраҳмони Суфӣ (903-) Ҳомиди Хуҷандӣ (940-1000), Ибни Сино (980-1037), Абурайҳони Берунӣ (937-1048) ва садҳо дигарон ситораҳои дурахшони илми ҷаҳонии замони Сомониён буданд. Беҳуда нест, ки бо ташаббуси Тоҷикистон соли 1999 1100-солагии давлати Сомониён дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил ёфт. Сомониён барои рушди минбаъдаи Моваруннаҳр ва Хуросон заминаҳои мустаҳкам гузошта буданд.
Баъди иқирози давлати Сомониён дар асрҳои XI -XII низ тоҷикон дар илму фарҳанг пештоз буданд. Ба қавли машҳур давлати дигарон дар қалами тоҷикон буд. Берунӣ бузургтарин осорашро дар асри XI таълиф намуд. Дар асрҳои XI-XII забони тоҷикӣ аз ҷуғрофияи Моваруннаҳр ва Хуросон берун ва ба қавле ҷаҳогир шуд. Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома”-и безаволашро анҷом дод. Гардезӣ “Зайну-л-ахбор” ва Байҳақӣ “Таърихи Масъудӣ”-ро навишт, ки ин асарҳо муҳимтарин сарчашмаҳои таърихӣ мебошанд. Носири Хисрав (1004-1080),Умари Хаём (1048-1131), Муҳаммад Ғаззолӣ (1058-1111), Унсурии Балхӣ, Фаррухӣ ва Мануҷеҳрӣ, Асадии Тусӣ, Масъуди Саъди Салмон, Анварӣ, Замахшарии Хоразмӣ, Низомулмулк ва даҳҳо дигарон чеҳраҳои дурахшони илму адаби тоҷик дар XI –XII мебошад.
Мақсад аз баргузории конференсия дурбини тадқиқоти илмӣ дар асрҳои Х-ХII ҳамчун давраи тиллоии илм ва техникаи таърихи халқи тоҷик баррасӣ гардид.