Экспедитсияи бостоншиносӣ дар Памири Шарқӣ
Аз 25 июни соли 2024 экспедитсияи байналмилалии бостоншиносии ва  ва палеоэкологияи асри санг аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягї бо Институти бостоншиносї ва мардумшиносии Шуъбаи Сибири Академияи илмҳои Россия дар Помири Шарқӣ-ноњияи Мурѓоб оѓоз шуда, то 5 августи соли ҷорї идома меёбад.   Экспедитсияро аз ҷониби Институт  Б.С. Бобомуллоев ва ҷониби Институти бостоншиносї ва мардумшиносии Шуъбаи Сибирии Академияи илмњои Россия С. В. Шнайдер роҳбарӣ мекунанд. Њоло кофтуковҳои бостоншиносї дар бошишгоњњои мезолитӣ ва неолитї, ки қаблан тањқиқ карда шуда буданд, яъне  маскани Ошхона, ғорњои Истиқ ва Шахтї (8-3 ҳазор сол пеш аз милод), ки дар баландии 4-4,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, идома ёфта истодааст.
Дастоварди  муҳиме, ки дар зимни корњои бостоншиносї ба даст омад, кашфи расмҳо дар рўи санг (бо ёрии ранг) дар ғорҳои Дараваз-Тош ва Дарваз-Тош-2 мебошад. Инчунин, дар ин ѓорњо  анҷом додани  шурфҳои иктишофӣ барои мавҷудияти қабати мадании қадимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нақшҳои қадимї дар рӯи санг дар минтақаи Ниёзик низ пайдо шудааст. Дар давоми экспедитсия, ки то 5 август идома меёбад, ҷустуҷӯи объекњои нави асри санг дар водиҳои дарёҳои Истиқ, Машале, Маркансу, Мурғоб, Куртеке-сой дар назар аст.
 
 
Археологическая экспедиция на Восточном Памире
 
С 25 июня 2024 г. начала свою работу международная экспедиция по археологии и палеоэкологии каменного века на территории Восточного Памира, организованная Институтом истории, археологии и этнографии им. А.Дониша Национальной академии наук Таджикистана совместно с Институтом археологии и этнографии Сибирского отделения Российской академии наук. Совместную экспедицию возглавляют Б.С. Бобомуллоев и С.В.Шнайдер. Планируется проведение раскопок небольшой площадью на исследованных ранее мезолитических и неолитических стоянках Ошхона, в Истыкской пещере, гроте Шахты (8-3 тыс. лет до н.э.), расположенных на высоте 4-4,2 тыс. м над уровнем моря. Очень важным достижением экспедиции является открытие наскальных рисунков (писаницы) в гротах Дараваз-Таш и Дарваз-Таш-2, в которых также планируется заложить разведочные шурфы на возможное наличие древнего культурного слоя. Петроглифы обнаружены в местности Ниязык. Во время проведения экспедиции, которая продлится до 5 августа,  планируется также проведение поиска новых пунктов каменного века в долинах рек Истык, Машале, Маркансу, Мургаб, Куртеке-сай.