17.04. 2025 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Конференсияи илмӣ дар мавзуи  «Ваҳдати миллӣ оғози марҳилаи нав дар таърихи Тоҷикистони мустақил» бахшида ба 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ н.и.т., дотсент Муродзода А.А. оғоз намуда, қайд намуд, ки барои ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурпечу тобро тай намудааст. Ва ҳоло ҳар як ҷавони хештаншиносро мебояд ба қадри ин неъмат бирасад ва онро пос дорад.

   Сипас, д.и.т. Ҳотамов Н.Б. дар мавзуи «Ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ» баромад намуданд. Конференсияро н.и.т. Неъматов И. бо маърузаи пурмӯҳтаво дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва омили ҳастии миллӣ» идома дод. Ба кори Конференсия корманди шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нав Нуруллозода Ҳ. бо маърузаи худ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – кафолати субот ва рушди устувори Тоҷикистон» ҳусни анҷом бахшид.