КОРҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ҚАЛЪАИ ЛОҲУТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
 
Аз 11 июл то 27 августи соли 2025 дар бори нахуст дар Қалъаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Т.У. Худжагелдиев (сардори экспедитсия), А.Ф. Шарипов, И.К. Ашурмадов, Ф.Н. Шоинбеков (кормандони шуъбаи бостоншиносӣ), М.Т. Шарипов (Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон), ронанда Ғ.Қ. Бурҳонов ва коргарони маҳаллӣ экспедитсия бостоншиносӣ анҷом дода шуд. Масоҳати умумии ёдгорӣ 25x60 метр буда, баландтарин нуқта дар қисми ҷанубӣ 4 м ва дар қисми шимолӣ 7 м-ро ташкил медиҳад. Ҳафриёт дар қисми ғарбии қалъа дар масоҳати 400 м² гузаронида шуд. Дар натиҷа се давраи зисти одамон дар ин қалъа ошкор карда шуд.
Давраи аввали ин         ёдгорӣ аз боқимондаҳои бурҷи гӯшаи шаклаш гирд аз похса иборат мебошад, ки дар чуқурии 2,5–4 м ҳафриёт кашф гардид. Дар асоси сиккае, ки дар дохили он ёфт шуд, ин сохтмон ба асри XIII мансуб дониста мешавад.
Давраи миёна бо қабатҳои хокистар, чоҳҳои партов, сандалиҳо ва сатҳе бо миқдори зиёди санги осиёби дастоз ва обӣ муаррифӣ мешавад.
Дар асоси сиккаи ёфташуда ин давра ба асри XV таърихгузорӣ шудааст.
Давраи охирин бо маҷмӯи ҳуҷраҳо дар чуқурии 1–1,5 м нишон дода мешавад. Яке аз ҳуҷраҳо масоҳати 3х3 м ташкил намуда, бо таҳкурсӣ (ба паҳнои то 2 м), ки аз сангҳо сохта шудааст, иҳота гардидааст. Баландии таҳкурсӣ то 1,3 м мерасад. Аз тарафи ҷанубӣ боқимондаҳои сохтмонҳои хоҷагидорӣ ба он мепайванданд.
Аз байни бозёфтҳо пораҳои зарфҳои сафолии дастсохт, ашёи оҳанин, ҷавоҳирот, пораҳои шиша, инчунин як тӯмори аз устухони фил сохташуда ва пораҳои зарфҳои чинии воридотӣ ёфт шуданд. Тибқи стратиграфияи ҷойгиршавӣ ва шакли зарфҳо сохтмонҳои болоӣ ба асрҳои XVIII–XIX таърихгузорӣ мешаванд.
Давраҳои болоӣ ва поёнӣ бо боқимондаҳои сохтмони қалъачаи хурде муаррифӣ мешаванд, ки ҳамчун посбонгоҳ дар ин ҷо бунёд гардида буд. Давраи миёна бо боқимондаҳои сохтмонҳои хоҷагидорӣ нишон дода мешавад.

 

Хуҷагелдиев Т.У.,
ходими пешбари илмии шуъбаи бостоншиносӣ
1_stranica_2.jpg 1_stranica_3.jpg1_stranica_4.jpg 1_stranica_5.jpg