RU
Дар Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабусси шӯъбаи мардумшиносӣ ва Осорхонаи мардумшиносӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ “Панҷакент –шаҳри ҷаҳонии ҳунари дастӣ: ҳунар ва мероси сӯзанидӯзӣ” баргузор гардид.
Дар он антропологҳо ва мардумшиносони Тоҷикистон иштирок намуданд. Шаҳри қадимаи тоҷикон Панҷакент дар водии Зарафшон 21 октябри соли 2025 бо ташабуси Шӯрои байналмиллаии ҳунармандӣ (WCC) ЮНЕСКО “Панҷакент –шаҳри ҷаҳонии ҳунари дастӣ: барои санъати сӯзанидӯзӣ” эълон гардид. Аммо таърих ва рамзи гулдузии маҳаллии Болооби Зарафшон, хусусан сӯзанӣ, бо вуҷуди мавҷудияти маводҳои бойгонӣ ва маълумотҳои илмӣ мукаммал омӯхта нашудааст.
Дар конференсия масъалаҳои муҳими илмӣ, тарҳи сӯзаниҳои Болооби Зарафшон, рамз ва ҳамбастагии он бо тасвирҳои асри миёнагии Суғд, муҳокима гардиданд.