RU
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ «ҶАМЪИЯТИ ОМӮЗИШИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРДУМОНИ ЭРОНИТАБОРИ БУРУНМАРЗӢ»
17 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори бурунмарзӣ: таърих ва сабақҳо» ба ифтихори 100-солагии таъсиси Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори бурунмарзӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Институт, олимон, муҳаққиқон ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, доктори илмҳои таърих Муродзода А.А. оғоз гардид. Ӯ дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки таъсиси «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори бурунмарзӣ» яке аз нахустин қадамҳо дар ташаккули тафаккури илмӣ ва худшиносии миллӣ дар таърихи Тоҷикистони муосир мебошад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз тавассути фаъолияти илмии аъзои ин ҷамъият асосҳои аввалини тоҷикшиносӣ гузошта шуда, ташаккули мактаби илмии ватанӣ поягузорӣ гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш чанде аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла Пирумшоев Ҳ., Убайдулло Н.К., Ҳотамов Н.Б., Раҷабов А., Додихудоева Л.Н., Абдурашитов Ф.М., Кабилова Б.Т., Ғафуров А.М., Акрамов М.И., Неъматов И., Шовалиева М.С. ва Наврузбеков М. бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Дар маърӯзаҳои онҳо масъалаҳои ташаккули идеологияи миллӣ, роҳҳои таъсири «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва мардумони эронитабори бурунмарзӣ» ба бедории фикрӣ, нақши он дар таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва густариши худшиносии миллӣ мавриди баррасии илмӣ қарор гирифт
Дар рафти муҳокимарониҳо иштирокчиён аҳаммияти эҳёи хотираи таърихӣ, зарурати таҳқиқи манбаъҳои бойгонӣ ва нақши ниҳодҳои илмиро дар арсаи ҷаҳонии муаррифии миллати тоҷик таъкид намуданд.
Конференсия бо қабули тавсияҳои илмӣ ва пешниҳоди ташкили маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ҷамъбаст гардид.
Ин чорабинии илмӣ як марҳалаи муҳимми нав дар ҷараёни таҳқиқи таърихи ташаккули мактаби тоҷикшиносӣ ва рушди тафаккури миллӣ арзёбӣ шуд.