АРТИШИ МИЛЛӢ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
 
Абдурашитов Ф.М., сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор,
узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федерасияи Россия
Дар охири асри ХХ дар таърихи сиёсии ҷаҳон тағйироти кулли ба амал омад. Яке аз давлатҳои абадқудрати олам ИҶШС пароканда шуд. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ин сана дар ҳаёти сиёсии тоҷикон таърихи навтарин оғоз гардид.
Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (соли 1991) Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд институтҳои давлатдориашро муқаррар мекард. Боиси қайд аст, ки ба вазъи ҳарби сиёси – Ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат Интихоби Президент, Конститусия, Парлумон, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ таъсис дода шуд.
Аксарияти давлатҳои навтаъсиси мустақили собиқ ИҶШС баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарби дошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Бояд махсус таъкид намуд, ки ғайр аз Тоҷикистон давлатҳои навтаъсис Артиши Миллии худро аз ҳисоби ҷузъу томҳо, васоити техникии ҳарбӣ мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангии дар Артиши собиқ Шӯравӣ бударо «мерос» гирифтанд.
Назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод Тоҷикистон базаи мустаҳками ҳарбӣ қариб, ки надошт. Инро дар норасоии кадрҳои касбии ҳарбӣ, афсарони таҷрибадор, ва мутахассиони баландрутба- генералҳо мушоҳида кардан мумкин буд. Аммо ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як Артиши касбии минтака ташаккул ёфта минбаъд давра ба давра бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи замонавӣ амали карда шуд.
Хусусияти хоси ташаккули Артиши Миллии Тоҷикистон боз дар он буд, ки афсарон ва сарбозон таҷрибаи ҷангӣ ва санъати ҳарбиро дар давоми сангарҳо ҷангидан гирифта буданд ва ба танзими сохтори ташкилии ҳайъати шахсӣ машғул шуданд.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Давраи якум аз соли 1992 -        Таъсиси Комитети Мудофиа – то моҳи июни соли 1997 ро бар гирифта мақсади асосии давраи аввал сохтмони Артиши миллӣ, ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, як порчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумииҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳими ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Давраи дуюм аз соли 1997 оғоз гирифта то соли 2005ро фаро мегирад. Давраи мазкур аз азнавташкилдиҳии сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО) оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима бахшид.
Вазифаи асоси ин давра такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ—Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаиз иддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Ва ниҳоят давраи сеюм аз соли 2005 то ин ҷониб барои азнавсозӣ , мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии ҚМ шароит фароҳам овард. Ҳамин тариқ дар давоми зиёда аз соли 30 соли истиқлолият Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои сохтмони ибтидои ҷузъу томҳо (1992-1997), ташаккули Артиши Миллӣ ва ташкили навъҳои қӯшунҳо (1997-2005)[1][1] ва давраи ислоҳот, ки аз 15 октябри соли 2005 оғоз гирифта то ҳоло идома дорад, марҳилаи рушд, таҳкиму тақвият бахшидан ба сохторҳои навтаъсисро аз сар гузаронид.
Бояд зикр намуд, ки ислоҳот ба такмилу рущди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба иҷрои муваффақонаи супоришҳо баҳри таъминиҲифзи Ватан, хусусан ташкили Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддӣ ҳавоӣ назорати доимии марзи ҳавои кишвар мусоидат намуд.
     Ҳануз 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуда буд.
     Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститусионӣ ташкил дода шуд. Ҳамин тариқ рӯзи 23 феврали соли 1993 бори аввал бо иштироки қисмҳои ҳарбй аз чузъу томҳои навтаъсиси ҳарбй дар майдони «Дустӣ»-и пойтахт паради ҳарбӣ баргузор шуд. Ин нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ буда айнан дар хамон майдон 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ собиқ Вазирони Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустаъфӣ А.В.Шишлянников, генерал-полковник Хайруллоев Ш.Х., собиқ муовинони Вазири Мудофиа генерал Чубаров А.С., генерал-майори мустаъфӣ Шералиев Н.Ш., Хабибов А.Ҳ., Файзиев Л., Турдиев Т., генерал-майори авиатсия Грудина В., генерал лейтенант Адхамов Ғ., полковникҳо Раҷабов Р., Раҳимов Ф., Ҳаётов Н. саҳми арзанда гузоштанд. Дар кори ташкили Вазорати Мудофиа генерал-лейтенантҳо Р. Раҳмонали, Ш.Мирзо, генерал-майорҳо Т.Тошмухаммедов, А.Н. Қаюмов, Н.Тоҳиров,Ш. Саидамиров, Ю Муродов, Ҳ. Одинаев, А. Ҷалолов ва полковникҳо Б. А. Муминҷонов, М. Нозилов, М. Ризоев, Д. Дилдорбеков, В. Рахматов, М. Додобоев,С. Саидакрамов, Л.Г. Маъруфӣ, Б. Шукуров ва дигарон назаррас аст.
Соли 1993 дар асоси қисмҳо, ҷузъу томхои мавчуда, асоситарин ва сершумортарин навъи қушӯн-Қушӯнҳои хушкигард таъсис ёфт.
Давоми зиёда аз 30 соли мавҷудияти Артиши миллии Тоҷикистон дар натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон хеле пеш рафт, такмилу таҳким ёфт, заминаҳои моддию техникии он мустаҳкам гардид. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ се навъи қушӯн – Қушӯнҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушӯнҳои зудамал созмон ёфтанд. Тадриҷан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаматарафа аз нав бунёд гардида дар сафи он сохторҳои наву замонавӣ таъсисдода шуд. Аз ҷумла қисму ҷузъу томҳои десанти ҳавоӣ, муҳандисию сапёрӣ, сохторҳои таъминоти ақибгоҳӣ, сохтмонӣ, тиббӣ, таълими ҳарбӣ ва монанди инҳо барпо карда шуд
Қӯшунҳои хушкигард ду бригадаи тирандозии моторикунонидашуда, бригадаи десантии забткунанда ва артиллериро дар бар мегирад. Ғайр аз он баталиёни Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои дастаҷамъии зудамали Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Ташкилоти шартномаи дастаҷамъии бехатарӣ шомил аст.
10 апрели соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баталёни таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571) -и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бригадаи махсуси Вазорати мудофиа табдил ёфт[2][2].Аз рӯзҳои аввали фаъолият сохтори мазкур аз санҷишҳои ҷиддии Ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, бригадаи махсус боварии Сарвари давлат ва мардуми кишварро ба даст овард. Бо назардошти дастовардҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ бо Фармони Президент аз 17 январи соли 1995 бригадаи махсус ба Гвардияи Президентӣ табдил дода шуд.
Ислоҳоти ҳарбӣ , таъсиси сохторҳои нави Артиши Милли марҳила ба марҳила идома дошт. 26 январи соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуд.
Дар ибтидои ташаккули Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ таркиби ин сохтор аз чархболҳои МИ-8 ва МИГ-24 иборат буд. Нахустин парвози МИГ-24 дар фазои Тоҷикистон соли 1993 оғоз гардид . Баъдан қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ба иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазмин, дар амалиётҳои ҷангӣ истифода шуданд. Ҳайати шахсии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар солҳои 1993-1997 дар зиёда аз 60 амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки мутахассисони соҳаи ҳавонаварди ҳарбӣ асосан дар мактабҳои олии ҳарбии берун аз кишвар ва дар Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад. Нахустин мутахассисони маҳаллии ҳавонаврдони ҳарбӣ баъд аз 4 соли таҳсил соли 2008 ба ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавои шомил гардиданд.
Дар ташкилдиҳии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ генерал-майорҳо Грудина В.М., Толебаев Қ.Н., полковникҳо Гадоев М.Г., Қурбонов Т.П.. Леветский Б.А., подполковникҳо Қобилов С.Т., Ойев З.Т., Назаров Д. саҳми арзанда гузоштанд[3][3].
Дар Точикистон Барномаи бунёди марҳила ба мархилаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тахҳия ва амали гардид, ки ин ду давра- солҳои 1995-1997 ва 1998-2000- умро дар бар гирифта, таъсиси Артиши миллиро ба пояи асосноки илмй гузошт[4][4]. Дар ин давра сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Кувваҳои харбй- ҳавой, Донишгоҳи ҳарбӣ, Коллеҷи олии харбй, шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор дигар қисмҳо, ҷузъу томҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Нахустин мактаби касбии ҳарбӣ дар Тоҷикистон Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 №УП-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ташкил карда шуд.
Дар Тоҷикистон ду макотиби омӯзиши ҳарбӣ - Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиа ва Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа ба номи генерал-майор Тошмуҳамадов фаъолият менамояд. Муддати таҳсил дар донишкадаи ҳарбӣ 4 сол буда баъд аз хатм афсарон бо унвони лейтенант ба қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Амнияти Миллӣ равона карда мешаванд.
Дар тайёр намудани афсарони касбӣ нақши Донишкадаи ҳарбӣ беназир аст.
         Минбаъд дар Тоҷикистон сафи афсарони касбии Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола наздики 200 нафар афсарони касбӣ онро хатм менамоянд, ҳудуди се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Ҳамин тариқ, масъалаҳои таъмин намудани кадрҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати Президенти малакат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар ягона Мактаби Олӣ – Донишкадаи ҳарбӣ ҳазорҳо афсарон тайёр карда шуда ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ равона карда шудаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Муштараки Манофеъ, дар доираи Ташкилоти Шартномаи Бехатарии Дастаҷамъи фаъолона ширкат намуда маҳорати ҳарбии афсарон ва сарбозонро такмил медиҳад. Гузаронидани 3-6 апрели соли 2007 машкҳои ҳарбии “Марз:—2007» дар худудй чумхурй мақоми Тоҷикистонро дар ин ташкилотҳои бонуфузи ҳарбӣ сиёсӣ нишон дод.
Дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамаи ҳолатҳои душвор мардонагӣ , таёрии хуби ҷанги нишон доданд. Аксарияти онҳо барои ҳифзи истиқлолияти давлат, ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисори намуданд. Воқеаҳои 19 сентябри соли 2010 дар минтақаи Рашт, моҳи сентябри соли 2012 дар Хоруғ ва 4- сентябри соли 2015 дар ш. Душанбе ва дараи Ромит содиршуда нишон доданд, ки Артиши Миллии Тоҷикистон ба муқобили ҳама гуна амалиётҳои зиддидавлатӣ, террористӣ ва дигар кирдорхои ғайриқонунӣ имконияти бартараф намуданро дорад. Зиёда аз ин афсарон ва сарбозони тоҷик вазифаи муҳими муборизаи беамонро бар зидди экстремизм ва қочоқи маводи муқадирро иҷро менасмоянд. Мутаассифона дар ҷараёни ин муборизаҳо Артиши Миллӣ афсарон ва сарбозони содиқи худ - полковник Маҳмудов Абдуҳаким, подполковник Сайвалиев Акрам, майор Солеҳов Алишер, капитан Саидов Саидҷамол, капитан Исоев Наврӯз, лейтенант Гиёев Давлатҷон, сарбозон Раҳимов Фирдавс ва Ёров Низомиддин баҳри ҳифзи Ватан ҷони худро нисор намуданд.
Ҳамин тариқ дар давоми 30 соли фаъолият ва бурду бохт дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар Комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар муносибатҳои ҳарбӣ техникӣ дар чорчубаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба Тоҷикистон фаъолона ширкат мекард. Танҳо дар соли 2001 Вазирони мудофиаи ИМА, Фаронса ва Ҳиндустон ба Точикистон сафархои расмй доштанд[5][5].
Вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон барои пешгирӣ намудани ҳамагуна ҳаракатҳои вайрон намудан ва дахолат намудан, вазъи сиёсии минтақаро ноором сохтан ҳамбастагии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи (СААД)ро талаб мекард, ки як мақомоти доимоамалкунанда таъсис карда шавад. Аз ин рӯ Шӯрои Вазирони Мудофиаи аъзоёни СААД дар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъи 28 апрели соли 2003 “Дар бораи таъсиси Ситоди муттаҳидаи СААД” ро таъсис доданд. Аз рӯзи таъсиси ин Ситод то моҳи июни соли 2004 Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири мудофиа генерал-лейтенант Надиров Р.Х ин мақомотро сарвари намуд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
   Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Точикистон қаҳрамониҳо ва хизматҳои содиқонаи афсарон ва сарбозони Артиши Миллиро қадрдонӣ менамояд. Дар тӯли 20 соли мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ, аз соли 1993 то соли 2013 зиёда аз ҳазор нафар хизматчиёни харбӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бо рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шудаанд.
   Танҳо бахшида ба 20 солгарди Артиши Миллӣ барои хизматхои намунавй ва Часорату фидокорй се нафар хизматчиёни харбй бо ордени Спитамен дарачаи 1 ва 2, бо ордени Шараф 3 нафар, бо медали Ҷасорат 7 нафар, бо медали Хизмати шоиста 3 нафар ва бо Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон 4 нафар сарфароз гардонида шуданд[6][6].
Дар даврони истиқлолият аз ҷониби Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқии фаъолияти мунтазами Артиши Миллӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайъати шахсӣ як қатор қонунҳои дахлдор қабул гардид. Барои ба танзим даровардани таъминоти мудофиавии кишвар, пеш бурдани сиёсати давлатӣ, амали гардонидани ваколатҳои мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ дар давоми 15 соли охир зиёда аз 400 қонун, фармон ва амрҳои Президент интишор шудаанд. Хамаи ин аз он далолат медихад, ки Сарвари мамлакат, асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон Э. Рахмон барои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ахамияти аввалиндарача дода хамачониба ғамхорӣ мекунад.
 
 

[1]Ҳомии Ватан . 12 феврали соли 2016
[2]Ҳомии Ватан. 20 25 апрели соли 2003.
[3]  Ҳомии Ватан. 15 апрели  соли 2014.
[4] 20 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон. Душанбе.2013. с26.
[5] 20 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон. Душанбе.2013. с28
[6] Бойгонии Маркази матбуоти Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳисоботи соли 2014.