RU
САДА–ҶАШНИ МИЛЛИИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН
 
23 январи соли 2026 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ семинари илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Сада – ҷашни миллии бостонии тоҷикон» бахшида ба таҷлили ҷашни Сада баргузор гардид. Ба кори семинар директори Институт доктори илмҳои таърих Муродзода А.А. ҳусни оғоз бахшида,  зикр намуданд, ки ҷашнҳои қадима гувоҳи таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошанд. Сипас, сухан ба академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов дода шуд. Юсуфшоҳ Ёқубов дар мавзуъи «Сада ҷашни фарорасии зимистон» маърӯзаи илмӣ намуда, оид ба таърихи пайдоиши ин ҷашн аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ривоят оварданд, ки мувофиқи он ин ҷашн ба пайдоиши оташ ва шоҳ Ҳушанг рабт дорад.
Доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов дар мавзуи «Се рамзи фарҳангӣ ва фалсафии Наврӯз» маърӯзаи илмӣ намуда, иброз намуданд, ки ба ин рамз аввалан гуноҳсӯзон ё ба ибораи дигар «гунасӯзик», дуввум мубориза ба бадгумонӣ ё «бадгумоник» ва сеюмӣ оташи сиёвушон дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо дорои оинҳои махсуси ин ҷашн мебошанд.
Доктори илмҳои таърих Бобоев Хаёл оид ба асосҳои илмии ҷашнҳои тақвимии миллии тоҷик, хусусан Сада баромади пурмуҳтаво намуда, қайд намуданд, ки ниёгони мо дар асоси илми нуҷум дар чор мавсими сол чаҳор ҷашни миллиро қайд мекарданд.
Мудири шуъбаи таърихи илм ва техника, номзади илмҳои таърих Шарифзода А.Қ. дар мавзуи оинҳои Сада баромад намуда, иброз намуданд, ки тавре аз баъзе сарчашмаҳои бостоншиносӣ бармеояд ҷашни Сада дар даврони Сосониён низ таҷлил мегардид.
Номзади илмҳои таърих Шовалиева М. оид ба расму анъанаҳои таҷлили ин ҷашн ва ходими хурди илмии Осорхонаи милии бостонии Тоҷикистон Юсуфзода Муҳаммад дар мавзуи «Ҷашни Сада ёдгоре аз ниёгон ва ворид гардидани он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО» баромад намуданд.