Шоиста Исматзода  - ходими илмии
                                            Институти таърих, бостоншиносӣ ва
                                         мардумшиносии ба номи А. Дониши
                                                 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
КОНСТИТУТСИЯ ВА МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА
“Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
 
 Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа пазируфтанд ва дар ҳама самтҳо занону бонувони кишварро дастгирӣ менамоянд, ки ин дастгириҳо барои пешрафти фаъолияти онҳо бисёр муҳим мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.
Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдом гирифтан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсат дар самти масъалаҳои занон ва бонувон мунтазам тақвият мебахшад. Бо дарки муҳимияти дастгирии қувваи ин ду қишри ҷомеа ҳамчун қувваи асосӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ тавассути истифодаи нерӯи занон ва бонувон  дар ташаккул, пешрафти давлат ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ниҳоди давлатдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Зеро таърих исбот намудааст,  ки субот ва пешрафти давлат аз дастгирии ин ду қишри ҷомеа вобастагии зиёд дорад.
Вобаста ба ин, дар риштаи рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои занон ва бонувон дараҷа ва миқёси татбиқи онҳо дар ҳаёти имрӯза таҷассуми худро ёфтааст. Яъне, барои дастгирии ин табақаи ҷомеа дар сатҳи қонунгузории амалкунанда дар баробари қабули қонунҳо, қабули барномаҳои рушди иҷтимоии онҳо ҷиҳати таъмини иштироки васеъ дар ҳаёти ҷамъиятиву идоракунии давлатӣ қабул гардида, самти фаъолияти занон ва бонувон дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ дар мамлакат муайян гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Моддаи 17-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.
Раванди демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои мардон ва занон озодии васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуда, барои ифода ва ҳаллу фасли проблемаҳояшон имконият ба вуҷуд овард. Дар баробари ин ҳоло ҳам рушди озоди иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию таълимӣ бинобар фаъолияти нобаробари сохторҳои гуногун имкониятҳои баробарро барои мардон ва занон таъмин намекунад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии мардон ва занон аз тариқи ислоҳоти сиёсӣ ва аз роҳи татбиқи тадбирҳои мушаххас, ки ба беҳбудии вазъи занон мусоидат мекунад, дахолати давлатӣ лозим аст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.
Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ;  аз 8 августи соли 2001 №391 «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 30 апрели соли 2004 №196 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 31 октябри соли 2005 №421 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», аз 3 марти соли 2006 №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки мақсади онҳо ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.
Зиёда аз ин, ҷиҳати дастгирӣ бо таваҷҷуҳи хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайри имкон мебошад”. 
Занони бомаърифат, соҳибфарҳанг, омӯзгор, устод дар тарбияи фарзанд, оила ва ҷомеа нақшу мақоми арзанда мебозанд. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони фаъоли занони мамлакат бахшида ба Рӯзи модар, 6 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе чунин иброз дошта буд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат,  қадру қимат ва иззату эҳтироми модарон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмати модарон, хоҳарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».
 Сиёсати созандаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои  соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки мақому манзалати занон дар ҷомеа ба маротиб баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳанги тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун гардида истодааст.
Чуноне Сарвари давлат зикр доштанд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, ифату порсоӣ меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона  номи  Зан-Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд. Ҳамин тавр, эҳсос мешавад, ки занон- модарон низ бо азму иродаи қавӣ кӯшиш доранд, ки рисолати пурмасъулияти  ватандорию ватансозиро пешаи худ созанд. Минбаъд низ занони созандаи кишварро мебояд, ки ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу суббот ва оромии ҷомеа расанд, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоранд.
 
 
 
 
Пайнавишт:
  1. Эмомалӣ Раҳмон. Хизмати модарон барои башарият беҳудуд аст: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо занони мамлакат. ш. Душанбе, 6 марти соли 2007 // Минбари халқ. - 2007. - 10 март.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016 // Ҳақиқати Суғд. - 2016. - 24 декабри соли 2016.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» // http://www.president.tj/node/27417.