ИШТИРОК ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА

         Рузҳои 09-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Москва конфренсияи илмии байналмиллалӣ таҳти унвони «Ташаккул ва таъғийрот дар низоми байналмиллалии сиёсӣ. Таҷрибаи таърихӣ дар шароити муосири тартиботи ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур олимон аз Англия, Франсия, Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Зимбабве, Ирландия, Эрон, Тунис, Африқои Ҷанубӣ, Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар конфронс номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ғафуров Абдулло Мутиуллоевич ширкат варзида дар мавзӯи “Таъсиси сохтори нави сиёсии Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ” маърӯза намуд. Дар конфронсия масъалаҳои тартиботи нави сиёсӣ пас аз сулҳҳои Версал ва Ялтаву Потадам, вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар замони мубориза баҳри тартиботи нави коллективӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1_4.jpg  3_4.jpg 2_3.jpg