Убайдулло Насрулло Каримзода, д.и.т., профессор, сарходими илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ
 
МАРЗБАНДИИ МИЛЛИЮ ҲУДУДӢ ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛӢ 
Марзбандии миллию ҳудудии соли 1924 дар қаламрави Осиёи Марказии шуравӣ, ки расо 100 сол қабл ба вуқӯъ омада буд, дар харитаи сиёсию маъмурии яке аз сарзаминҳои соҳибтаърихи қитъаи Осиё дигаргунии ҷиддӣ ворид намуда, симои анъанавии таърихии онро комилан дигар сохт. Ин ҳодисаи сиёсию маъмурӣ ҳафт сол пас аз ҳаводиси инқилобию сарнагуншавии ҳокимиятҳои монархиявӣ дар империя ва минтақа ба вуқуъ омада, аз ибтидо то ба имрӯз мақоми баҳсбарангезтарин мавзӯи таърихиро касб намуд. Махсусан, назару андешаҳои гуногун атрофи ин ҳаводис пас аз сукути Иттиҳоди Шуравӣ вусъати тоза пайдо намуд ва дар андак муддат Россия ва дигар давлатҳои пасошуравиро пурра фаро гирифт. Ахиран ба муносибати 100-солагии ба вуқуъ омадани ин воқеа марзбандии миллию ҳудудӣ ба мавзӯи доғ табдил ёфта, саҳифаҳои расонаҳои гуногуни илмӣ, илмию оммавӣ ва хабариро, бештар аз ҳама дар минтақаи Осиёи Марказӣ ишғол намудааст.
Маврид ба таъкид аст, ки гуногунназарӣ ва шарҳҳои мухталиф, пеш аз ҳама ба он назару андешае, ки дар фазои сиёсию илмии шуравӣ ҳукмрон буд, дар хориҷи он аз ибтидо ҷой дошт ва марказҳову институтҳо ва ниҳодҳои гуногуни сиёсиву илмӣ пайваста ба таҳлилу баррасии он ва, умуман таърихи шуравӣ машғул буданд ва барои ҳадафрас будани назари худ дар ин самт аз муҳоҷирону мухолифони шуравӣ пайгирона истифода менамуданд. Аммо, миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта баробари саршавии бозсозии горбачёвӣ гуногунназарию гуногунандешӣ ба ҷомеаи шӯравӣ низ ворид гардид, мактабҳову равияҳо, назарҳои мухталиф паси ҳам пайдо шуда, пайравони худро меёфтанд ва бисёрии онҳо нав набуданд, таҳмили ҳамон назару андешаҳои дар берун решагирифтаанд. Бесабаб нест, ки дар аксар ҳолатҳо, ҳатто дар асару мақолаҳои соф илмӣ ҳамчун манобеъ ва ё сарчашмаи гӯё аниқ таълифоти ҳамон фирориёну диссидентҳои собиқи шуравӣ ба таври фаровон истифода мегарданд ва баъзан арзишмандии онҳо аз дастовардҳои асили илмии дохилӣ болотар гузошта мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пас аз се даҳсолаи сукути низоми шуравӣ имрӯз ҳам на дар ҳамаи давлатҳои пасошуравии минтақа назару методологияи ягона ва устувор ба таҳлилу тасвири воқеии илмии марзбандии миллию ҳудудӣ ва, умуман таърихи замони шуравӣ ташаккул ёфтааст. Мушоҳида мегардад, ки дар баъзе кишварҳо муҳаққиқон (албатта на ҳама) таърихи замони шуравӣ ва давраи нав, яъне марҳалаи дар ҳайати империяи подшоҳии рус қарор доштаро дар як паҳлуи тарозу гузошта, онро комилан давраи мустамликавӣ меноманд. Дигарон таърихи замони шуравиро, новобаста аз ихтилофоти зиёдаш дар таърихи халқу миллати худ ҳамчун марҳалаи алоҳида таҳқиқу баррасӣ менамоянд. Назар ба марзбандии миллию ҳудудии соли 1924 низ дар чунин ҳолат қарор дорад, ҳатто ҷумҳуриҳое, ки маҳз дар натиҷаи ин марзбандии миллӣ ташкил ёфтанд ва ё нисбат ба дигар халқҳову миллатҳо манфиати бештар ба даст оварданд, имрӯз ба он назари комилан манфӣ доранд.
Дар таърихнигории миллии тоҷик низ масъалаи марзбандии миллию ҳудудӣ яке аз мавзуъҳои калидии таърихи замони шуравӣ маҳсуб меёбад. Новобаста аз ҷой доштани назару андешаҳои гуногун дар байни шахсони алоҳида, муносибат ба таърихи зиёда аз ҳафтодсолаи замони шуравии халқи тоҷик, аз ҷумла масъалаи мавриди таҳқиқ қарордошта дар ҷумҳурии мо ба шакли радикалӣ тағйир наёфтааст. Баръакс, замони шуравӣ бо ҳама шебу фарозаш ҳамчун як марҳалаи муҳимми таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик қабул гардида, ибтидои эҳёи нави ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, ташаккули миллати тоҷик ва рушди сиёсиву фарҳангии он мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон менависанд, ки дар арафаи барқароршавии Ҳокимияти Шуравӣ «ҳолати сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми мо ба харобӣ расида буд» ва «мавқеи таърихию иҷтимоии ӯ аз ҳар ҷиҳат суст мешуд», «ба ин маънӣ метавон гуфт, ки Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид»[1].   
Таҳлили ташаккул ва роҳи тайнамудаи таърихнигории миллӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ таҳқиқи таърихи ҷомеаи шуравӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои минтақа бо сабабҳои айнию зеҳнӣ каме дертар оғоз ёфтааст. Новобаста аз ҷой доштани таҳқиқоту таълифоти кутоҳҳаҷми хусусияти хабарию тарғиботидоштаи саҳифаҳои матбуоти даврии нимаи дуюми солҳои 20-30-юми асри гузашта, таҳқиқу баррасии илмии таърихи замони шуравӣ дар ҷумҳурӣ, амалан аз миёнаҳои солҳои 40-ум оғоз ёфт. Баррасии таърихи ташаккул ва рушди давлатдории шуравии халқи тоҷик бошад, асосан аз солҳои 50-уми асри гузашта шуруъ меёбад. Ин солҳо силсилаи мақолаҳо ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон, ки октябри соли 1954 ботантана ҷашн гирифта шуд, ба чоп расиданд[2]. Яке аз аввалин мақолаҳои илмӣ мансуб ба қалами академики оянда С.А. Раҷабов бо унвони «Тақсимоти миллӣ-давлатӣ дар Осиёи Миёна ва аҳаммияти он барои ташкил шудани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (бо ду забон, соли 1954 ба забони русӣ ва соли 1957 ба забони тоҷикӣ) буд[3]. С.А. Раҷабов бори нахуст масъалаи ташаккули давлати миллии шуравии халқи тоҷикро мавриди баррасӣ қарор дода, дар чаҳорчӯбаи идеологии замон нақши «тақсимоти миллӣ-давлатии Осиёи Миёна»-ро дар ташкил ёфтани ҶШС Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳ медиҳад. Муаллиф сабабҳои ташкил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шуравиро гуруҳбандӣ намуда, онро шакли миллии давлатдории шуравӣ дар асоси диктатураи пролетариат барои таъмини комилан озод шудани халқҳо ва миллатҳо, мустаҳкам шудани иттифоқи синфи коргару деҳқон, ба Шуроҳо наздик намудани омма, танзими муносибати байни миллатҳо ва бартараф намудани низоъҳои миллӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маданияти миллатҳо маънидод менамояд[4].
Масъалаи марзбандии миллию ҳудудӣ ва ташаккули давлатдории шуравии халқи тоҷик дар таърихнигории солҳои баъдина, ба вижа солҳои 60-70-ум низ яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб ёфта, дар мақолаву монографияҳои илмӣ мақоми муҳимро ишғол менамуд[5]. Умуман, дар таърихнигории шуравӣ, аз ҷумла таърихнигории тоҷик аз ибтидо ба инъикоси масъалаи марзабандии миллию ҳудудӣ ва ташаккули   давлатдории шуравӣ таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, теъдоди ниҳоят зиёди мақолаву монографияҳо аз ҷониби на танҳо муаррихон, инчунин намояндагони илмҳои дигари ҷомеашиносӣ ба табъ расидаанд. Ба замми он, дар аксарияти китобҳои ҷомеи бунёдии марбут ба таърихи ҷумҳуриҳои шуравии Осиёи Марказӣ ба ин масъала бобҳову фаслҳои алоҳида ҷудо мегардиданд. Муҳаққиқон, пеш аз ҳама дар заминаи таълимоти асосгузорони марксизм-ленинизм, қарорҳои мақомоти марказии ҳизбию давлатии шуравӣ, бо истифода аз санадҳои бойгонию маводи матбуоти даврӣ, сабабҳо ва зарурати ҳалли масъалаи миллӣ, омилҳои сохтмони ҷумҳуриҳои миллӣ, бартарии низоми давлатдории шуравӣ, ҳалли одилонаи масъалаи миллӣ дар чаҳорчӯбаи принсипи интернатсионализм ва дӯстию баробарии халқҳову миллатҳои шуравиро мавриди таҳқиқ қарор медоданд. Аммо бояд иқрор шуд, ки дар аксар таълифоти ба ин масъала бахшидашуда, муаллифон бошуурона ё огоҳона тавассути «дастур аз марказ» ва риояи чаҳорчӯбаи муқарраршудаи идеологию сиёсӣ аз инъикоси комилан воқеъонаи масъала канораҷӯӣ мекарданд[6]. Таърихнигории тоҷик низ ҳамчун ҷузъи таркибии мактаби таърихшиносии шуравӣ вобаста ба тағийроту дигаргуниҳои сиёсии ҷомеаи шӯравӣ амал менамуд ва, азбаски илми таърих чун дигар илмҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ илми сиёсию ҳизбӣ маҳсуб меёфт, муҳаққиқон дар доираи ҳамон талаботи замон фаъолият менамуданд. Аммо, маврид ба зикр аст, ки дар байни асару мақолаҳои то миёнаи солҳои 80-ум таълифшуда, мақолаи таърихшиноси тоҷик Александр Вишневский бо номи «Марзбандии миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна ва нақши он дар тақдири таърихии халқи тоҷик»[7] мақоми ҷудогонаро ишғол менамояд. Гарчанде, муҳақиқ мисли дигар ҳамтоёни худ аз чаҳорчӯбаи муқарраршудаи замон берун нарафта бошад ҳам, вале тавонистааст ба баъзе паҳлуҳои дар он замон мамнуи масъалаи марзбандӣ, сабабҳои даст кашидани мақомоти ҳизбию давлатӣ аз он дар солҳои 1920-1921, дар соли 1924 гузаронидани тақсимбандӣ, сиёсати шовинистонаи туркгароёну исломгароён дар муносибат ба тоҷикон, номаи таърихии Ширишоҳ Шоҳтемур ба мақомоти болоии ҳизбию давлатии шуравӣ доир ба вазъи тоҷикон дар ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро, роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар санадҳои давлатӣ ва маърӯзаву суханрониҳои роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳангоми марзбандӣ ва дигар тарафҳои масъала  дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ равшанӣ андозад.  
Аз миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта вобаста ба дигаргуниҳои сиёсию ҳизбӣ, оғози ба ном бозсозии ҷомеаи шуравӣ, ки оқибат ба барҳамхӯрии низоми шуравӣ ва ташкилёбии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол овард, дар илми таърихшиносӣ, аз ҷумла таърихнигории тоҷик як такон ва таҳаввулоти ҷиддиро роҳандозӣ намуд. Шикасти қолаби идеологӣ, аз байн рафтани мансубияти ҳизбии илми таърих имконият дод, ки муаррихон ба таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои гуногун, ҳатто масоили мамнуъбуда жарфтар шуруъ намоянд[8]. Бештар аз ҳама, дар маркази таваҷҷуҳи муаррихони касбӣ ва дигар пажуҳишгарон масъалаи марзбандии миллию ҳудудӣ, таърихи сохтмони ҷумҳурии мухтор ва сипас иттифоқии Тоҷикистон, роҳ ёфтани ноадолатию маҳдудиятҳо ва поймолсозии ҳуқуқи худмуайянкунии тоҷикон, ҳамчун халқи соҳибтаъриху соҳибтамаддуни минтақа, таъқиботи сиёсии солҳои 20-30-юм ва дигар «доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон» қарор гирифта буд. Бесабаб, нест, ки яке аз аввалин маҷмӯи мақолаҳо бо иштироки таърихшиносони варзидаи кишвар бо номи «Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон» аз силсилаи «Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон»[9] соли 1990 ба чоп расид.  Ин маҷмӯа комилан ба масъалаҳои марзбандии миллию ҳудудӣ ва ташаккули давлатдории миллии шуравии халқи тоҷик бахшида шуда буд. Ибтидои солҳои 90-ум пайи ҳам силсилаи китобҳо ва рисолаҳои илмӣ[10] доир ба ин масоил нашр шуданд, ки мақоми меҳвариро дар байни онҳо ду асари академик Р.М. Масов «Таърихи табартақсим» ва «Таърихи тоҷикон бо муҳри «комилан сиррӣ»[11] ишғол менамоянд. Муҳимтарин дастоварди таърихнигории миллӣ дар ин давра ин, пеш аз ҳама ба даст овардани имконоти озоди масъалагузорӣ ва ба гардиши илмӣ ворид намудани санадҳои то ин вақт «комилан махфӣ», эътирозномаҳои муборизони роҳи озодӣ ва бунёдгузорони ҷумҳуриҳои шуравии мухтору иттифоқии Тоҷикистон, мақолаву навиштаҳои адибону рӯзноманигорони тоҷик дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодии тоҷикон ва адолати таърихӣ мебошад. Аммо баробари рӯйи об омадани чунин санаду далелҳои қавӣ, эътирозу муқобилияти шадиди муборизон садҳо саволҳои дигарро ба миён гузоштанд, ки чаро ва барои чӣ миллати соҳиби таъриху фарҳанг, адабу забон, омӯзгори қавмҳои дигари омадаи минтақа дар охири асри 19-оғози асри 20, бо ибораи Пешвои миллат «дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт»[12].  
Пажуҳишҳои ҷиддии дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардаи таърихнигории миллӣ ба саволҳои ба миён омада ва бархе паҳлуҳои аз мадди назар дар канор монда ҷавобҳои мушаххасу қавӣ манзур менамоянд, ки имконияти зикри ҳамаи онҳо дар ин маърӯза маҳдуд аст. Аммо, инҷо аз таҳқиқоти ҷомеъ ва бунёдии таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик[13], ки ба масъалаи марзбандӣ ва ташкили ҷумҳурии мухтор як зербоби алоҳида бахшида шудааст (муаллифи он А. Вишневский), бояд ёдовар шуд. Дар ин асари бунёдӣ  бо истифода аз маводи нав ва ҷамъбасти дастовардҳои илми таърихшиносӣ дар баробари заминаҳо, омилҳо, раванд, татбиқи қарорҳои қабулшуда доир ба марзбандӣ, роҳ ёфтани камбудию каҷравиҳои ниҳоят ҷиддӣ ба таври муфассал таҳлили худро ёфтаанд[14]. Аз ҷумла, яке камбудиҳои ҷиддии роҳдодаи мақомоти масъули давлатию ҳизбии шӯравӣ чи дар марказ ва чи дар минтақа ба баррасии масъала ва қабули қарорҳои дахлдор донандагони таъриху фарҳанг ва иқтисодиёту этнографияи минтақа – шарқшиносони шуравӣ ҷалб карда нашуданд. Аз роҳ ёфтани камбудию норасоиҳои калон ва каҷравиҳои ҷиддӣ дар рафти тақсимот ҳанӯз дар бархе санадҳои ҳизбию давлатии миёнаи солҳои 20-ум таъкид шудааст. Бесабаб нест, ки Раиси Средазбюрои КМ ҲКР(б) И. А. Зеленский дар маърӯзааш марзбандии миллии соли 1924-ро «кори сиёҳи нотамом ва табартақсим» номида буд[15]
Шақшиноси шинохта, академик В.В. Бартолд дар “Ёддошт доир ба робитаи таърихӣ байни мардуми турк ва эронии Осиёи Марказӣ” («Записка по вопросу об исторических взаимоотношениях турецких и иранских народностей Средней Азии»), ки   дар ҳаҷми чаҳор саҳифаи чопи мошинӣ аз бойгонии олим пайдо карда шуд, менависад: “Масъалаи миллӣ дар он шакле, ки он соли 1924 дар Осиёи Марказӣ гузаронида шуд, маҳсули таърихи Аврупои Ғарбӣ дар асри 19 буда, ба анъанаҳои таърихии минтақа комилан бегона мебошад”[16]
Дар адабиёти илмӣ, аз ҷумла дар рисолаи устод академик Р.Масов «Таърихи тоҷикон бо муҳри «комилан сиррӣ»[17] андешае ҷой дорад, ки доир ба марзбандии миллию ҳудудӣ дар Осиёи Миёна асосан ду лоиҳа- лоиҳаи И. Сталин ва лоиҳаи Г.В. Чичерин ҷой дошт. Муаррихи шинохта   таъкид менамояд, ки ҳангоми таълифи китоб дастрас набудани маводи бойгонии комил оид ба таърихи замони шуравии тоҷикон, аз ҷумла лоиҳаи Қарор оид ба марзбандии миллию ҳудудии соли 1924, ки таҳти роҳбарии Комисари халқии корҳои хориҷии ИШ Г.В Чичерин омода шуда буд, корро мураккаб намуд[18]. Аммо, то имрӯз оид ба мавҷуд будани чунин санад ва дастрас гардидани он ба муҳаққиқон хабаре рӯйи даст нест. Аз ҳафт номаи Комисари халқии корҳои хориҷии ИШ Г.В Чичерин, ки баҳри табобат соли 1924 дар Аврупо қарор дошт, ба номи роҳбарони вақти Иттиҳоди Шуравӣ баъзе андешаҳои ин ходими давлатӣ доир ба масъалаи марзбандии миллию ҳудудӣ ифшо мегарданд. Ин номаҳоро ректори Донишгоҳи Каппадоки, профессор, доктор Ҳасан Алӣ Карасар, ки дорои таҷрибаи кор дар бойгониҳо мебошад, пайдо намуда, тариқи интернет дар тарҷума ба забони англисӣ дастраси муҳаққиқон намудааст[19]. Номаҳо дар давоми моҳҳои апрел-октябри соли 1924 навишта шудаанд ва дар Маркази ҳифз ва омӯзиши санадҳои таърихи давраи навтарини Россия (Российском центре хранения и изучения документов новейшей истории, РЦХИДНИ), фонди 17, номгӯи 86, бастаи 24 маҳфуз мебошанд. Аз мазмун ва муҳтавои номаҳо бармеояд, ки Г.В. Чичерин усулан мухолифи гузаронидани марзбандии миллию ҳудудии Осиёи Миёна дар он шакли пеешниҳод гардида мебошад. Ӯ ҳамчун Комиссари халқии корҳои хориҷӣ таъкид менамояд, ки ин кор пеш аз ҳама боиси тезутунд шудани муносибати ИШ бо кишварҳои хориҷа, ба вижа кишварҳои мусулмонӣ гардида, ба имиҷи Давлати Шуравӣ дар арсаи байналмилалӣ латма ворид менамояд. Аз ҷумла, дар номаи худ ба Бюрои сиёсӣ (Политбюро)-и КМ ҲКР (б), нусха ба аъзоёни Бюрои сиёсӣ ва аъзоёни мушовараи КХКХ аз 16 майи соли 1924 менависад, ки  гузаронидани тағийрот ба харитаи Осиёи Миёна пас аз мавқуфият ба наздикӣ аз нав баррасӣ мешавад ва ин боиси нигаронии мо гардидааст. Зеро, таъкид менамояд ӯ: «Барҳам додани Бухорои мустақил, яке аз шарафмандтарин ва маъмултарин давлатҳои анъанавии мусулмонӣ, ки мо дар шартнома бо Афгонистон ваъдаи ҳифзи истиқлолияти онро дода будем, бешубҳа, боиси зиёд шудани хашму норизоии олами мусулмонӣ гардида, алайҳи мо як ҳаракати шадиди мухолифатро ба миён меоварад”[20]. Дар номаи худ аз 28 майи соли 1924 Г. В.Чичерин бори дигар аз нокомилии лоиҳаи марзбандӣ изҳори андеша намуда, ба чунин шакл амали шудани онро мавқеи буржуйҳои тиҷоратии ӯзбакӣ бо сардории Файзулло Хоҷаев медонад. Ва таъкид менамояд, ки ҳадафи аслии онҳо халосӣ аз ноҳияҳои камбағал ва ташкил намудани минтақаи калони пунбапарварӣ бо мақсади тиҷорат мебошад[21]. Умуман, аз муҳтавои ин ҳафт нома бармеояд, ки Г.В. Чичерин муқобили лоиҳаи пешниҳодшудаи марзбандӣ ва аз  байн бурдани ду давлати анъанавии Осиёи Миёна -Бухоро ва Хоразм буда, бо нишон додани омилу сабабҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мавқуф гузоштани онро пешниҳод менамояд. Аммо, дар ягон нома доир ба лоиҳаи махсуси худ ва, инчунин доир ба сокинони аслии минтақа тоҷикон сухане намеорад. Вале, моро зарур аст, ки новобаста аз ин ҷустуҷӯи санадҳои бойгониро дар ин самт ба шакли ҷиддӣ ба роҳ монем.
Умуман дар заминаи таҳлили дар фавқ омада, метавон хулоса намуд, ки масъалаи марзбандии миллию ҳудудӣ ва таърихи ташаккули давлатдории миллии шуравии халқи тоҷик, новобаста аз таҳқиқоту дастовардҳои ҷолиби илми таърихнигорӣ ҳоло ҳам ба таҳқиқу омӯзиши бунёдӣ ниёз дорад. Пеш аз ҳама, моро зарур аст, ки раванди ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва таҳқиқу баррасии санадҳои бойгонии марбут ба таърихи замони шуравии халқи тоҷик дар дохили кишвар ва паҳнои пасошуравӣ ба роҳ монем.
Метавон хулоса намуд, ки аҳаммияти таърихии марзбандии миллию ҳудудӣ ва дар заминаи он ташкил ёфтани ҶМШС Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он зоҳир меёбад, ки ин ҳодисаи таърихӣ ба ҳама гурӯҳҳою равияҳо тоҷикситез зарбаи дандоншикан дода, тоҷиконро аз хатари комилан омехташавӣ наҷот бахшид ва ба ташаккули миллати ягонаи тоҷик роҳ кушод. “Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон,- менависанд Пешвои миллат, - дар қаламрави Бухорои Шарқӣ сарфи назар аз иштибоҳоти тақсимоти марзӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи халқиятҳои тоҷиктабори кишварҳои ҳамсоя, барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои куҳани таърихӣ ва ташаккули шакли нави давлату давлатдории онҳо мусоидат намуд”[22].
 
 

[1] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб.-Душанбе:»Ирфон», 2009.- 704 с.- С.122.
[2] История таджикского народа. Том V. Новейшая история (1917-1941 гг.). Под. ред. академика Р.М. Масова. -752 с.- С.21.
[3] Материалы к истории таджикского народа в советский период (сборник статей). Под. ред. Б.Г. Гафурова. - Сталинабад: Таджикгосиздат, 1954.- 460с.-С.84-114: Материалҳо оид ба таърихи халқи тоҷик (давраи советӣ). -Сталинобод: Нашр. Давлатии Тоҷикистон, 1957.-560 с.- С.86-119.
[4]  Ҳамон ҷо.
[5] Ниг. ба номгӯи муфассали онҳо дар ИТН. Том V. Новейшая история (1917-1941 гг.). -С.21, 24, 30.
[7] Вишневский А.Я. Национально-территориальное размежевание Средней Азии и его роль в исторических судьбах таджикского народа». //Торжество ленинской национальной политики в Таджикистане. Отв. ред. д.и.н. Р.М. Масов.-Душанбе: «Дониш», 1984.- 284 с.- С.58-75.
[8] История таджикского народа. Том V. Новейшая история (1917-1941 гг.). -С.30.
[9] Ҳақиқати таърих: Саҳифаҳои ноаёни таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Зери таҳрири Ш. Султонов). - Душанбе: Ирфон, 1990.-176 с.; Воҳидов А., Ҳайдаршо Х. Завлона. Сиёҳ ва сафед.-Душанбе: «Ирфон», 1990.- 192 с.;
[10] Пурратар ниг.: История таджикского народа. Том V. Новейшая история (1917-1941 гг.). -С.30-31.
[11] Масов Р.М. История топорного разделения. -Душанбе: Ирфон, 1991.-192 с.» Ҳамин муаллиф: Таджики: история с грифом «совершенно секретно». – Душанбе: Пайванд, 1995.- 200с.
[12] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - С.300.
[13] История таджикского народа. Том V. Новейшая история (1917-1941 гг.). -С.355-385.
[15] Ҳамон ҷо.-С.379.
[16] Бартольд В.В. Записка по вопросу об исторических взаимоотношениях турецких и иранских народностей Средней Азии. // Восток, Журнал, 1991, №5.
[18] Масов Р. Таджики: история с грифом «совершенно секретно». (Второе дополненное издание). - С.21.
[19] Hasan Ali Karasar. Chicherin on the delimitation of Turkestan: native Bolsheviks versus Soviet foreign policy. Seven letters from the Russian archives on razmezhevanie// Central Asian Survey (2002) 21(2), 199–209 (Чичерин о разграничении Туркестана: коренные большевики против Советская внешняя политика. Семь букв из российских архивов размежевание// Исследование Центральной Азии (2002) 21(2), 199–209).
[20] Ҳасан Алӣ Карасар. Ҳамон ҷо.
[21] Ҳасан Алӣ Карасар. Ҳамон ҷо.
[22] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - С.301.