МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МУАРРИХ”-И ҲХДТ
Дар таърихи 7-уми феврали соли 2024 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ бо иштироки ҳайати кормандон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид. Маҷлисро Раиси ТИ “Муаррих”-и ҲХДТ Убайдулло Насрулло Каримзода оғоз намуда, дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023 ҳисоботи муфассал доданд. Сипас, фикру пешниҳоди аъзоёнро Раиси ТИ “Муаррих”-и ҲХДТ Убайдулло Н.К. муҳокима намуда, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии «Муаррих» барои соли 2024-ро барои тасдиқ пешниҳод намуданд.
Доир ба шарҳу тавзеъи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи мудири шуъбаи таърихи навтарин А. Ғафуров шунида шуд. Ин чунин барои муарифӣ ва бедор кардани ҳофизаи таърихии шаҳрвандон ба масъулон супоришҳои махсус дода шуд.