Санаи 13.06.2025 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи «История взаимоотношений оседлого и кочевого населения Средней Азии в средневековье и новое время» («Таърихи муносиботи мутақобили сокинони муқимӣ ва кӯчии Осиёи Миёна дар садаҳои миёна ва нав»), ки ба қалами доктори илмҳои таърих, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев ва докторони илми таърих Ҳамза Камол ва Абдуқаҳҳор Саидов тааллуқ дорад, ҳамчунин рисолаи профессор Абдуқаҳҳор Саидов «Вазъи сиёсии Хурсони Бузург ва Эрон дар асри XIII – нимаи аввали асри XIV» дар маҳфили “Хирад” рӯнамоӣ гардиданд.
Муаллифон дар рисолаи «Таърихи муносиботи мутақобили сокинони муқимӣ ва кӯчии Осиёи Миёна дар садаҳои миёна ва нав» ҷуғрофиёи сукунати таърихии тоҷиконро дар густурдаи Осиёи Марказӣ манотиқи Суғд (ҳавзаи Зарфшон ва Қашқадарё), Хоразм, водии Фарғона, Чочу Илок (ҳавзаи Чирчиқ ва Оҳангарон), Бохтар (ҳавзаи Амударё), ҳавзаҳои Ҳилманд, Ҳарируд, Аргандоб, Хомун маҳсуб медонанд.
Дар ин рисола роҷеъ ба мафҳумҳои ҷуғрофиёии Турон, Хуросон ва Хуросони Бузург тавзеҳоти муфассал дода шуда, раванди барқарории муносиботи мутақобили сокинони бумии Осиёи Миёна бо қабилаҳои кӯчӣ дар дарозои таърих муайян шудааст, ки ибтидо хусусияти инфродӣ ва мусолиматомез дошт ва баъди таъсиси Хоқонати Турк дар охири садаи шашуми милодӣ ин муносибот хусусияти носолим ва дуруштро ба худ мегирад. Муносибатҳои сокинони бумӣ бо хаймабадӯшон дар садаҳои миёна ва поёни садаи миёна бо вуҷуди ин, ки бештар хусусиёти хасмона дошт, аммо дар ин замон раванди муқимӣ шудани кӯчиён оғоз мешавад ва дар шаҳрҳои марказии Осиёи Миёна ва пиромуни онҳо дастаҷамъона сокин шудани қабилаҳои кучӣ аз асри ёздаҳ оғоз шуда, дар асри шонздаҳум шиддат мегирад.
Рисолаи дигаре, ки рӯнамоӣ гардид ин “Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри XIII ва нимаи аввали асри XIV” унвон дошта, ба рухдодҳои асри XIII ва нимаи аввали асри XIV, ки дар таърихи халқи тоҷик яке аз замони пурфоҷеа ва мудҳиш ба шумор меравад, бахшида шудааст. Дар ин давра муғулҳои истилогар ба сарзамини Хуросони Бузург (Мовароуннаҳру Хуросон) ва Эрон ҳуҷум намуда, ваҳшонияти бемислу монанд нишон доданд. Муғулҳо марказҳои асосии иқтисодиву фарҳангии халқи тоҷикро ғорату хароб намуда, бисёр шаҳру деҳотро ба вайрона табдил дода, аҳолии ин минтақаро, ки аксаран тоҷикон буданд, қатли ом намуданд. Дар натиҷаи афзудани шумораи қабилаҳои кӯчӣ дар ин сарзамин ва рӯ ба кӯҳистон овардани мардуми бумӣ нуфузи кӯчиёни чорводор зиёд гашта, майдонҳои киштзор ба чарогоҳҳо табдил ёфтанд, ки ин ба таназзули кишоварзӣ ва дар иқтисодиёти мамлакат ба ҷои заминдорӣ афзудани нуфузи чорводории кӯчӣ мунҷар гардид. Муаллиф бо иттико ба шаст манобеи таърихии муътабар ва ҳамчунин осори ховаршиносон ва муаррихони маъруф ин замонро ба таҳқиқ кашидааст.