RU
ҶАВОНОН ВА ТАҲҚИҚИ САҲИФАҲОИ НОШИНОХТАИ ТАЪРИХ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омӯзиш, таҳқиқ ва ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ мақоми муҳим дорад. Дар шароити муосир, ки масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва бозшиносии таърих аҳамияти бештар касб намудааст, саҳми ҷавонони муҳаққиқ дар омӯзиши саҳифаҳои камомӯхтаи таърих назаррас мебошад. Ҷавонони институт бо истифода аз усулҳои муосири илмӣ, омӯзиши сарчашмаҳои нодир ва таҳқиқи маводи таърихӣ дар бозкушоии паҳлуҳои муҳими таърихи тоҷикон нақши фаъол доранд.
Заминаи асосии ин фаъолияти илмӣ ба сохтори мукаммали институт такя мекунад. Институт фаъолияти худро тавассути шаш шуъбаи илмӣ: таърихи навтарин, таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав, шуъбаи мардумшиносӣ, бостоншиносӣ, таърихи санъат, таърихи илм ва техника ба роҳ мондааст. Ин шуъбаҳо дар омӯзиши равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мардумшиносӣ ва тамаддунии тоҷикон саҳми арзишманд гузошта, барои рушди таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар баробари ин, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи мардумшиносии ба номи М. С. Андреев ва Китобхонаи академик А. А. Семёнов ҳамчун марказҳои муҳими илмӣ ва таҳқиқотӣ барои ҷавонон хизмат менамоянд. Истифодаи дастхатҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва маводи мардумшиносӣ ба муҳаққиқони ҷавон имконият медиҳад, ки саҳифаҳои камомӯхтаи таърихи миллатро мавриди омӯзиши амиқи илмӣ қарор диҳанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷавонони институт омӯзиши сарчашмаҳои нодири таърихӣ ва адабӣ мебошад. Дар ин замина, докторанти PhD-и институт Меликиён Эраҷи Баҳромзод бо таҳқиқоти худ таҳти унвони «Кашфи асари наве аз Аҳмади Дониш» саҳми арзанда гузоштааст. Осори Аҳмади Дониш ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихи фикрӣ ва фарҳангии тоҷикон аҳамияти бузӯрг дорад. Кашфи асари нави ӯ на танҳо ҷаҳонбинии маорифпарваронаи мутафаккирро равшан месозад, балки барои омӯзиши таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии асри XIX низ маълумоти тоза пешниҳод менамояд.
Аз ҷумлаи мавзӯъҳои камомӯхтаи таърих масъалаи муҳоҷирати тоҷикон ва робитаҳои онҳо бо кишварҳои хориҷӣ мебошад. Муҳаққиқи ҷавон С. Н. Амиршоев дар мақолаи «Сабабҳои муҳоҷирати тоҷикон ба Чин дар асрҳои XIII-XV» омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷиратро таҳлил намудааст. Ин пажӯҳиш имкон медиҳад, ки нақши тоҷикон дар робитаҳои байниминтақавӣ ва таъсири онҳо ба тамаддуни Шарқ равшан гардад. Дар идомаи ҳамин мавзӯъ, Амиршоев мақолаи «Морских путешествий Чжэн Хэ (Мухаммада Хаджи) – таджикского мореплавателя и дипломата в средневековом Китае»-ро ба таҳқиқи саҳми шахсияти тоҷик дар таърихи баҳрнавардӣ ва дипломатияи Чин бахшидааст. Ин мавзӯъ яке аз саҳифаҳои камомӯхтаи таърихи муносибатҳои фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар мақолаи «Вклад семьи Сеида Аджаля Бухари в развитие Китайской государственности в XIII-XIV веках» саҳми намояндагони тоҷик дар ташаккули сохтори идории Чин таҳлил гардидааст. Ин гуна таҳқиқот нишон медиҳанд, ки тоҷикон дар таърихи давлатдорӣ ва фарҳанги минтақаҳои гуногун нақши назаррас доштаанд.
Таҳқиқи сафарномаҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷавонони институт мебошад. Муҳаққиқи ҷавон А. Н. Одинаев бо омӯзиши маводи экспедитсияҳои илмии асри XIX саҳифаҳои муҳими таърихи водии Зарафшонро бозкушоӣ намудааст.
Дар мақолаи «Инъикоси ҷараёни экспедитсияи Искандаркӯл дар “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”-и А. Мустаҷир» аҳамияти сарчашмаҳои сафарномавӣ, махсусан барои омӯзиши таърихи иҷтимоӣ ва ҷуғрофии минтақа нишон дода шудааст. Ҳамчунин, мақолаҳои «Ҳодисаҳои Қаршии соли 1868 – муқаддимаи экспедитсияи Искандаркӯл», «Приложения к “Дневнику Искандеркульской экспедиции” как историко-культурный источник» ва таҳқиқоти муштарак оид ба сафари Шарл-Эжен Уйфалвӣ ба ноҳияҳои кӯҳии Зарафшон имконият медиҳанд, ки маълумоти нодир оид ба зиндагӣ, фарҳанг ва вазъи иҷтимоии аҳолии кӯҳистон мавриди омӯзиши илмӣ қарор гиранд.
Бостоншиносӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки тавассути он саҳифаҳои ношинохтаи таърихи миллат равшан мегарданд. Ҷавонони институт дар ин самт низ фаъол мебошанд. А. Ғ. Пӯлотов дар мақолаҳои худ хусусиятҳои зарфҳои сафолии болооби Зарафшонро таҳлил кардааст. Мақолаи «Типы ручек керамических лепных котлов Верховья Зарафшона в V-VIII вв. н.э.» барои омӯзиши фарҳанги моддии аҳолии минтақа аҳамияти илмӣ дорад. Дар таҳқиқоти «Керамические цедилки Санджар-шаха в контексте аналогичных находок верхнего Зарафшона» бошад, робитаҳои фарҳангӣ ва хусусиятҳои ҳунармандии аҳолии қадим мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Ин гуна таҳқиқот барои муайян намудани сатҳи рушди ҳунармандӣ, тиҷорат ва муносибатҳои фарҳангии минтақаҳои таърихӣ мусоидат мекунанд.
Дар таҳқиқи таърихи этникии тоҷикон саҳми ҷавонони мардумшинос ва антрополог низ назаррас аст. М. Н. Наврӯзбеков дар мақолаҳои худ масъалаҳои антропологии аҳолии Мовароуннаҳрро таҳлил намудааст. Дар мақолаи «Антропологияи сокинони Варорӯд дар ибтидои асрҳои миёна» хусусиятҳои антропологии аҳолии минтақа баррасӣ гардидаанд. Мақолаи «Влияние миграционных процессов на антропологический состав населения Мавераннахра в эпоху развитого средневековья» бошад, таъсири равандҳои муҳоҷиратро ба ташаккули аҳолии минтақа нишон медиҳад.
Ҳамчунин, таҳқиқоти дигари ӯ «Палеоантропологические исследования в Таджикистане (2015-2025 гг.)» натиҷаҳои муҳими таҳқиқоти даҳсолаи охирро ҷамъбаст намуда, барои омӯзиши таърихи қадими аҳолии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Аз ҷумлаи саҳифаҳои муҳими таърихи тоҷикон масъалаи давлатдорӣ ва муносибатҳои сиёсӣ мебошад. Ш. Ҷ. Мирзоев дар мақолаҳои худ муносибатҳои сиёсии Давлати Ғуриён бо Ғазнавиён ва Хоразмшоҳиёнро таҳлил кардааст. Дар мақолаи «Ҳукумати Ғӯриён дар Ҳинд» бошад, нақши ин сулола дар ташаккули давлатдорӣ ва рушди фарҳанги минтақа баррасӣ гардидааст. Ин пажӯҳишҳо барои омӯзиши саҳми тоҷикон дар таърихи сиёсии Шарқ аҳамияти калон доранд.
Ҷавонони институт дар масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ низ саҳми фаъол доранд. У. Раҷабова дар мақолаи «Нақши ҷашнгирии шаҳрҳои қадима дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» масъалаи ҳифзи мероси таърихиро ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ баррасӣ намудааст.
Ҳ. Нурматзода бошад, дар таҳқиқоти «Сайёҳии осорхонавӣ ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти осорхонаҳоро дар муаррифии таърих ва рушди сайёҳӣ нишон додааст.
Саидшои Сангалӣ дар мақолаи «Ёдгориҳои асримиёнагии ноҳияи Данғара» ба омӯзиши мероси бостонии як минтақаи муҳими таърихии Тоҷикистон машғул шуда, хусусиятҳои ёдгориҳои асримиёнагиро ошкор ва таҳлил кардааст. Ин гуна таҳқиқот барои ҳифз ва шинохти мероси фарҳангии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Ф. С. Саидализода дар мақолаи «Саҳми Евгений Зеймал дар таҳқиқи сиккаҳои кушонӣ» ба нумизматика ва саҳми муҳаққиқони хориҷӣ дар омӯзиши таърихи Кӯшониён таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти сиккаҳоро ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ таъкид мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҷавонони институт омӯзиши таърихи илм ва техника мебошад. М. Н. Азизуллозода дар таҳқиқоти худ нақши академик Е. Н. Павловскийро дар рушди илм ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон таҳлил кардааст. Мақолаҳои «Саҳми академик Е. Н. Павловский дар ташаккул ва рушди илми паразитологияи Тоҷикистон», «Саҳми академик Е. Н. Павловский дар ташаккул, рушди илм ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон (1928-1951)» ва «История науки и техники в Советском Таджикистане (1979-1990 гг.)» барои омӯзиши таърихи илм ва ташаккули муассисаҳои илмии кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Дар баробари дигар муҳаққиқони ҷавон, Ҳ. М. Нуруллозода дар мақолаи худ «Мулло Эркаев – ходими сиёсӣ ва муаррихи шинохта» шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва илмиро мавриди таҳлил қарор дода, нақши ӯро дар равандҳои сиёсӣ ва ташаккули афкори таърихнигорӣ баррасӣ менамояд. Ин таҳқиқот барои дарки ҷойгоҳи шахсиятҳои таърихӣ дар рушди илм ва сиёсат аҳамияти муҳим дорад.
Ш. Қ. Қозизода ба омӯзиши равандҳои муҳоҷират ва дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳ намуда, дар мақолаи «Муҳоҷирати сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин» сабабҳо, ҷараён ва натиҷаҳои ин кӯчишро таҳлил карда, таъсири онро ба сохтори иҷтимоӣ ва ҳаёти иқтисодии минтақа нишон медиҳад. Ҳамзамон, дар таҳқиқоти марбут ба рушди саноати пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои 50-60-уми асри XX хусусиятҳои таҳаввулоти иқтисодӣ дар давраи шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ш. Б. Исматзода дар пажӯҳишҳои худ ба таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик рӯй оварда, махсусан масъалаи иштироки занонро дар пешрафти илми таърих таҳлил мекунад. Ӯ нақши занонро ҳамчун ҷузъи муҳимми рушди афкори илмӣ ва ташаккули муҳити фарҳангӣ арзёбӣ менамояд.
Хулоса муҳаққиқони ҷавон имрӯз ба яке аз неруи асосии рушди илми таърихшиносии тоҷик табдил ёфтаанд. Онҳо бо таҳқиқоти худ доираи васеи масъалаҳоро аз таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ то фарҳанг, бостоншиносӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта, саҳифаҳои камомӯхтаи таърихи миллатро равшан месозанд.
Бо истифода аз сарчашмаҳои аслӣ, усулҳои муосири илмӣ ва муносибати дақиқ, ин муҳаққиқон на танҳо донишҳои таърихиро ғанӣ мегардонанд, балки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва шинохти амиқи мероси фарҳангии тоҷикон низ мусоидат мекунанд.
Аз ин рӯ, дастгирии пайвастаи онҳо барои рушди минбаъдаи илми таърих ва баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ходими хурди илмии
Шуъбаи таърихи илм ва техника
Азизуллозода М. Н.
