Духтури хуб ҳамеша дар тадқиқот аст, агар дар омӯзишгоҳ (лаборатория) набошад, пас дар сари бистари бемор аст.

                                                                           (В.А. Манассейн)

  Соли 1928 — оғози як наҷот ва тавллиди умед: Соли 1928 на танҳо як санаи тақвимӣ, балки марҳилаи тақдирсоз ва хотирмон дар сарнавишти миллати тоҷик аст. Замоне, ки тану ҷони захмии мардум аз дарду ранҷи бемориҳои сироятӣ ба фиғон омада, шуълаи умеди зиндагӣ дар дилашон хомӯш мешуд, нури умеде аз дур намоён шуд. Рӯзҳои сиёҳе, ки бар сари мардуми мусибатзадаи кӯҳистони биҳиштосои мо омада буд ғамхонаеро мемонд. Бо расидани аввалин қудуми мубораки академик Евгений Никанорович Павловский ба ин диёр ҳамчун наҷотбахш аз он шаҳодат медиҳад, ки номи ӯ то абад дар қалби миллат нақш хоҳад баст.
   Ӯ на танҳо як донишманд ва табиб буд, балки ба Тоҷикзамин чун фариштаи раҳмату наҷот омад. Гӯё фаро расидани ӯ ба ин диёр, мисли нузули нур аз осмон буд, нуре дар ториктарин лаҳзаҳои таърихи тоҷикон шуълаи ҳаётро бедор кард. Он лаҳза мардум дар гирдоби бемориҳои таҳдидкунандаи ҳаёт — вабо, ҷоғар, дарунравӣ, домана,  то туберкулёз мубтало буданд садои кӯмакнорасон дар фазои кӯҳистони душворгузар гум мешуд, Павловский бо ҳамсафаронаш мисли чароғе дар шаби тор вориди саҳнаи таърих гардид.
   Ӯ на танҳо беморонро муолиҷа мекард, балки дар дили ҳазорҳо нафар — пирамардону кӯдакон, модарону духтарон — умед, меҳр ва бовариро зинда мекард. Зеро ин мардум на танҳо ҷисман бемор буданд, балки аз ҷиҳати равонӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ низ шикаста буданд. Вале Павловский, бо қалби пур аз муҳаббат, дар ин торикӣ шуълаи равшаниро даргиронд, ки то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст.
   Павловский поягузори иродаи илмӣ, муҳаррики эҳсоси башардӯстӣ ва муҳандиси роҳи наҷоти миллати тоҷик буд. Номи ӯ имрӯз низ бо эҳтиром ва ифтихор садо медиҳад, чун ӯ инсониятро бар ҳама чизи дигар бартарӣ медод.
Дар пайи беморӣ — роҳи нозуки наҷот: Сафарҳои академик Евгений Павловский ба минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, махсусан ба ноҳияҳои кӯҳистони Ғарм ва Мастчоҳ, танҳо як экспедитсияи илмӣ набуд, балки як қаҳрамонӣ буд. Дар шароити набудани роҳ, шабҳои сарду гуруснагӣ, таҳдиди марг аз ҷониби босмачиҳо ва хатарҳои бемориҳои сироятӣ, Павловский ҳамчун роҳбар бар гардани худ масъулияти наҷоти мардумро гирифт.
   Онҳо ба деҳаҳое мерафтанд, ки дар он ҷо ҳатто номи «табиб»-ро бархеҳо нашунида буданд. Бемориҳо чун сояи марг ба хонадони мардум соя андохта буданд — аз вабо, дарунравӣ, домана ва бемории ҷоғар, ки дар гулӯҳояшон ба андозаи харбуза варам карда, онҳоро нафасгир мекард, вале Павловский, бо дилу нияти пок, дар ҳар деҳа, беморонро муоина кард ва мардумро бо усулҳои тибби муосир табобат намуд.
   Ӯ шабҳо дар хиштхонаҳои сарду партофташуда мехобид, рӯзона дар роҳҳои хатарноки санглох ба дунболи беморон мерафт.
   Саргарми ҷонбахшӣ дар миёни хатарҳо: Яке аз ҳодисаҳои пурасрор ва тақдирсоз дар зиндагии Павловский, вохӯрии ӯ бо гурӯҳҳои босмачиён буд, ки бо одамони бегона, хусусан намояндагони Ҳукумати Шӯравӣ, бо бадбинӣ муносибат мекарданд. Вақте яке аз саркардагони ин гурӯҳ, Фузайл Махсум, Павловскийро дастгир кард, интизори он буд, ки ҳоло ҷазои сахт медиҳад. Аммо суханони ором ва муътамади табиб, далел аз оятҳои Қуръон, ки Павловский азёд медонист, ва мақсади поки ӯ — яъне табобати мардум — дили ҳатто душманро нарм кард. Аз ҳамон рӯз, ҳеҷ кас дастаи табибонро дигар озор надод. Баръакс, худи босмачиён шабона ба назди табибон меомаданд, то захмҳояшонро муолиҷа кунанд. Павловский танҳо бо дору беморӣ намечаспонд — ӯ бо самимияту сухани меҳрубон умедро дар дилҳо месабзонд.
   Як кӯдаки зинда — умеди як миллат: Сафар ба деҳаи Ғузн яке аз сахттарин ва таъсирбахштарин сафарҳои ҳаёти Павловский гардид. Пас аз он ки мардуми маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин деҳа ягон ҷони зиндае намондааст, бисёриҳо аз ҳамсафаронаш аз рафтан ба он ҷо даст кашиданд. Аммо Павловский, ки дар дилаш умеди наҷоти ҳар ҷонваро нигоҳ медошт, тасмим гирифт худаш ба он деҳа танҳо равад. Сабоҳат Шарифова, ҳамсафари ҷавонаш, ҳамшираи тиббӣ, ки аз Душанбе бо онҳо ҳамроҳ шуда буд, низ аз паси ӯ пинҳони ба деҳаи Ғузн рафт. Роҳ душвор, ҳаво сарду ғуборолуд буд, дар наздикии деҳа Сабоҳат пойлуч ба санге пой гузошт, лағжида, ба ҷӯйбор афтода доду фиғон бардошт, Павловский ба ақиб нигоҳ карда Сабоҳатро дид ва ба сараш доду фиғон кард, ки чаро бо гурӯҳ намонд вале боз дилаш сӯхта ӯро наҷот дод, оташ афрӯхта либосашро хушк кард ва бо чеҳраи парешон гуфт:
   «Ман меравам... ту ист, гарм шав, сипас ҳамроҳ роҳамонро давом медиҳем». Павловский ба деҳа ворид шуд. Чунон ки гумон мерафт, хонаву кӯчаҳо холӣ буданд. Танҳо садои нозуки гиряе, мисли навои кӯдаки ноумед, шунида мешуд. Ӯ ба садо пайравӣ карда, вориди хонаи фарсудае шуд дар он ҷо тифле тахминан 3-4 сола дар гӯшае меларзид. Павловский ӯро дар куртааш печонида, бардошта ба берун оварда ва ба бағали Сабоҳат гузошт. Ӯро ба деҳаи Оббурдон оварданд, мардум, ки бо ашк ба ин мӯъҷиза менигаристанд, гуфтанд: «Ба ин кӯдак бояд номи нав гузорем— номи касеро, ки ӯро умри дубора дод. Доктор, номи шумо чист? Гуфта пурсид даҳмардае, ки фарзанд надошт» — Евгений, — ҷавоб дод ӯ. Даҳмарда бо эҳтиром гуфт: «Номи Евгений барои мо душвор аст. Мо ӯро “Ғани” меномем — номи тоҷикона, вале хотираи ту ҳамчун падар дар қалби кӯчаки ӯ ҷовидон хоҳад монд». Кӯдак бо номи Ғани Павловский ба воя расид, таҳсил кард, духтур шуд ва ба зодгоҳаш баргашт, то мисли наҷотбахши худ ба халқ хидмат кунад. Ин на танҳо як саргузашт, балки рамзи таъсири ҷовидонаи муҳаббати як табиб ба мардум буд.
   Дар ҷустуҷӯи шифо, бо дарди талафоти ҷон: Дар лаҳзае ки гурӯҳ омодагӣ ба бозгашт ба Душанбе мекард, осмон боз торик шуд… на аз абр, балки аз сояи як талафоти шадид. Дар чеҳраи Сабоҳат — ҳамсафари фидокор ва нандонрӯй — нишонаҳои хастагӣ ва беморӣ пайдо шуд. Павловский, ки то он дам дар чандин деҳаҳои дурдаст табиб ва умедвории мардум буд, ин бор худро нотавон эҳсос кард:
   «Дер кардем... вабо аллакай тамоми баданашро фаро гирифтааст», — гуфт ӯ бо алам ба ҳамкораш доктор Малсев. Сабоҳати ҷавон — танҳо 21-сола буд. Бо ҷонфидоии беназир дар паҳлуи Павловский ба ҳар гӯшаи хатарнок рафт, дар хунукӣ хобид, аз бовару шубҳаи мардум гузашт ва на танҳо ҳамчун ҳамшираи шафқат, балки ҳамчун фарзанди ин миллат хизмат кард. Ӯро дар хонаи ҷудогона нигоҳ доштанд, кӯшиш карданд табобат кунанд. Аммо беморӣ рӯз аз рӯз авҷ мегирифт. Дар охирин рӯзҳои маргаш, овозаш пасту заиф гашт, сухан гуфтан барояш душвор, чашмонаш пурдард, вале пурмуросо буданд. Павловский, ки одат дошт ҷони дигаронро наҷот диҳад, ин бор худро нотавон дид. Ӯ бо чашмони гирён, дасташро ба болои дасти ӯ ниҳода таскинаш медод: «Ту қаҳрамонӣ… ту фарзанди ин халқ ҳастӣ. Ман ба ту ифтихор мекунам». Аммо, мутаассифона, шуълаи фурузони умри  Сабоҳат ба поён расид. Ӯро бо эҳтироми бузург дар оромгоҳи деҳаи Оббурдон ба хок супурданд. Павловский хомӯш дар канори гӯр нишаст. Бори гарони нокомии шахсе, ки ба ӯ муҳаббати беандоза дошт дар дилаш сангин буд. Вай бо дарди амиқ гуфт: «Ин беадолатии зиндагист. Ӯ на барои худ, балки барои дигарон зинда буд… ва барои дигарон ҷонашро фидо кард». Ин талафот боқии умри Павловскийро ҳамроҳӣ кард. Ӯ дигар на он марди собиқ буд — аз дарун шикаста, вале аз берун ҳамоно устувору фидокор. Барои он ки дар ин дард худро гум накунад, худро саргарми илм кард. Ҳар куҷо мерафт, ҳар табибе, ки тарбия мекард, як порчаи муҳаббати ӯ ба Сабоҳатро бо худ мебурд.
    Мероси илмӣ ва таваллуди насли наҷот: Ҳарчанд шиддати дард аз талафоти Сабоҳат дар дили Евгений Павловский ҳамеша намемонд, ӯ ин андӯҳро ба қувваи илҳомбахш табдил дод. Дар баробари табобати беморон ва таҳқиқи бемориҳои сироятӣ, Павловский нақшаи бунёди як низоми устувори тиббии маҳалиро дар сар парвариш медод. Ӯ фаҳмид: барои он ки тоҷикон дигар ҳеҷ гоҳ ба чунин фоҷеа рӯ ба рӯ нашаванд, бояд дониш, табиб ва таҷриба то деҳоти кӯҳистон расонда шавад.Бо талошу пешниҳодҳои ӯ, дар якчанд гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон аввалин бунггоҳи тиббии фелдшерӣ (фельдшерско-акушерские пункты) таъсис ёфтанд. Барои аввалин бор, дар деҳаҳое, ки то ҳол, ҳатто номи доруро нашунида буданд, ҳоло табибон, ҳамшираҳои шафқат ва ваксинаҳо пайдо шуданд. Бо дастгирии ӯ дар сохтори илмии ҷумҳурӣ кадрҳои маҳаллӣ, махсусан духтурони ҷавони тоҷик, ба майдони илм ворид гардиданд. Донишҷӯёнеро, ки ӯ таълим дода буд, баъдан мутахассисони сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ шуданд. Павловский медонист, ки дар ҷанг бо беморӣ, бузургтарин силоҳ — илм ва инсоният аст.
   Ғани — кӯдаке, ки номи Павловскийро зинда нигоҳ дошт: Яке аз меваҳои амиқи ин меҳнату фидокорӣ, на танҳо дар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои тиббӣ дида мешуд, балки дар тақдири худи кӯдаке, ки Павловский дар Ғузн наҷот дода буд. Ғани, ки бо номи Евгений шинохта шуд, пас аз таҳсил дар мактаби интернати Душанбе, бо тавсияи мардуми деҳа ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон дохил шуд. Ӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда ба зодгоҳаш, деҳаи Оббурдон баргашт — маҳз ҳамон ҷо, ки кӯдакӣ ва наҷоташ оғоз ёфта буд. Ғани на танҳо духтур шуд, балки рамзи наслҳои баъдӣ гардид: наслҳое, ки наҷот ёфтанд, рушд карданд ва худашон дармонбахши дигарон гардиданд. Ӯ бо академик Павловский дар тамос буд, доимо ба ӯ нома менавишт, шукргузори баён мекард. Чунон ки навиштаанд, Павловский пас аз гирифтани он нома ашк дар чашм дошт. Ашки ором ва пурмаънӣ: «Дардманде, ки шифо ёфт, имрӯз худ шифобахш шудааст. Пас, ҷонфидоии мо беҳуда набуд...»
Павловский ва Тоҷикистон — муҳаббате, ки аз таърих болотар аст: Пас аз анҷоми аввалин экспедитсияи илмӣ ва табобатӣ дар Тоҷикистон, Евгений Никанорович Павловский ҳаргиз аз ин сарзамин рӯй нагардонид, барои ӯ Тоҷикистон дигар як давлат поррае аз Иттиҳоди Шӯравӣ набуд — он хонаи дуюми ӯ шуд. Ватане, ки на бо забон, балки бо дард, бо меҳрубонӣ ва бо ҷон шинохта буд.
    Дар тамоми давоми фаъолияташ, ҳатто вақте дар зинаҳои баландтари илмӣ ва давлатӣ қарор дошт, номи Тоҷикистон ҳамеша бо эҳтиром дар лабонаш буд. Вай дар рушду ташкили марказҳои илмии тандурустӣ дар кишвар саҳми назаррас гузошт. Бо ташаббуси ӯ аввалин харитаи эпидемиологии Тоҷикистон таҳия гардид, ки имрӯз низ ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ ва илмӣ арзиш дорад.
  Павловский ҳамеша таъкид мекард: «Агар илми ман ба наҷоти як ҷон хизмат карда бошад — ман худро муваффақ медонам»
   Ӯ ба ҷавонон на танҳо илму таҷриба, балки дарси одамият, ватандӯстӣ ва садоқат ба инсониро меомӯзонд. Ин тарзи зиндагӣ ва кор, Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое қарор дод, ки дар мубориза бо бемориҳои тропикӣ ва сироятӣ таҷрибаи комил пайдо намуданд.
   Тоҷикистон ҳам дар навбати худ, муҳаббати ин мардро фаромӯш накард. Дар дилу хотири мардум ӯ на ҳамчун як муҳаққиқ, балки ҳамчун «табиби қалби миллати тоҷик» боқӣ монд. Номи ӯ дар китобҳо, дар ёдҳои пирони кӯҳистон, дар хандаҳои кӯдакони наҷотёфта ва дар дасти духтурони тоҷике, ки имрӯз дар кӯҳистонҳо мардумро табобат мекунанд, зинда аст.
   Хулоса: Қалбе, ки барои халқ метапид... Ҳаёти Евгений Никанорович Павловский намунаи олии он аст, ки инсон бо қалби самимӣ, бо масъулият ва муҳаббат метавонад таърихи як миллатро дигар кунад. Вай дар роҳи наҷоти мардум қадами устувор гузошт ва бо ишқи пок ба инсон, сарфи назар аз миллату нажод, хизмат намуд. Имрӯз, ҳангоми ба ёд овардани ӯ, метавон бо ифтихор гуфт: «Ӯ табиби беморон набуд — табиби халқ буд».

Азизуллозода Майсара

ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи. А Дониш, АМИТ