08 майи соли 2025 дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Неъматов Икромиддин – номзади илмҳои таърих, Сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзӯи “Шуҷоат ва қаҳрамонии тоҷикистониён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад намуд.
Мавсуф дар суханрониашон нақши фарзандони ҷасур ва ватандӯсти тоҷикро дар таъмини ғалаба бар фашизм назаррас ва ҳалкунанда арзёбӣ карданд. Қайд гардид, ки садҳо ҳазор тоҷикистониён дар сафи Артиши Сурх бар зидди ишғолгарони фашистӣ мубориза бурда, садоқат ва ҷоннисорӣ нишон доданд.
Чорабинӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои падарону бобоён, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ миёни насли ҷавон ва ёдоварӣ аз саҳми арзандаи миллати тоҷик дар таърихи ҷаҳонӣ баргузор гардид.