Абдураҳмон Пӯлотов
Директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
БАРОИ ҲИФЗУ ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ БОСТОНИИ ХЕШ МАСЪУЛ ВА САҲМГУЗОР БОШЕМ!
(бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30.05.2024)
 
Замони муосир бо падидаҳои ғайричашмдошту тағйироти мунтазами иқлимиву геосиёсӣ ҳар як сокини сайёраро водор месозад, ки беш аз пеш дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои умумибашарӣ ва, дар ин замина, арзишҳои миллӣ, ҳушёриву зиракии худро мустаҳкам намуда, барои тақвияти муносибатҳои мутақобилаи инсонҳо, ҳифзи муҳимтарин арзишҳои инсонӣ, ҳифзи муҳити атроф, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва манофеъи миллии хеш саҳми арзанда гузорад. Илм дар ташаккули инсоният ва пойдории ақли солим дар ҷомеъа ҳамеша нақши созгор дошта, он ба мо кӯмак мекунад, то мо ҷаҳонеро, ки дар он зиндагӣ мекунем, бифаҳмем ва мушкилоти зиёдеро, ки дучор мешавем, ҳал намоем. Илм ва техника ба мо барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва тараққӣ додани иқтисодиёт кӯмак мерасонад. Маҳз ҳамин омилҳост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презединти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам бо зиёиёни кишвар мулоқотҳо ташкил намуда, аз дастовардҳои илму фановарӣ натиҷабардорӣ менамоянд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 30-уми майи соли 2024 низ Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуда, аз фаъолияти соҳаҳои илм ва маорифи кишвар натиҷабардорӣ намуданд. Ва дар ин замина дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои илм ва маорифи кишвар ироъа шуданд. Дар суханронии Роҳбари давлат дар баробари илмҳои риёзӣ ва табиатшиносӣ инчунин ба соҳаи илмҳои ҷомъиятшиносӣ низ таваҷҷуҳи хоса дода шуд, ки метавон баъзе аз паҳлӯҳои онро дар ин матлаб мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар суханронии Пешвои миллат гуфта шуд, ки “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”.
Бояд иброз дошт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккул ва тақвияти худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, ки ба шарофати онҳо мероси гаронбаҳои аҷдодии мо, мероси илмиву адабии бузургони мо дар доираи умумибашарӣ шоиставу сазовор муаррифӣ мешаванд ва дар ташкил, таҷлил ва муаррифии сатҳи ҷаҳонии онҳо нақши Пешвои миллат бузург аст. Ин гуфтаҳо кайҳо боз дар сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар собит шуданд.
Дар саросари кишвар кушодани дари даҳҳо осорхонаҳо, ба монанди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, бунёди бинои наву замонавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъсиси як қатор осорхонаҳои дигар дар марказҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи махсус доштани Роҳбарияти олии кишвар дарак медиҳад, ки ин навъи сиёсат  ҳануз дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ аён гашта буд. Бояд инро ҳам ёдовар шуд, ки Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз авввалин намунаи осорхонаи миллӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки  дар ифтитоҳи расмии он Пешвои муаззами миллат шахсан ширкат варзиданд ва бо ин амалкард аз шоҳкориҳои чандинҳазорсолаи аҷдодонамон ҳифозат намуданд. Ва ин воқеаи таърихӣ ҳанӯз дар хотираи собиқадорони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихори хоса сабт шудааст. Маросими ифтитоҳи Осорхона ба арафаи 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада буд.  7-уми сентябри соли 2001 Пешвои миллат пешниҳодоти шодравон академик Раҳим Масовро дастгирӣ намуда, расман ба фаъолияти Осорхонаи миллии бостонӣ рӯй оварданд, ки дар маросими расмии ифтитоҳи он ҳамчунин аҳли зиёи кишвар ширкат варзида буд. Дар доираи ифтитоҳи ин даргоҳи илму фарҳанг Роҳбари давлат иброз намуда буданд, ки бо ифтитоҳи Осорхонаи мазкур “....боз як орзуи деринаи зиёиён, олимон ва тамоми мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ҷомаи амал мепӯшад”.
Дар ҳақиқат, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон на танҳо ганҷинаи фарҳанги моддии ҷумҳурӣ гардид, инчунин тавонист муаррифгари илмҳои таърихнигорӣ ва бостоншиносии кишвар бошад, ки метавонад мероси моддии кишварро ҳам барои ҳамватанон ва ҳам барои меҳмонони хориҷӣ маррифӣ намояд.
Асри нави технологияи информатсионӣ ва фазои иттилоотии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мо ҳарчи зудтар имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, таърих, фарҳанг, забон ва суннатҳои аҷдодии хешро ҳифз намоем.
Зарурати омӯзиши таърих дар ҷаҳони муосир ин аст, ки таърих умуман ҷаҳонбинии инсонро васеъ мекунад. Мо бо омӯхтани равандҳои таърихӣ дар соҳаи маданият, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва дигар илмҳо дониш пайдо мекунем. Мо аз аҷдодони худ мероси ғанӣ дорем ва таърих барои дарки он ба мо кумак мекунад. Насли муосир бояд таърихро донад, то дар асоси дониш ва далелҳои муайяни таърихӣ ба вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон баҳо дода, нақш ва аҳамияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ дарк намояд.
Кори осорхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-равшаннамоиро дар кишвар метавон ҳамчун шарти муассири педагогии раванди ташаккули маънавию ахлоқии шахсият, воситаи босамари тарбияи ҳисси ватандӯстӣ арзёбӣ кард. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ омилҳои бениҳоят хатарноке ҳам дорад, ки метавонад ба як фарҳанги асилу ғанӣ бо ворид кардани унсурҳои тамоман хилофи арзишҳои миллӣ таъсири ҷуброннопазирро расонида, паёмадҳои ҷиддиро ба миён оварад. Талқину тарғиб ва муаррифии шоистаи мероси фарҳангӣ, ки аз ҳунари воло, санъати нотакрор, фарҳанги моддии беназири гузаштагон шаҳодат медиҳанд, метавонанд ҳамчун девори муҳофизатӣ садди роҳи ҳар гуна паёмадҳои номатлуб шаванд. Аз ин рӯ муносибати эҳтиромона ба Ватан, омодагӣ ба тобеъ кардани манфиатҳои худ ба манфиатҳои миллӣ, яъне ҳисси ватандӯстӣ, яке аз муҳимтарин хислатҳои шахсият аст. Ватандӯстӣ амалест, ки ба ҳимояи манфиатҳои кишвари худ дар ҳар гӯшаи ҷаҳон нигаронида шудааст. Вале фазои мураккаби иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир моро боз ҳам водор месозад, ки ба масоили муҳити фарҳангӣ, иҷтимоию сиёсии ҷавонон ва насли наврас боз ҳама таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар партави сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти кишвар саҳмгузори содиқ дар пешрафти кишвари азизи хеш бошем.
Маҳз чунин мулоқоти мунтазами Пешвои миллат бо аҳли илм ва маориф боис мегардад, ки зиёиёни кишвар баро ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон боз ҳам ҷиддитар саъйу кӯшиш намуда, барои пешбурд ва навовариҳои соҳаи худ камари ҳиммат банданд.