Аз 27 апрели соли ҷорӣ ҳафриёти бостоншиносии сеҷонибаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва Осорхонаи фонди Лерича-и Италия дар ёдгории таърихии “Чилтанбобо” – и ноҳияи Фархори вилояти Хатлон оғоз гардида, то 22 майи соли 2025 идома меёбад. Дар он бостоншиносон аз ҷониби Тоҷикистон  Филимонова Т.Г. (роҳбаи экспедитсия) ва Ашурмадов И., аз ҷониби Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия  Виноградова Н.М ва  Зинаева С.С.  ва аз   ҷониби Осорхонаи фонди Леричаи Италия  Ҳеованна Ломбардо  иштирок доранд.

Тибқи таҳқиқоти бостоншиносон  зери гуристони ҳозирае, ки то ҳол  мардуми ноҳия истифода мебаранд,  ёдгории бузурги қадима ҷойгир аст.  Дар тўли омўзиши солҳои зиёд  аз ёдгории мазкур бозёфтҳои гуногуни  бостонӣ ба даст омадаанд, ки  ба давраҳои аввал ва миёнаи асри биринҷӣ (миёнаи ҳазораи III  ва аввали ҳазораи II-и  пеш аз милод ) рост меоянд.

Корҳои бостоншиносӣ идома дошта, натиҷаи он дар шакли мақолаҳои илмӣ ва илмӣ оммавӣ нашр мегардад.

screenshot_20250507180028.jpeg