РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ – КАЛИДИ ПЕШРАФТИ ҲАМАИ СОҲАҲО
“Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (санаи 28-уми декабри соли 2023) таъкид карданд. Дар Паём таваҷҷуҳ ба сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он таваҷҷуҳ шуда, зикр гардидааст, ки сатҳи рушди он барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Табиист, ки рушди сармояи инсонӣ бе мактабу маориф ва шароити арзандаи таҳсил муяссар нахоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст ва дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Ҳамчунин дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ин ва дигар омор нишон медиҳанд, ки воқеан Тоҷикистон кишварест, ки ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд дорад ва аз ҳисоби буҷет маблағи зиёд ҷудо мекунад.
Бояд зикр кард, ки дар Паём дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки “ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд”.
Дар ин баробар, хотирнишон карда шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир низоми маорифи мустаҳкам ва ба талаботи замони мусир ҷавобгӯро тақозо мекунад. Эътибори ҷиддӣ ба омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, омӯзиши имлҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ аз муҳимтарин вазифаҳои масъулони соҳа арзёбӣ гардид.
“Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат. Дар ин баробар, масъулонро уҳдадор карданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.
Шоистаи зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи хооса дошта, барои пешрафти ҳама самтҳои он барномаҳои дахлдорро амалӣ менавмояд. Ба таври мисол, дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш (1-уми сентябри соли 2023, ноҳияи Данғара) Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд”. Ин иқдомест, ки ҷиҳати муаррифии таърихи беш аз шашҳазорсола ва арзишҳои асили миллати тоҷик шароити боз ҳам мусоид фароҳам меоварад.
Хулоса, чунон ки Пешвои миллат дар Паём зикр карданд, “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”. Аз ин рӯ, ҳамаи мо – кормандон ва масъулони соҳаро мебояд, аз имконоти мавҷуда истифода карда, ҷиҳати рушди бештари сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноки он ба суди миллат ва мардуми кишвар талош намоем ва дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятиву фарҳангии кишвари худ саҳмгузор бошем.
 
Р. УМАРЗОДА,
ходими хурди илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ
 ва мардумшиносии ба номи А. Дониши
 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон