Узви вобастаи АМИТ
Ҳайдаршо Пирумшо
Дар сархати таърихи эҳёи давлатдории миллӣ
Аз арзишҳои ниҳоят зиёду ифтихорбахши таърихии халқи тоҷик ёдовар шуда, хосатан раванди ташаккули халқият, давлатдорӣ, мақоми тамаддунофар, талош барои эҳёи давлатдорӣ ва таъмини мустақилияти комили он пайи ҳам пеши назар меоянд.
Ба мутахассисон ва мухлисони таърих пӯшида нест, ки аъанаҳои давлатдории тоҷикон аз аҳди Сомониён хеле пештар оғоз ёфта, ба қаъри асрҳои то мелод мерасад. Кофист ёдовар шавем, ки ҳанӯз то юришҳои Ҳахоманишиҳо ба Осиёи Миёна (асрҳои VI-V пеш аз мелод), дар ин сарзамини азалӣ хоразмиён, суғдҳо, бохтарҳо, парфиягиҳо ва ғайра дар зинаҳои аввали давлатдории аҷдодӣ қарор доштанд. Аз ин рӯ сарманшаи давлатдории тоҷикон ва сохтори онро аз ҳамон давра бояд ҳисоб кард. Ин фаҳмиш ҳаргиз мақому манзалати Давлати Сомониёнро маҳдуд накарда, баръакс ба падидаи таърихии давлатдори тоҷикон тобиши тоза мебахшад. Чунки Давлати Сомониён на танҳо камолоту муттамарказии қавии давлатдорӣ, инчунин намунаи олии давлатдории классикӣ ва ташаккули пурраи халқияти тоҷик ҳисоб меёбад. Ончи то имрӯз ба таҳқиқи шукӯҳу шаҳомати он бахшидаем нопурра аст. Омӯзиши таърихи воқеии он замонро муаррихини наслҳои оянда идома хоҳанд бахшид. Дар ин радиф мӯҳтавои марказиро аз куҷо маншаю реша гирифтани анъанаҳои давлатдории тоҷикон бояд ишғол намояд. Ин шарти асосии худшиносии миллист.
Баъди бо тақозои тақдир соли 999 пош хӯрдани давлати абарқудрати Сомониён, таърих боз чанд кӯшиши бобарори давлатдори тоҷиконро бо унвони давлати Ғуриён (1147-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381), Сарбадорон (1337-1381) медонад, ки худ чун дурахши ситораи пурҷиллое пайдо шудаву ба таври фоҷиавӣ аз байн рафтаанд. Ин давлатҳо табиист, ки ба ҳадди меросбару идомабахши давлати Сомониён нарасида бошанд, ҳам чун намунаи талошмандии қавии тоҷикон барои ҳокимияти сиёсӣ ва давлатдории муттамарказ шинохта мешаванд.
Аз ин ҷост, ки амалан, баъди пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон ҳарчанд дар ҳайати силсиласулолаҳои аҷнабию кӯчӣ қариб ҳазор сол аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, вале рисолати пешсафии фарҳангии худро нафақат идома мебахшиданд, инчунин ақвоми соҳибсалтанатро ба доираи тобеъияти пурраи анъаноти таърихию фарҳангии худ кашида буданд. Шояд ҳамин рисолати фарҳангсолорӣ то дараҷае майли муборизаи ин халқи тамаддунофарро барои ҳокимият суст кардаву онро дар тобеъияти сиёсӣ ё зери ҳукми бедавлатӣ нигоҳ медошт.
Аз рӯи адолат мебуд, агар мо аз диди имрӯз ба гузаштаи начандон дури худ назар андохта, бархе аз воқеаҳоеро, ки бе рӯйдоду дар таърих амри вуҷуд доштанашон то кунун нафақат амалӣ гаштани эҳёи давлатдорӣ номумкин буд, инчунин шояд давлатдор будани тоҷикон дар аҳди Сомониён низ аз доираи тафаккури чанде аз фозилони таъриху фарҳангшинос берун омада наметавонист, мавриди омӯзиш қарор диҳем. Мантиқан, аз кадом самте, ки ба эҳё ва мустақилияти давлатдории имрӯзаи худ нанигарем, аз зинаҳои қаблии ин падидаи қисматсози таърихӣ сарфи назар кардан, худ нишондиҳандаи сабукандешии ғайриилмист.
Воқеияти таърихии охири асри XIX – ибтидои асри XX, хосатан Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқҳои мазлуми империяи Русия барои эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дарвоқеъ, натиҷаи назаррастарини инқилоб барои тоҷикон асоси қавӣ гузоштан ба оғози эҳёи давлатдории ин халқи азалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад. Аз ин рӯ наметавон аз чунин падидаи ниҳоят тақдирсоз – 100-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки аз воқеъияти сиёсии замон маншаъ гирифта буд, сарфи назар намуд.
Пӯшида нест, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, иддае аз ҷомеашиносони навбаромад кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд, ки дастовардҳои инқилобро бо ҳар восита ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳавола кунанд. Акнун ҳар кас вобаста ба дарачаи дарки таърихӣ, ҷаҳонбинии сиёсию идеологии худ он рӯйдоди барои халқҳои мазлуми Русия тақдирсозро бо мафҳумҳои мухталифи «табаддулот», «тасарруфи болшевикон», «заволи истиқлолият», «аз даст додани арзишҳои миллӣ» ва ғайраю ҳоказо маънидод мекунад. Вале ҳақиқати таърихро батамом аз ёдҳо рабудан ба касе муяссар нашудааст.
Гардиши бузурги инқилобии асри гузашта бо ҳар восита дар ҳама самтҳо аз худ дарак медиҳад. Ба худшиносиии миллию соҳибдавлатӣ расидани иддае аз халқиятҳои собиқ империяи Русия чун беҳтарин дастоварди таърихӣ баҳо гирифтаст. Ин бешубҳа барои тоҷикон истисно буда наметавонад.
Аз ин рӯ, ашхосе, ки худро намоишкорона “муаррих” ё “ҷомеашинос” муаррифӣ карда, аз эътирофи ин ҳақиқати таърих фосила меҷӯянд ва инқилобу дастовардҳои замони пойдории Ҳокимияти Шӯравиро чун воқеаи тасодуфи зидди қонунияти раванди таърих маънидод мекунанд, бешубҳа аз тафаккури ниҳоят маҳдуди таърихии онҳо дарак медиҳад. Ин қабил шореҳони гузаштаи дуру наздики миллат ба дарки чунин ҳақиқат рафта наметавонанд, ки тасодуф барои илми таърих бегона аст. Ҳама ҳаводиси таърихӣ дар доираи қонунияти муайян ва зарурати замон сурат мегирад. Аз ин ҷост, ки дар Русия пайи ҳам сар задани се инқилоб (инқилоби аввал – солҳои 1905-1907; дуюм – феврали 1917 ва билохира, Инқилоби Октябр, соли 1917), ки ҳадафҳои худро доштанд, амри тасодуф буда наметавонистанд. Аз ин рӯ Инқилоби Октябр, мавҷудияти ҷомеаи сотсиалистӣ ва мақоми созандагии онро дар таърихи халқҳои мазлуми дар ҳайати собиқ империяи абарқудрат қарордошта, эътироф накардан, нишондиҳандаи амиқи таърихноогаҳист.
Хуб мешуд, ки чунин муаррихони таърихбехабар ба дарки ниҳоят воқеъбинонаи таърихии, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рисолати таърихии Инқилоби Октябр ва ҷойгоҳи он дар тақдири халқи тоҷик расида метавонистанд.
“Дар арафаи инқилоб – қайд менамоянд Сарвари давлат – ҳолати сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми мо ба харобӣ расида буд. Аз фишорҳои бераҳмонаи бадхоҳони қудратманди дохиливу хориҷӣ халқи тоҷик рӯ ба таназзул оварда буд. Мавқеи таърихию иҷтимоии ӯ аз ҳар ҷиҳат суст мешуд. Илму адабиёт ва забони пурмояву ширадори тоҷикӣ дар шаҳрҳои бостонӣ шукӯҳу шаҳомати қадимаи худро аз даст медод. Ҷабру ситами аҷнабиён кишварро хароб, мардумро пажмурдаву ноумед сохта, косаи сабрашонро лабрез менамуд.
Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.
Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард, ва аз зери фишри бадхоҳонаш озод намуд... Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт. Дар радифи дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард ва ба як мамлакати ободу зебо табдил ёфт”[1].
Чунин назари воқеан илмии Сарвари давлат ниҳоят фаҳмову нишонрас буда, ба шарҳи иловагӣ эҳтиёҷ надорад. Маҳз ин баҳои Президенти муҳтарам моро водор месозад, ки бори дигар ба пайдоишу раванди заминаҳои эҳёи давлатдории миллӣ ки ба Инқилоби Октябру тақсимоти миллӣ-ҳудудии дар Осиёи Миёна иртиботи бевосита дорад, рӯ оварем. Ба чунин иқдом хосатан таҷлили 100-солагии санади барои эҳёи давлатдории навини халқи тоҷик ниҳоят муҳим – таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таровати тоза мебахшад.
Чи тавре маълум аст, то инқилоби Октябр халқҳои Осиёи Миёна тоҷикон, ӯзбекон, туркманҳо ва қирғизҳо давлати миллии худро надошта, ба таври пароканда дар қаламрави аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қӯқанд сукунат доштанд. Чанд муддате баъди ғалабаи инқилоб ва таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дар ҳайати Федератсияи Русия (1918), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм (1920), масъалаи худмуайянкунии миллатҳо, чун яке аз масъалаҳои марказии ҳокимияти Шӯроҳо чанд муддате ҳалли худро ёфта натавонист. Бо хотима ёфтани Чанги шаҳрвандӣ дар қисми зиёди минтақаи Осиёи Миёна эҳсоси чунин зарурат бештар гардида, барои ҳалли ин масъалаи ниҳоят муҳиму рӯмарра, имконияти бештаре фароҳам омад.
Дар арафаи тақсимоти ҳудудию миллӣ аз рӯи маълумоти нопурра дар минтақа шумораи тоҷикон 1,5 миллион нафарро ташкил медод. Аз ҷумла дар ҶМШС Туркистон 600 ҳазор ва дар ҶХШ Бухоро 802 ҳазор сукунати доимӣ доштанд. Бино ба нишондоди баъзе аз мутахассисон дар ҶМШС Туркистон 47,3 % ва дар Бухоро – 52,3 % тоҷикон буданд[2].
Моҳи майи соли 1924 Бюрои Осиёимиёнагии Кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ-болшевикӣ (КМ ҲК(б) маводи зарурӣ доир ба гузаронидани тақсимотро тайёр карда, барои баррасию қабули расмӣ пешниҳод намуд.
Дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ бо мудохилаи ғаразноки чанде аз аъзои комиссияи тақсимотӣ аз туркгароёни ӯзбек ва ҳамфикрони онҳо аз ҷумлаи тоҷикони худро расман ӯзбек муаррифӣ намуда (Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Хоҷаев) ва беҷуръатии ҳайати зеркомиссияи тоҷикӣ (Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев, М. Саидҷонов), ки хеле баъдтар, ҳамагӣ 3 рӯз пеш аз муҳокимаи муторакаи сарҳадҳо барои Вилояти Мухтори Тоҷикистон ба кори Комиссия ҳамроҳ карда шуда буданд, ба ҳалли одилони ин масъала барои тоҷикон имкон надод.
Шашуми сентябри соли 1924 ҳудуди Вилояти мухтори Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи ҳудудудмуайянкунӣ тасдиқ шуд. Қарори онро 7 сентябр Бюрои осиёимиёнагии Кумитаи марказӣ маъқул шуморид. Вале мудохилаи қатъии Раиси Кумитаи марказии иҷроияи Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев), ки баъди ба Тошкент омадан, бо протоколи Комиссия шинос шуда буд, ба ин қарор тағйироти ҷиддӣ даровард. Ӯ бо мактуб ба И.В. Сталин муроҷиат карда, қайд намуд, ки «масъалаи ба манфиати тоҷикон дахл дошта, ғайриодилона ҳалли худро ёфтааст». Маҳз ҳамин мудохилаи Нусратулло Махсум буд, ки Комиссия қарори худро тағйир дода, ба ҷои вилояти мухтор таъсис додани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро ба мақсад мувофиқ донист[3].
24 октябри соли 1924 Иҷлосияи II-юми КИМ ИҶШС даъвати 2-юм карор дар бораи тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёнаро тасдиқ карда, 27 октябр ба Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС супориш дод, ки ҷумҳуриҳои нав ташкилёфтаи Осиёи Миёнаро расмӣ гардонад. Дар натиҷаи он Ҷуҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбекистон, бо вилоятҳои Душанбе, Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва тумани Қаратоғи вилояти Сари Осиё (аз Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро), вилоятҳои Ӯротеппа, Панҷакент ва вилояти махсуси Помир (аз Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон). бо ҳудуди умумии 135 620 километри мураббаъ, ки аҳолиаш ба 739,5 ҳазор нафар мерасид, таъсис дода шуд. Аз ин шумури аҳолӣ, 65,4%-ро тоҷикон ташкил медоданд[4].
Ҳамин тариқ, ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон чунин воҳидҳои маъмурӣ (вилояту туман ва волостҳо) ворид шуданд:
Вилояти Ғарм: туманҳои Ванҷ, Ғарм, Дарвоз,Ҷиргатол, Қалъаи лаби об, Қалъаи Ҳоит, Оби Гарм;
Вилояти Душанбе: туманҳои Душанбе, Қаратоғ, Файзобод, Ёвон, Янгибозор;
Вилояти Кӯлоб: туманҳои Балҷувон, Кӯлоб, Муминобод, Ховалинг;
Вилояти Кӯрғонтеппа: туманҳои Қӯрғонтеппа, Ҷиликӯл, Қабодиён, Сарои Камар;
Вилояти Панҷакент: волостҳои Офтобрӯя, Искандаров, Кштут, Панҷакент, Фалғар, Моғиён-Фороб;
Вилояти Ӯротеппа: волостҳои Басманда, Ғончӣ, Долён, Мастчоҳ, Ӯротеппа, Шаҳристон:
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 2 январи соли 1925.
Мавриди ёдоварист, ки солҳои 1926-1929 дар ҶМШС Тоҷикистон сохтори маҳаллӣ вобаста ба хусусиятҳои сохтори идоравии собиқ ба чунин воҳидҳои маъмурӣ тақсим мешуд:
а) Дар қисми аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро, ки ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон гузашта буд: вилоят-тумон-кент-ҷамоат;
б) Дар қисми ҳудудии аз ҳисоби Ҷумҳӯрии Мухтори Туркистон ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуда ба: вилоят-волост – деҳа ҷудо мешуд.
Моҳи ноябри соли 1926 кентҳо чун воҳиди маъмурӣ барҳам дода шуданд. Ҳамин тариқ дар ҳарду қисмати Тоҷикистон чунин тарзи идоракунии маҳалии сезинагӣ қарордод шуд: вилоят-волост-деҳа барои ноҳияҳои шимолӣ; вилоят-тумон-ҷамоат барои дигар ноҳияҳо.
Дар ин давра, вобаста ба тақсимоти ишорашуда ҶМШС Тоҷикистон 22 тумон, 18 волост, 200 ҷамоатро дар бар мегирифт. Моҳи декабри соли 1927 Президиуми КИМ-и ҶМШС Тоҷикистон шумораи нави шӯроҳои ҷамоатиро тасдиқ намуд. Мувофиқи он шумораи шӯроҳо аз 274 ба 312 расонда шуд. Акнун онҳо аз рӯи ҳудуд хурд, вале ба халқ наздиктар шуданд. Дар миёнаи соли 1929 ҳамаи вилоятҳо ба округ табдил дода шуданд[5].
Қабл аз аз сурат гирифтани чунин тақсимбандиҳои маъмурии дар боло ишораёфта, 26 ноябри соли 1924 дар шаҳри Тошкент бо мақсади то ба охир барҳам додани босмачигарӣ, таъмини сохтмони осоиштаи сотсиалистӣ ва барқарор кардани хоҷагии халқи харобгардида, мақомоти муваққатии ҳокимияти олии давлатии халқи тоҷик – Кумитаи Инқилобии (Ревком) ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати А. Муҳиддинов, Н. Махсум, (Раиси Кумитаи Инқилобӣ), Б. Дадабоев (муовини раис), А. Ёрмуҳаммадов, И. П. Соколов, Ч. Имомов, Б.Толпиго (Раиси Президиуми Кумитаи инқилобӣ), Акчурин, А.Хамидов, Р. Ҳоҷибоев, Ч.А. Путовский, С. Раҷабов, Педер, И.Ф. Федко, Ш. Шотемур, М. Абдулазиз, К. Идиев таъсис дода шуд.
Аъзоёни Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон.
7-уми декабри соли 1924 Кумитаи Инқилобӣ бо муроҷиат ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон баромад намуда, оид ба таъсиси ҶМШС Тоҷикистон хабар дод. Дар Муроҷиатномаи Кумитаи Инқилобӣ ҳамаи вазифаҳои асосии Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон баён шуда буданд.
Дар масъалаи ташкили дастгоҳи марказии давлатӣ, Кумитаи Инқилобӣ чунин қарор қабул намуд:
Дар навбати аввал ташкил намудани Комиссариати халқии корҳои дохилӣ бо идоракунии маъмурӣ ва шуъбаҳо, Сарраёсати сиёсӣ бо шуъбаҳо дар маҳалҳо, Комиссариати халқии маориф бо нозирон, Комиссариати халқии Адлия, Проратураи давлатӣ бо судяҳои халқӣ ва мақомотҳои прократура дар маҳалҳо;
Дар навбати дуюм ташкил намудани Комиссариати халқии тандурустӣ, Раёсати маркази оморӣ, Комиссариати халқии кишоварзӣ, Раёсати хоҷагии об бо шуъбаҳо ва бахшҳои он дар маҳалҳо, Шуъбаи Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон, Комиссариати халқи савдои дохилӣ пешниҳод гардида буд. Таъҷилан ташкил намудани чунин мақомотҳои Ҳокимияти давлатиро дар ҶМШС Тоҷикистон вазъӣ ниҳоят мураккаби замони идомаи ҷанги шаҳрвандӣ тақозо дошт.
Ба Душанбе омадани ҳайати Кумитаи инқилобӣ 4 феврали соли 1925.
5 феврал Кумитаи Инқилобӣ дар Душанбе оғози фаълият карда, дар бораи 15 март гузаронидани иди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон қарор қабул намуд. Ба ин муносибат барқияи табрикии Котиби Генералии КМ ҲК (б) Умумииттифоқ И. В. Сталин ирсол шуд, ки матни он дар рӯзномаи “Правда Востока” (аз 12 марти соли 1925) ба тариқи зайл омадааст:
“Салом ба Тоҷикистон – Ҷумҳурии нави Шӯравӣ дар назди дарвозаи Ҳиндустон! Ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон аз самими қалб орзӯ менамоям, ки муваффақиятҳои бузург ба даст оварда, ҷумҳурии худро дар байни мамлакатҳои Шарқ, ба ҷумҳури намунавӣ табдил диҳанд.
Тоҷикон таърихи бое доранд; қобилияти ташкилотчигӣ ва сиёсии онҳо дар замонҳои гузашта аз ҳеҷ кас пӯшида нест.
Коркунони Тоҷикистон! Маданияти мамлакати худро баланд бардоред, хоҷагии онро тараққӣ диҳед, ба меҳнаткашони шаҳру деҳот, ёрӣ расонед, беҳтарин фарзандони ватани худро дар атрофи худ муттаҳид намоед ва ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки насли беҳтарини аҷдодони худ буда, байрақи озодиро дар дасти худ маҳкам нигоҳ доштаед.
Зинда бод Тоҷикистони Шӯравӣ!”[6]
15 марти соли 1925 бо тантана Декларатсия доир ба таъсиси ҶМШС Тоҷикистон аз тарафи Нусратулло Махсум қироат карда шуд. Душанбе ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ эълон гардид. Ба ин муносибат намоиши идона баргузор шуда, шумораи нахустини “Овози тоҷик” бо забони тоҷикӣ аз нашр баромад.
Нусратулло Махсум ҳангоми қироати Декларатсия доир
ба таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон 15 марти соли 1925.
Дар ҳамин намоиш матни Декларатсия оид ба таъсиси ҶМШС Тоҷикистон дастраси сокинони пойтахт гардид.
Шиносои амиқ бо матни ин ҳуҷҷати аз оғози эҳёи давлатдории тоҷикон даракдиҳанда. 15 марти соли 1925.
Аз 1-ум то 12-уми декабри соли 1926 дар шаҳри Душанбе анҷумани якуми (муассисони) Шӯроҳои умумитоҷикистонӣ баргузор гардид. Дар он чунин ҳуҷҷатҳои муҳим ба муҳокима гузошта шуда қабул гардиданд:
1. Дар бораи таъсиси ҶМШС Тоҷикистон;
2. Дар бораи ташкили ҷузъу томҳои Артиши когару деҳқони милли тоҷик;
3. Дар бораи милликунонии замин, об, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷангали ҶМШС Тоҷикистон;
4. Дар бораи ҷорӣ кардани таълими ҳатмии умумӣ дар ҶМШС Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар анҷуман чандин қарорҳо оид ба масоили муҳими сиёсии Тоҷикистон аз қабили таъмини пурраи ҳуқуки занон, пурра гузаштани ҳокимият ба ба Кумитаи Иҷроияи Маркази (КИМ) тозаинтихоб ва ғайра қабул гардиданд.
Тақсимоти миллӣ-ҳудудии соли 1924 ва таъсисёбии Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ӯзбекистон, ба ҳамаи нуқсу беадолатиҳои нисбат ба тоҷикон зоҳиршуда нигоҳ накарда, падидаи тақдирсозе буд, ки аз оғози эҳёи давлатдории тоҷикон дарак медод. Маҳз ҳамин мухторияти маҳдуд буд, ки барои тафаккури озодандешӣ ва истиқлолиятхоҳии воқеӣ заминаи қавӣ гузошт. Акнун тоҷики соҳибфарҳангу бедавлати пештара бо назари нав ба мақоми таърихии худ менигарист. Дар ин ҷода шарқшиносони бузурги рус аз қабили В.В.Бартолд, А.А.Семенов, М.С.Андреев, хосатан асарҳои дар рӯҳияи хештаншиносӣ таълифшудаи устод Садриддин Айнӣ, ки бешак асосгузори илми таърихи ватанист ва чанде аз дигар соҳибмаърифатони марказию маҳаллӣ саҳмгузории амиқ доштанд.
Бешубҳа маҳз дар ҳамин давра тамоми заминаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои гузаштан ба зинаи нисбатан баландтари давлатдорӣ гузошта шуд. Бо ибораи дигар, раванди гузариш аз ин зинаи таърихӣ, имконияти ҳалкунанда барои эҳёи давлатдории тоҷиконро бештар фароҳам овард. Акнун бо тақозои замон ва ба бахти миллат дар яке аз гӯшаҳои кӯҳистони давлати бузурги аз дастрафтаи аҷдодон – Давлати Сомониён баъди талошҳои қариб ҳазорсола бо номи ифтихорбахши Ҷумҳурии Шӯравии Сотсталистии Тоҷикистон ташкил ёфт ва ин навиди воқеие буд аз эҳёи давлатдории ин халқи азияти тобеъиятиро ба дӯш дошта.
Бояд қайд кард, ки барои ташкилёбии ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон заминаи мусоид тайёр намудан, заҳмати зиёде ба харҷ додан лозим омад. Дар солҳои мухторияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз дастовардҳои иқтисодиву фарҳангӣ, инчунин бо ҳамроҳ кардани Округи Хуҷанд ва Вилояти Мухтори Бадахшон, ки ба васеъшавии ҳудуд, иқтидори саноатӣ, зиёдшавии шумораи аҳолӣ (1,2 млн, ки тоҷикон 78%-ро ташкил медоданд) ва мавҷуд будани сарҳади тӯлонӣ бо давлатҳои хориҷӣ (Афғонистон, Чин) ба таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мусоидат мекард. Вале аз ҳама шарти муҳим, ин хоҳишу талоши халқи аз ҷиҳати сиёсӣ бедоргашта буд. Акнун бедорфикрони сиёсӣ ва миллии тоҷик аз қабили Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Эмомов ва дигарон онро то дастоварди ниҳоӣ, тасисёбии ҶШС Тоҷикистон расонда тавонистанд.
Ҳамин тариқ, 16 октябри соли 1929 рӯзи тавлиди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таърих сабт ёфт. Ин дастоварди бузургу қисматсоз буд дар эҳёи давлатдории тоҷикон.
[1] Эмомалї Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён. – Лондон, 1999. – С. 103.
[2] Революционный Восток. – 1934. - № 6. – С. 115.
[3] Оид ба ин масъала ниг.: Масов Р.М. История топорного разделения. Ѓ Душанбе, 1991. – С. 38-51.
[4] Иркаев М., Николаев Ю., Шарапов Я. Очерки истории Советского Таджикистана (1917-1957). – Сталинабад, 1957. – 105-106.
[5] История таджикского народа. – Т. III. – Кн. 1. – М., 1964. – С. 189-190.
[6] Иқтибос аз: Иркаев М., Николаев Ю. Шарапов Я. Очерки истории Советского Таджикистана (1917-1957 гг.). – Сталинабад: Таджикгосиздат, 1957. – С. 106-107; Ҳамчунин гиг.: Эркаев М. Барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советї дар Тоҷикистон. – Душанбе: «Ирфон» 1966. – С. 365-366.