Азизуллозода Майсара Нурулло
ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи илм ва техника
САҲМИ АКАДЕМИК Е. Н. ПАВЛОВСКИЙ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИКИСТОН
«Ҳисоб кардан душвор аст, ки шуруъ аз соли 1908, чанд маротиба ба ман лозим омад, ки ба Осиёи Миёна ҳамчун роҳбари экспедицияҳои паразитологй сафар кунам. Вале кори аз ҳама дилкаш барои ман дар Тоҷикистон буд».
(Е.Н.Павловский)
Тибби халқи тоҷик таърихи қадим ва бошараф дошта, фарзандони бузурги он чун Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва садҳои дигар бо кашфиёт, илм, фаъолияти амалӣ ва асарҳои хеш ҷаҳонро тасхир кардаанд. Асарҳои ин олимони тоҷик солҳои дароз китоби болоимизии олимони Аврупо буд ва дар умум аҳли башар аз осори илмии олимони асримиёнагии тоҷик баҳравар мешуд.
Бо гузашти айём Тоҷикистон диққати олимони миллатҳои дигарро ба худ ҷалб намуд ва онҳо дар пешрафти илми Тоҷикистон саҳмт назаррас гузоштанд. Олими бузурги рус Евгений Никанорович Павловский аз ҷумлаи чунин олимҳост. Ӯ барои рушду нумуи илмҳои тиб, биология ва паразитологияи тоҷик ва ҷаҳон хизмати шоиста кардааст. Мавсуф такдири худро солҳои зиёд бо Тоҷикистон алоқаманд кард. Е.Н. Павловский соли 1928 барои муолиҷаи эпидемияи вабо, вараҷа, домана ва дигар касалиҳои сирояткунанда ба кишвари мо омад.
Соли 1928 Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон ба Ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки дар пешгирӣ ва табобати беморону дармондагон кӯмак расонад. Сабаби даъвати ин гурӯҳ аз Москва, вусъат ёфтани касалиҳои чечак, сил, вараҷа, домана ва дигар касалиҳои сирояткунанда дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Пеш аз ҳама, ба аъзоёни экспедитсия лозим меомад, ки марказҳои касалиҳои гуногуни сироятиро дар Тоҷикистон муайян намуда, нақша тартиб диҳанд ва барои муолиҷаи онҳо тавсияҳои амиқ ва фойдаовар пешниҳод намоянд.
Академики Академияи фанҳои СССР, академики Академияи фанҳои тиббии СССР, Каҳрамони Меҳнати Социалистӣ, генерал-лейтенанти хизмати тиббӣ, Академики фахрии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, президенти ҷамъияти географӣ дар СССР - Е.Н. Павловский ба экспедицияи паразитологии Точикистон, ки соли 1928 ташкил шуда буд, роҳбарӣ мекард. Вай дар гармии тоқатфарсоии кишвари офтобии мо, бо роҳҳои санглоху касногузар, савора дар асп ба тамоми ҷумҳурӣ сафар карда, беморонро бо ҳамсафаронаш муолиҷа менамуд ва амалиётҳои ҷарроҳии оддиро мегузаронид. Ӯ ба хотири муолиҷаи беморон аз хатар бар ҷони худ тамоман фикр намекард. Баъзе аз босмачиҳое, ки аз тарси Армияи Сурх дар ғору кӯҳҳои водиҳои ноҳияҳои кӯҳӣ панаҳ оварда буданд, ба ӯ як чанд маротиба таҳдид намуда, ӯро ба бединӣ муттаҳам карда буданд. Вале ӯ аз тоифа наҳаросида, бо онҳо ботамкин ва оромона сухан мегуфт. Е.Н. Павловский танҳо дар давоми ин экспедитсия зиёда аз 3000 нафар беморонро қабул карда, харитаи касалиҳои эпидемиологии ноҳияҳои куӯҳистонро тартиб дод: дар куҷо, дар кадом қишлоқ чанд бемор аст, аллакай медонист. Ин барои он зарур буд, ки дар оянда чунин экспедитсияҳо мақсаднок сафарбар карда шуда, аз мутахассисони мушаххас иборат бошанд.
Евгений Никанорович бори аввал дар Тоҷикистон касалии фил (Elepnantiasis аrавium)-ро, ки ба Африқои экваторӣ хос буда, хомӯшакҳо барангезандаи ин беморӣ маҳсуб меёбанд, тавсиф кард. Аъзои экспедитсия ин бемориро дар деҳаи Ромит ба қайд гирифта, дарҳол ба муолиҷаи беморон шуруъ намуданд. Аз ҳама тафтишовар авҷ гирифтани бемории домана дар байни кӯдакон буд, ки аксарияти онҳо аз ин беморӣ мефавтиданд ё ин ки нобино мешуданд. Бо мӯҷиби вуҷуд надоштани беморхонаҳо аҳолии ноҳияҳои кӯҳистон ба муллоҳое, ки бесаводона ба хунгирӣ машғул буданд, муроҷиат менамуданд, ки ин ҳолат хатари авҷ гирифтани ин бемории сироятиро боз ҳам меафзӯд. Зеро муллоҳо аз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қавоиди одитарини санитарӣ, ҳангоми истифода аз ин усул хуни беморро ба шахсони солим мегузарониданд.
Ноҳияи Ҳисор, ки минтақаи шолипарварӣ буда, қамишзорҳои буғ ва намноки зиёд дошт, аз ҷиҳати авҷ гирифтани бемории домана аз ҳама минтақаи хатарнок ба ҳисоб мерафт.
Соли 1929 бо ҷидду ҷахди Е.Н. Павловский дар Душанбе маркази ҷумҳуриявии касалиҳои вараҷа ва паразитологӣ ва соли 1931 Институти тропикӣ ташкил карда шуд. Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи ӯ дар як муддати кӯтоҳ масъалаи ошкор кардан ва безарар гардондани бемориҳои вараҷа ва домана ҳалли худро пайдо кард.
Бо роҳбарии олим воситаҳои самарабахши муолиҷаи захмҳо бо истифода аз мумиё ташхис гардида, дар муолиҷаи шикастагиҳо, пораҳо ва захмхҳои кушода, ки табобаташон ниҳоят душвор аст, табибони тоҷик низ фаъолона ширкат доштанд.
Илова бар ин, ба шарофати бозёфтҳои илмии олимони тибби тоҷик, ки дар он солҳо ба даст оварда буданд, дар раванди муолиҷаи бемориҳои сироятӣ антисептики нодир – равғани арча васеъ истифода бурда мешуд.
Ба Евгений Павловский барои комьёбиҳои барҷастаи илмӣ дар соли 1951 унвони фахрии Академики Фанҳои РСС Тоҷикистон дода шуд.
«Ҳастии инсон абадӣ нест – муҳим офаридаҳои
ӯст, ки пас аз ӯ боқӣ мемонад».
(Е.Н.Павловский)