RU
ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ “ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҚАРИНАИ ТАЪРИХНИГОРИИ МУОСИР: ДАВРАИ ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА ВА НАВ”
28 ноябри соли 2025 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 55- умин солгарди фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов таҳти унвони “Таърихи халқи тоҷик дар қаринаи таърихнигории муосир: давраи қадим, асрҳои миёна ва нав” бахшида шуд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки фаъолияти илмии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори таърихнигории тоҷик мебошад. Саҳми устод дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихнигории таърихи халқи тоҷик ва пешрафти илми таърихнигории миллӣ хеле назаррас буда, китобу мақолаҳои илмиашон дар дохил ва берун аз кишвар мавриди эътирофи мутахассисон ва дӯстдорони таърих гардидаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки устод Саидов Абдуқаҳҳор муаллиф ва ҳаммуаллифи 26 рисолаи илмӣ, китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ буда, зиёда аз 150 мақолаи илмии ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар дар маҷмуаву маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои калони илмии ӯ доир ба таърихи Фарѓона соли 2011 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо забони англисӣ нашр гардидааст. Дар бисёр симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва мамолики дигар баргузор гардидаанд, ширкат варзида, суханронӣ намудаааст. Бобҳои чаҳорум ва панҷуми ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2013) ва боби дуюми ҷилди чоруми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2010) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Дар кори ин ҳамоиши илмию назариявӣ донишмандони собиқадор ва пажуҳишгарони ҷавон дар мавзуҳои гуногун суханронӣ намуданд.
