RU
ҚОНУН ДАР БОРАИ АРХЕОЛОГИЯ (БОСТОНШИНОСӢ) ҲАМЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бори дигар аҳаммияти стратегии ҳифз ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси пурғановату таърихию фарҳангии халқи тоҷикро таъкид намуд. Дар ин санади барномавӣ ба соҳаи археология, ки рушди он мустақиман бо масъалаҳои худшиносии миллӣ, хотираи таърихӣ ва соҳибихтиёрии фарҳангии давлат алоқаманд аст, таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Яке аз нуктаҳои муҳимми Паём ин дастури Сарвари давлат дар бораи ҳарчи зудтар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Қонун дар бораи археология» мебошад. Қабули қонуни мазкур иқдоми басо ҳам саривақтӣ ва  ниҳоят муҳим буда, бахусус бо назардошти он, ки зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои бостоншиносӣ - шаҳракҳои қадима, масканҳои бостонӣ, гӯристонҳо, қалъаҳо ва дигар мавзеъҳои таърихӣ иборатанд ва таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷикро инъикос менамоянд. Тибқи маълумоти расмии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2020 инҷониб дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 3413 ёдгории  таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шуданд.
Бояд қайд кард, ки то ҳол  мавҷуд  набудани қонуни махсуси соҳавӣ дар бораи археология як навъ фазои холигии ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки он барои  ҳифзи ёдгориҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорат бар корҳои сохтмонӣ дар мавзеъҳои таърихӣ-археологӣ, инчунин мубориза бо кофтуковҳои ғайриқонунӣ ва хориҷ кардани арзишҳои фарҳангиро ба таври ҷиддӣ мушкил мегардонад.
Қабули қонуни дахлдор вазъи ҳуқуқии ёдгориҳои археологӣ, тартиби муайян кардан, ба қайд гирифтан, таҳқиқот, ҳифз ва истифодабарии онҳоро аниқ муайян намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаҳои илмӣ, мутахассисони соҳавӣ ва мақомоти давлатиро муқаррар мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба дастовардҳои назарраси кишвар дар самти эътирофи байналмилалии мероси фарҳангӣ махсусан таъкид намуданд.
 Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ёдгории фарҳангии Хуттали қадим, ки дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгиранд, ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Дар баробари ин, қабули қатъномаи ЮНЕСКО оид ба эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ дар истеҳсоли сӯзанӣ», ҳамчунин қарор дар бораи ҷашн гирифтани 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027, аз эътирофи баланди байналмилалии мероси фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик ва мавқеи вижаи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни таъсис додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилиалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд. Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик ва таблиғи фалсафаи «пиндору гуфтор ва рафтори  нек» равона шудааст. Аҳаммияти таъсиси ин марказҳо дар сатҳи байналмилалӣ мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун меросбари тамаддуни ориёӣ ва Маркази ҷаҳонии арзишҳои муттаҳидкунандаи Наврӯз боз ҳам мустаҳкам мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории беназири бостонии кишоварзии Саразмро мисол оварданд, ки ҷомеаи илмии байналмилалӣ онро яке аз муҳимтарин объектҳои муҳимми бостоншиносии ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ эътироф кардааст. Синну соли  ёдгории нодири Саразм  ба 5500 сол расида, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани он сатҳи баланди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии аҳолии бостонии минтақаро равшан инъикос менамояд ва далели асосноки решаҳои амиқи таърихии тамаддуни тоҷикон мебошад.
 Дар заминаи эътирофи афзояндаи байналмилалии мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати таҳияи заминаи мустаҳкам ва ҳамаҷонибаи ҳуқуқии соҳаи археология махсусан мубрам гардид. Қабули қонун дар бораи бостоншиносӣ ба рушди муназзами илми бостоншиносии ватанӣ, фароҳам овардани механизмҳои устувори омода кардани кадрҳои илмии миллӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ва тахассусӣ ба корҳои бостоншиносӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Бар замми ин, қонуни соҳаи археология воситаи муассир барои пешгирии ғорату харобшавии ёдгориҳои таърихӣ, ғасби ғайриқонунии онҳо, истифодаи беиҷозати замин ва сохтмони худсарона дар ҳудуди ёдгориҳои археологӣ мегардад. Инчунин қабули қонуни мазкур назорати давлатиро ба ҳифзи ёдгориҳои археологӣ боз ҳам пурзӯртар намуда, ҷавобгарии қонуниро бо мақсади вайрон кардани талаботи қонун низ таъмин намуда, барои аз ҷихати илмӣ асоснок омӯхтан, ҳифз кардан ва оммавӣ гардондани мероси археологӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Инчунин бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ як ниҳоди махсус: Агентии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаи асосии ин ниҳод бозсозӣ, барқарорсозӣ, тармимкунӣ ва ҳифзи ёдгориҳо, рушди сайёҳии фарҳангӣ-таърихӣ, инчунин бақайдгирии дубораи объектҳо ва ворид намудани онҳо ба Феҳристи миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ба Феҳристи ЮНЕСКО, бо мақсади оммавӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо мебошад. Фаъолияти ниҳоди мазкур як ҷузъи муҳимми амаликунонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг гардида, ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии бостонии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Ҳамин тариқ, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва қабули «Қонун дар бораи археология» хусусияти стратегӣ ва дарозмуддат дорад.
Хулоса, ҳадафи асосӣ аз қабули қонуни мутазаккир ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва таъмини ҷойгоҳи сазовори мероси бостоншиносии Тоҷикистон дар заминаи фарҳанги ҷаҳонӣ ва ҳифзи он барои наслҳои оянда маҳсуб меёбад.
Маснав НАВРУЗБЕКОВ – ходими илмии
Институти таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ