11
May
СӮГВОРӢ
ИЛМИ ТОҶИК ТАЛАФОТИ БУЗУРГ ДОД, СУБЊИ ИМРӮЗ 11-УМИ МАЙИ СОЛИ 2023 ОЛИМИ МАЪРУФ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТИБ, ПРОФЕССОР, САРХОДИМИ ИЛМИИ ШУЪБАИ ТАЪРИХИ ИЛМИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН НУРАЛИЕВ ЮСУФ НУРАЛИЕВИЧ ДАР СИННИ 87-СОЛАГӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ. ЁДАШ БА ХАЙР БОД!
Нуралиев Юсуф Нуралиевич 5-уми октябри соли 1936 дар оилаи деҳқони деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 1961 факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Фармаколог, хатмкардаи Донишкадаи фармакологияи (Ленинград) ҳоло Санкт-Петербург, доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Исломии Эрон (1998), академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ (шаҳри Маскав, 1999), муаллифи зиёда аз 250 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 10 монография, соҳиби зиёда аз 20 патент ва шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллиф ба ихтироот мебошад.
Нуралиев Ю.Н. дар омӯхтани растаниҳои шифобахши Тоҷикистон, фармакологияи мӯмиё ва прополис нақши бориз гузоштааст. Китобҳои ӯ «Ба сирри мӯмиё» (Душанбе, 1985), «Растаниҳои шифобахш» (Душанбе, 1989, Нижний Новгород, 1990, 1991), «Тибби даврони Абӯалӣ Сино» (Душанбе, 1981), «Тибби Абӯалӣ Сино», рисолаҳои «Луқмони Ҳаким» (Душанбе, 1991), «Фитотерапия ва потенсиал» (Маскав, 1996), «110 ретсепти Абӯалӣ Сино ё системаи муолиҷаи ӯ» (Санкт-Петербург, 1902 ва 2202 ) ва ғайра бо теъдоди як миллион нусха дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия чоп шудаанд. Асарҳои олими шинохта чандин маротиба ба забонҳои англисӣ, булғорӣ ва чехӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Махсусан, асарҳои мавсуф «Системаи тиббии авестоӣ», «Моҳияти таълимоти мизоҷ» ва «Моҳияти усули поксозии бадан» аз нигоҳи тибби анъанавӣ ва муосир, ки дар асоси таҷрибаи хазорсолаи табибони қадим таълиф гардидаанд, аз комёбиҳои навтарини илми тоҷик мебошанд.
Устод дар тайёр ва нашри Энсиклопедияи советии точик, нашри осори Абуалӣ ибни Сино ва дастхатҳои дигар олимони тибби асримиёнагии тоҷик саҳми муносиб гузошта, дар асоси ашёи хоми тиббии Тоҷикистон зиёда аз 10 доруворӣ, аз ҷумла синолон, синобет, гераниол, ориганол, унибет, унигепт, гепатол ва дигар доруҳоро, ки барои табобати гепатити музмин, диабети қанд, атеросклероз, уролития тавсия шудаанд, ихтироъ кардааст.
Профессор Ю.Н. Нуралиев аз соли 1997 то имрӯз профессори кафедраи фармакологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи фармакологияи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АМИТ, сарходими шуъбаи таърихи илми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ буд.
Соли 2003 бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) мукофотонида шудааст.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи
Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон