Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш аз 12.08.2024, дар раванди таҷлил намудани 33 - солагии Истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам тахким бахшидани ихтихори ватандорӣ ва ба аҳолӣ расонидани моҳияти истиқлолу озодӣ, бо иштироки ҷавондухтарон зери унвони "Тоҷикона мепӯшем" бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани ҷавондухтарон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии бонувон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона, дар Осорхонаи мардумшиносӣ- и ба номи М.С. Андериеев ҷиҳати муаррифии атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллии минтақаҳои гуногун аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ намуд.
Бояд гуфт , ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои занони АМИТ амалӣ шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси худ мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Имрӯз (20.09.2024) дар ҳавои мусоид аҳли бонувони Институт, аз ҷумла Шовалиева Мумина, Ашурмадова Тутинисо, Сураёи Давлатмурод Азизуллозода Майсара, Сафоева Бибиаслия, Қодирова Малика, Раҷабова Умеда, Нуруллозода Ҳангома, Содиқова Сайёра Исмоилова Зайнура Раҷабова Таҳмина, Сафарова Фазилат, Кониева Фариза ва раиси шӯрои занони Институт Исматзода Шоиста ба намоиш баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атлас, адрас ва чакан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун матоъҳои миллии зебову шинам пазируфта шудаанд, ки ин ҳам шаҳодат аз тамаддундориву қадимӣ будани миллати тоҷик дарак медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин, мо бояд унсурҳои миллии хосаи худро дошта бошем. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб гашта, баробари ба бар намуданди либосҳои шинаму зебои миллӣ эҳтироми хешро нисбати нишонаҳои асосии гиромидошти фарҳангу тамаддуни миллӣ баён менамояд.
 
1_1.jpg3_1.jpg4.jpg5_1.jpg