Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

 ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Субҳи барвақт пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ академикҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик гулчанбар гузоштанд.

Сипас дар Академияи миллии илмҳо маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Зимни маърузаҳо иброз гардид, ки «илм имрӯз дар тамоми давлатҳои олам мавқеи болотар пайдо карда, бе рушди он пешрафти миллату давлатҳои муосирро тасаввур кардан хеле душвор аст. Аз ҷониби дигар, мақом ва моҳияти илм низ дар даврони муосир дар муқоиса бо замонҳои пешин ба куллӣ тағйир ёфта, хусусияти дигар касб кардааст».


Дар сессияи илмӣ бахшида ба Солонаи Айнӣ маърузаҳо пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки «аз чеҳраҳои намоён ва тобноки адабиёти мо, ки бо фаъолияти созандаву осори мондагори худ таърихи пурифтихор, вале воқеии асосгузории адабиёти муосирро ба номи хеш муҳр задааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад. Номбурда новобаста аз пастиву баландиҳои ҳаёт, кашмакашиҳои сиёсӣ, туҳмату буҳтони нотавонбинони миллати тоҷик умри пурбаракати худро ба адабиёт, ба соҳаҳое, ки «барои бақои миллат зарур буд», бедареғ бахшид. Фаъолияти доманадори устод Айнӣ на танҳо адабиёт, балки соҳаҳои дигари илми тоҷикро низ фаро гирифтааст».

Дар ҷамъомад ғолибони озмуни ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста бо дипломҳову мукофот, инчунин нафароне, ки беш аз 50 сол дар Академия фаъолият мекунанд, бо медали «50 сол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.

https://khovar.tj/2023/04/bahshida-ba-r-zi-ilmi-to-ik-dar-akademiyai-mil...