RU
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
14 ноябри соли 2025 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи давлатдории миллӣ», бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр), баргузор гардид.
Чорабиниро директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти таърихӣ ва илмиву сиёсӣ доштани мавзуъро таъкид кард. Ӯ зикр намуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи давлатдории миллӣ ва пойдории истиқлолият мавриди омӯзиш ва таҳлили амиқи илмӣ қарор дорад.
Дар идома як қатор маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби ҳайати профессорон ва кормандони илмии Институт анҷом дода шуданд.
Семинар бо мубодилаи андеша, баҳсҳои илмӣ ва хулосаҳои судманд ҷамъбаст гардида, аҳамияти омӯзиши ҳамаҷонибаи сиёсати давлатӣ ва рушди низоми давлатдорӣ таъкид шуд.
