TJ
КАШФИ БОШИШГОҲИ НАВИ ПАЛЕОЛИТӢ БО таърихи 0,5 МИЛЛИОН СОЛ ДАР Ховалинг
Аз 20 сентябр то 2 октябри соли 2025 дар водии дарёи Ёхсуи ноҳияи Ховалиг экспедитсяи байналмилалии геологӣ-бостоншиносӣ бо иштироки ходимони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Хуҷагелдиев Т.У., Шарипов А.Ф.), Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Россия (н.и.ҷ. Р.Н. Қурбонов) ва факултаи география ва уқёнусшиносии Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин ((проф. Х.Ванг, доцент Н. Немиер, студенты Я. Чен и Ш.Янг), анҷом дода шуда, бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 0,5 миллион сол кашф гардид.
Гузаронидани таҳқиқоти геоархеологии ёдгориҳои асри санг дар Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими омӯзиши марҳилаҳои қадимтарини маскуни инсон дар Осиёи Марказӣ ва таҳқиқи эволютсияи шароити табиӣ дар давраи плейстотсен мебошад. Ҳангоми мавсими ҷорӣ объекти асосии таҳқиқ як буриши геологии зардхокӣ бо дарозии тахминан 1 километр интихоб карда шуд, ки дар доманаи шарқии қаторкӯҳи Кӯғитек – бахшгоҳ (обтақсимкунак)-и дарёҳои Оби Мазор ва Ёхсу – ҷойгир аст. Баландии умумии буриши зардхок тақрибан 150 метрро ташкил медиҳад ва поёнтар аз он, то маҷрои дарёи Ёхсу қабатҳои ҳарсанг ҷойгиранд. Баландии мутлақи он 1990 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад. Дар доманаи ҷанубии он, дар баландии 1950 метр, ағбае воқеъ аст, ки роҳ ба самти Ховалинг-Шугнов аз он мегузарад.
Дар ин буриш дар баландии гуногун 10 қабати сурххокҳои қадим бо ғафсии тақрибан 2–2,5 метр муайян гардиданд. Ранги қабатҳои сурххок, ки дар шароити иқлими гарм ва намнок ташаккул ёфтаанд, дар муқоиса бо зардҳок, ки дар давраҳои хунук ва хушк пайдо шудаанд, хеле хуб намоён мебошад. Ба ин тартиб ивазшавии қабатҳои сурххок ва зардхок дар буриш ивазшавии пайдарпаи давраҳои сард (яхбандӣ) ва гарм (байнаи яхбандӣ)-ро дар тӯли тақрибан 800 ҳазор сол инъикос мекунад.
Кашфи бошишгоҳи нави асри санг дар натиҷаи меҳнати чандрӯза ва пурмашаққати гурӯҳи бостоншиносон оид ба тозакунии сатҳҳои қабатҳои сурххокҳои қадим буд. Танҳо рӯзи чорум дар қабати панҷуми сурххок ду ашёи сангии бостонӣ ёфт шуданд, ки асос барои оғози корҳои ҳафриётӣ дар ин мавзеъ гардид.
Ҳафриёт дар масоҳати тақрибан 10 метри мураббаъ гузаронида шудааст ва қабати дорои осори маданиро бо ғафсии 2,5 метр ошкор намуд, ки дар он 31 артефакти сангин ёфт гардид. Артефактҳо аз як нуклеуси навъи радиалӣ, парахаҳо, парахаҳои дарозшакл, нӯгтез ва шикастпораҳо иборат буданд. Ба гурӯҳи олотҳо аз рӯи типология метавон чанд намунаи коркардшударо шомил кард, аз ҷумла ду харошаки белчамонанд бо нишонаи коркарди дуюмдараҷа, табари дастӣ бо канори тезу дароз ва корд аз параха сохташуда мебошад. Барои пора кардани санг одамон сангҳои дарёгиро (зароғанро) истифода мебурданд. Саноати сангии ин бошишгоҳи нав барои маданияти бостоншиносии Қаратоғ давраи аввали палеолит дар ҷануби Тоҷикистон хос мебошад. Хусусияти фарқкунандаи ин маданият дар истифодаи техникаи соддаи пора кардани санг ва зуҳури заифи усули пешрафтаи Леваллуа мебошад (Ранов, 2001, саҳ. 7).
Синни бошишгоҳи нави бостоншиносӣ аз рӯйи мавқеи стратиграфиии қабати 5-уми сурххок ва қабати мадании ба он вобаста муайян карда мешавад. Қабати 5-ум (педокомплекс) тибқи ҳамоҳангсозии он бо марҳалаи 13-уми ҷадвали изотопӣ-оксигенӣ (МИС 13) дар доираи 528–474 ҳазор сол пеш таърихгузорӣ мешавад (Додонов, 2002, саҳ. 106).
Ин гуна маҳалҳои зисти одамони навъи Homo erectus на ҳамчун бошишгоҳҳои асосӣ, балки ҳамчун истгоҳҳои муваққатии гурӯҳҳои хурди шикорчиён ва ҷамъоварандагон баррасӣ мешаванд, бинобар ин онҳо “эфемерӣ” (кӯтоҳмуддат) номида мешаванд. Масканҳои асосии онҳо, эҳтимолан, дар водиҳо ва соҳилҳои дарёҳо ҷойгир буданд, вале айни замон қариб пурра аз байн рафтаанд.
Аҳамияти кашфи бошишгоҳи нав, ки бо номи Ёхсу номгузорӣ шудааст, дар он аст, ки он ба гурӯҳи маҳалҳое мансуб аст, ки хусусияти фарқкунандаи онҳо асоси равшани маданӣ-хронологӣ мебошад. Арзиши он дар вазъияти равшани стратиграфии ҷойгиршавии қабати маданӣ дар буриши геологӣ зоҳир мегардад. Чунин бошишгоҳҳо ҳамчун «геоархеофактҳо» номгузорӣ шудаанд (Додонов, Ранов, 1987, саҳ. 187).
Ҳамзамон, бо корҳои бостоншиносӣ гурӯҳи ҷуғрофиёшиносон ва хокшиносони экспедитсия (Р.Н. Қурбонов, П.М. Сосин, проф. Х. Ванг) аз тамоми баландии буриши геологӣ намунаҳои зардхок ва сурххокро ҷамъоварӣ намуданд. Ҳадафи ин кор гузаронидани таърихгузорӣ бо усули палеомагнитӣ ва OSL, таҳлили палинологӣ, таҳқиқи минералҳои магнитӣ ва таҳлили таркиби кимиёвии онҳо мебошад.
Маводи бадастомадаи бошишгоҳи навкашфшуда дар мавсими таҳқиқоти соли 2025 имкон медиҳад, ки тасаввуроти мо дар бораи хусусиятҳои саноати сангии тақрибан 0,5 миллионсола ба таври назаррас васеъ гарданд. Таҳлили намунаҳои хок, ки аз қабатҳои геологӣ гирифта шудаанд, донишҳои моро оид ба хусусиятҳои шароити табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба равандҳои маскуни инсон дар болооби дарёи Яхсу дар давраи байни 0,1 то 0,8 миллион сол пеш ба таври ҷиддӣ васеъ хоҳад кард.
Адабиёт
Додонов А.Е. Четвертичный период Средней Азии: Стратиграфия, корреляция, палеогеография. – Москва, 2002. – 250 с. (Тр. ГИН РАН, вып. 546).
Додонов А.Е., Ранов В.А. Геохронология памятников каменного века южного Таджикистана // Новые данные по геохронологии четвертичного периода. – Москва: Наука, 1987. – С. 187-196.
Ranov V.A. Loess-paleosol formation of Southern Tajikistan and the loess Palaeolithic // Praehistoria. 2001. Vol. 2. P. 7-27.
Т.У. Хуҷагелдиев (сардори экспедитсия), А.Ф. Шарипов ,
ходимони илмии ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ