RU
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР НАМОЗ ҲОТАМОВ БАСАРОВИЧ
 
19 ноябри соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми Н.Б. Ҳотамов дар рушди илму маорифи Тоҷикистон», бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Басарович Ҳотамов баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
Конференсияро ноиби президенти АМИТ, д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар шинохт ва арҷгузорӣ ба саҳми олимони намоёни тоҷик дар рушди илми ватанӣ таъкид кард. Сипас, директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, доир ба ҷойгоҳи илмии профессор Намоз Ҳотамов ва саҳми ӯ дар рушди таърихнигории тоҷик суханронӣ намуд.
Дар идомаи конференсия рӯнамоии китоби ёддоштии профессор Намоз Басарович Ҳотамов таҳти унвони «Аз Бухоро то Душанбе» баргузор гардид. Китоби мазкурро номзади илмҳои таърих, дотсент Ғафуров А.М. муаррифӣ намуда, оид ба муҳтавои он, роҳи зиндагӣ, фаъолияти илмӣ ва мероси профессор Намоз Ҳотамов маълумот дод. Ин асар дар шинохти зиндагинома ва фаъолияти илмии яке аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи халқи тоҷик аҳаммияти хосса дорад.
Дар бахши илмии конференсия маърузаҳои олимону муҳаққиқон шунида шуданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, профессор Абулҳаев Р., доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К. доктори илмҳои таърих Ф. Абдурашитов ва н.и.т., дотсент Ғафуров А.М., н.и.т. Акрамов М.И. маъруза намуданд.
Зимни маърузаҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии профессор Намоз Ҳотамов, саҳми ӯ дар омӯзиши таърихи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии халқи тоҷик, таърихи аморати Бухоро, ҳаракати ҷадидия, масъалаҳои миллӣ, инчунин рушди таълими таърих ва таълифоти таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия барои баррасии ҳамаҷонибаи мероси илмии профессор Намоз Басарович Ҳотамов, арзёбии саҳми ӯ дар рушди илми таърих ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти олим дар назди ҷомеаи илмии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.