RU
Насрулло УБАЙДУЛЛО,
доктори илмҳои таърих, профессор
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН
Ба ҳамагон маълум аст, ки мактаби давлатдории тоҷикон таърихи ниҳоят тӯлонӣ дорад ва тоҷикон ҳамчун халқи соҳибтаъриху соҳибфарҳанг ва соҳибдавлати минтақа оину суннатҳои зиёди давлатдориро соҳиб мебошанд, ки имрӯз ҳамчун манобеи аслии омӯзиши илмҳои ҷомеашиносии дунё қарор гирифтаанд. Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Таърихи ҳазорсолаҳои дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳёро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. Душанбе: «Ирфон», 2009.- с.146.).
Дар илми таърихшиносӣ таъкид мегардад, ки таърих натанҳо солномаи ҳаводис аст, инчунин инъикоси табиати инсон, робитаи мутақобилаи шахсият ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, нақши шахсияти алоҳида ҳамчун омили дигаркунандаи равиши таърихӣ ҳамеша ҳамчун яке аз мавзуҳои меҳварӣ дар илми таърихшиносӣ ва имрӯз фалсафаи таърих қарор дорад. Муаррихон ба хулоса омадаанд, ки шахсият воқеан дар раванди рушди таърихӣ мақоми калидиро соҳиб мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо қарор ва амали як шахсият, сифатҳои шахсӣ ва андешаҳои ормонии ӯ боиси барангезиши таҳаввулоти ҷиддӣ дар таърихи миллату давлатҳои алоҳида ва ҳатто умумибашарӣ мегарданд.
Чунин шахсиятҳо дар таърихи ҷаҳонӣ ва, аз ҷумла фарҳанги давлатдории тоҷикон, ки соҳибмактаб буданду дар сарнавишти халқи тоҷик нақши боризу созанда гузоштаанд кам нестанд. Махсусан, дар таърихи дарозои мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон шахсиятҳо ва чеҳраҳои зиёди мондагоре ҳастанд, ки бо таъкиди худи Пешвои муаззами милат «ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад» (Чеҳраҳои мондагор. - Д., 2016, саҳ. 3). Мо метавонем як зумраи онҳо, бавижа Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Исмоили Сомонӣ, шумораи зиёди мутафаккирону адибони тоҷик, бахусус Рӯдакию Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Гафуров, Нусратулло Махсум, Широншо Шотемур, Чинор Имомов ва дигаронро номбар намоем, ки ҳар яке бо кору корнамоӣ, шуҷоату далерӣ, фазлу дониш, бузургию тавонмандӣ, ҷонсупорию истиқлолхоҳӣ, талошу мубориза дар саҳфаи таърихи тӯлонии мо ҷойи ифтихориро ишғол менамоянд.
Аммо, ба назари мо, вобаста ба нақши мондагоре, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, хатару таҳдидҳои миёншикану қисматсӯз мақоми се давлатсолору давлатдори тамаддуни давлатдории тоҷикӣ-форсӣ ё ориёӣ аз замонҳои қадим то имрӯз – Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус ва аммияти барҷастаи омӯзиширо соҳиб мебошад. Ҳар се ин чеҳра дар саргаҳи истиқлоли сиёсию давлатӣ, баҳамоии мардуми ориёӣ, ягонагию ваҳдат, оғози як марҳалаи бузурги рушду созандагии мардуми ориёӣ истода, ба рағми ҳама ситезандагони ин ақвоми таърихсозу тамаддунсоз марҳалаҳои нав ба нави таърихро паси сар кардаанд ва аз арсаи таърих берун нарафтанд.
Пешвои муаззами миллат доир ба ду мактаби аввали давлатдории аҷдодӣ менависанд: «Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондустӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии Ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории аҳди бостон башумор меравад». (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016.-С.21.)
Ё дар васфи Исмоили Сомонӣ мефармоянд: «Бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ- абармарди хирад ва сиёсат буд» ва идома медиҳанд: “Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, онҳоро бо арзишҳои тамаддуни гузаштаву мавҷудаи давр омезиш дод. Дар натиҷа, ин низом таҷассумгари арзишҳои беҳтарини давлатдорӣ ва ба эътирофи аксари донишмандон, мутамаддинтарин давлати замони худ гардид”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016.-С.210).
Бояд гуфт, ки ин сифатҳо ва корномаҳо ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат низ бевосита рабт доранд ва мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳз аз ҳамин ду мактаби бузурги аҷдодӣ маншаъ мегирад. Инро сиёсатмадорони шинохтаи дунё ва роҳбарони эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ, донишмандону коршиносон борҳо эътирофу иброз намудаанд. Таҷрибаи давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, наҷоти миллат ва сулҳу ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо ба адабиёти таълимии давлатдории ҷаҳонӣ ворид гардидааст. Оини сарварии мактаби давлатдории Пешвои миллат аз афкору андешаи миллӣ, суннату анъанаҳои давлатдории ниёгонамон, афкору андешаҳои мутафакирони халқи тоҷик сарчашма мегирад ва ба он такя менамояд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари дунёи мутамаддин ба сифати чеҳраи баргузидаи сиёсӣ аз ҷониби қонунҳои байналмилалӣ ва сарварони кишварҳои хурду бузург бо ихлосу иродат эътироф гардида, мавқеъ ва равишҳои усулии сиёсати Пешвои миллати тоҷикон пазироӣ ва мақоми арҷманде ба даст овардааст.
Воқеан 33 сол пеш, “16 ноябри соли 1992 дар гармҷӯши рамзҳои манҳуси ояндакуш, дар сарҳадди ҳаёту мамоти миллати тоҷик” интихоби вакилони халқ аз номи мардум интихоби саҳеҳ, интихоби мувофиқ ба армонҳои ҷомеаи тоҷикон, интихоб ва фиристодаи таърих ва тамаддуни шашҳазорсола буд.
Ба гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ “Фиристода бояд ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад”. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, фиристода дар мураккабтарин ва сангинтарин лаҳзаҳо омад ва бо сарварии ӯ сахтарин садду ҳоилҳо барандохта шуд, бо хайрхоҳону нохайрхоҳон ба музокирот нишаст, ба размандагону ниқорҷӯён дасти сулҳу салоҳ дод, рафтагонро дубора бозгардонд ва парокандагонро дигарбора пайванд намуд. Ин рисолати таърихиро Пешвои миллат ҳамчун фиристода ва интихобнамудаи халқ бо сари баланду ҳиммати мардона то имрӯз ба дӯш доранд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нахустин тоҷике дар таърихи навини миллат мебошад, ки дар маснади роҳбарӣ аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овард, ки бо моҳият ва арзишмандии хеш худшиносии тоҷиконро вусъати тоза дода, дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба миён овард. Ҳамзамон паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор дод ва ба рағми тоҷикситезиҳо ва кӯтоҳбиниҳо бо хираду ҷасорати камназир Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги таърихию фарҳангиаш ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати миллӣ дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон аз мақоми арҷманде бархурдор намуд. Истилоҳоте аз қабили “истиқлолияти давлатӣ”, “истиқлоли сиёсӣ”, “истиқлолияти иқтисодӣ”, “истиқлолияти фарҳангӣ”, “истиқлолияти энергетикӣ” ва чандин истиқлолиятҳои дигар, ки мо имрӯз истифода менамоем, дар зиндагии мардуми мо роҳ ёфт ва нуфуз пайдо кард.
Муҳтавои асосии фарҳанги давлатдории Пешвои миллатро “фарҳанги сулҳ”, “фарҳанги ваҳдат”, “фарҳанги ягонагӣ”, “фарҳанги созандагӣ”, “фарҳанги ободгарӣ” ва чандин фарҳангҳои дигар, ба мисли худшиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худогаҳӣ, ифтихори миллӣ, тоҷик будан, хирадгаройӣ, адолатпарварӣ, мардумсолорӣ, арҷгузорӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷасорату мардонагӣ, ифтихормандӣ, забондонӣ, ҳамқадами ҷаҳони муосир будан, ҷаҳонбинии илмию тафаккури техникӣ ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд.
Дар муддати 34 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоии Пешвои миллат халқи тоҷик роҳи садсолаҳоро тавонист дар даҳсолаҳо тай намуда, дар қаламрави таърих фурсатро ба саҳнаи корзорҳо табдил диҳад. Пешвои муаззами миллат доир ба ин роҳи 34 -солаи тайнамуда худ таъбире доранд: “марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кутоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳимми тақдирсози халқи мо мебошад”. Дар баробари ин дар низоми фарҳанги давлатдории Пешвои муаззами миллат баробари масоили дохиликишварӣ масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ғунҷоиш ёфтаанд, ки дар роҳи ҳаллу фасли онҳо ҷумҳурии тозаистиқлоли мо бо Сарвараш фаъолона ширкат намуда, барномаву тадбирҳои судманде манзур менамояд.
Хулоса, мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат марҳалаи комилан нав дар силсилаи давлатдории халқи тоҷик буда, исботи айнии соҳибдавлату соҳибтаъриху соҳибтамаддун ва анъанаҳои волои давлатдории ин халқ мебошад. Нақши созандагии мактаби давлатдории Пешвои миллат имрӯз инъикоси айнии худро дар раванди ташаккули низоми қонунгузорӣ, идорӣ, бунёдкорию созандагӣ, аз парокандагию вомондагӣ баровардани ҷумҳурӣ, ҳалли масоили зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, дастовардҳои тоза ва ҷашмрас дар давоми ҳамагӣ се даҳсола ва ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил фаъолона ширкат намудани он дар арсаи байналмилалӣ пайдо намудааст.
