RU
СИМОИ ЗАН - МОДАР ДАР ФАРҲАНГИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Иборае муқаддасе мавҷуд ҳаст, ки онро ҳар як инсони рӯйи замин мефаҳмад ва онро бо ҳисси баланди арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ ба забон меорад. Ин ибора Модар аст. Аммо, барои ҳар як халқ ин мафҳуми бузург маънои хоси худро дорад. Дар фарҳанги мардуми шарифи тоҷик симои Зан –Модар – офарандаи ҳаёти башар, танҳо мафҳуми хонаводагӣ нест... Балки он як арзиши маънавист, ки аз замонҳои қадим реша гирифтааст, замоне, ки он вақтҳо ба маънои томаш на мактаб, на китобҳои хаттӣ ва на давлат вуҷуд дошт. Модар ба ифодаи дигар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти башар аст.
Хеле пеш аз паҳн шудани динҳо дар саросари Осиёи Марказӣ, одамон аллакай модаронро ҳамчун манбаи ҳаёт медонистанд. Ниёгони тоҷикон тоифаҳои кишоварзони қадими бумии минтақа табиатро мушоҳида карда, шабоҳати якхеларо диданд: замин ҳосил медиҳад ва зан кӯдак таваллуд мекунад. Аз ин рӯ, модаронро на танҳо ҳамчун аъзои оила, балки ҳамчун пояи мавҷудияти тоифа эҳтиром мекарданд ва ҳамзамон ба он арҷ мегузоштанд. Зеро тақдири тамоми аъзои оила ба саломатӣ, сулҳу осоиш ва беҳбудии он аз Зан - модар вобастагии калони худро дошт. Дар фарҳанги кишоварзони бумӣ (суғдиҳо, бохтариҳо) модар тимсоли чароғи фурӯзон, нур ва гармии хонадон буда, хонаи бе модар холӣ ва сард ҳисобида мешуд.
Дар фарҳанги тоҷикон Модар бо оташдону хона пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ чун кадбонуи хона таом омода мекунад ва аҳли оиларо гирди дастархони пурнозу неъмат ҷамъ меоварад, ки ин анъанаи қадимаи тоҷикон то ҳоло ҳам побарҷост. Бо вуҷуди ин, нақши Модар хеле берун аз вазифаҳои хонагӣ аст. Саҳми модар дар самти таълиму тарбияи фарзанд ва инчунин ба камол расонидани он басо ҳам бориз аст. Кӯдак овози аввалини модарро мешунавад ва нахустин калимаҳои худро ба забони ӯ мегӯяд. Аслан модар аввалин муаллими забону фарҳанг мегардад. Бесабаб нест, ки забони тоҷикӣ асрҳо боз пеш аз ҳама дар дохили оила, тавассути гуфтори модарон нигоҳ дошта мешавад. Халқи тоҷик низ дар гуфтори худ ибораҳои забони модариро бештар мавриди истифодаи худ қарор медиҳад.
Маҳз модар аст, ки хотираи фарҳангиро аз насл ба насл интиқол медиҳад. Маънои ҷашнҳои анъанавиро бармало мефаҳмонад, эҳтироми нону намак ва гиромидошти меҳмон ва пиронсолонро меомӯзонад, иззату эҳтироми оиларо пос медорад. Кӯдак тавассути гуфтор ва рафтори худ дарк мекунад, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки як ҷузъи рӯҳи мардум аст. Аз даст додани забон маънои аз даст додани иртибот бо гузаштаро дорад, аз ин рӯ забони модарӣ пояи ҳифзи фарҳанг мегардад.
Модар дар баробари омӯхтани забон, инчунин интиқолдиҳандаи урфу одатҳои аҷдодӣ низ мебошад. Дар ҷомеаи тоҷик ёд додани ҳунари дастӣ ва хонадорӣ ба духтарон ва омӯхтани ҳисси эҳтиром, масъулиятшиносӣ ва меҳмоннавозӣ ба писарон мисол шуда метавонанд. Аммо тарбияи асосӣ на бо сухан, балки ба воситаи ибрат пайдо мешавад. Сабру таҳаммул, меҳнатдӯстӣ, ғамхорӣ дар бораи наздикон барои кӯдак меъёри табиӣ мегардад. Фарзанд нахуст тавассути модар маънии неку бадро бештар дарк мекунад.
Суруди гаҳвора - «алла» метавонад, ки намунаи равшани нақши модар дар интиқоли забону фарҳанг бошад. Модар тифли навзодро ба хоб андохта, на танҳо онҳоро ором мекунад, балки аз рӯзҳои аввал онҳоро бо олами забони модариашон шинос мекунад. Кӯдак шояд ҳанӯз маънои калимаҳоро нафаҳмад, аммо онҳо садои забони модарии худ, садо ва интонатсияи онро дар хотир доранд. Модар ба воситаи суруди гаҳвора таманнои худро дар бораи тақдири нек, шаъну шараф ва хушбахтии фарзандаш баён мекунад. Баъдтар афсонаю достонҳо зам мешаванд, ки аз онҳо фарзанд адлу инсоф, ба қавл вафо карданро меомузад. То пайдо шудани мактабҳо маҳз анъанаи даҳонии модарӣ хотираи таърихии халқро нигоҳ дошт. Модар дар бораи ниёгон, ҷашн, расму оин сухан гуфта, ба фарзанд тасаввуротро дар бораи Ватан, оила, халқи худ меомӯзад ва бо ин васила наслҳоро мепайвандад.
Ҳамаи ин бовариҳо боз ҳам дуртар, ба даврони ориёӣ, яъне ба аҷдодони қадимии халқҳои эронӣ бармегарданд. Масалан дар ҷаҳонбинии ориёиҳо модарро идомадиҳандаи насл ва шахсияти муқаддас медонистанд. Таваллуди кӯдак ҳамчун як ҳодисаи қариб кайҳонӣ қабул карда мешуд, зеро ояндаи қавму тоифаҳо аз он вобастагии зиёди худро дошт.
Мафҳуми Ватан бо симои модар дар фарҳанги тоҷик иртиботи қавӣ дорад. Бесабаб нест, ки дар забон ибораҳои Модар-Ватан ва забони модарӣ мавқеи махсуси худро доранд. Муҳаббат ба зодгоҳ аз меҳри Модар - Ватан оғоз шуда, кӯдак тавассути ӯ аз диёру зодгоҳ, номи кӯҳу рӯдҳову дарахтон, ҷашну расму ойинҳои мардумӣ меомӯзад.
Бесабаб нест, ки образи модар дар фолклор ва адабиёти тоҷик яке аз образҳои асосӣ гардидааст. Дар афсонаҳо модар қаҳрамонро роҳнамоӣ мекунад, дар сафараш баракат медиҳад ва суханаш ӯро аз бало эмин нигоҳ медорад. Вай дар шеър рамзи раҳмату бахшанда буда, шахсе аст, ки новобаста аз иштибоҳ фарзандашро қабул мекунад. Ин тасвир дар фарҳанги муосир ҳамчун идеали ахлоқӣ боқӣ мондааст.
Хуллас, нақши Модар дар фарҳанги тоҷикон аз уҳдадориҳои оилавӣ хеле фаротар аст. Вай офарандаи ҳаёт, аввалин раҳнамоӣ зиндагӣ, интиқолдиҳандаи забон, посдори анъана, барандаи меҳру муҳаббат ба Ватан, ва хотираи таърихии миллат аст. Тавассути тарбияи модарӣ фарҳангу тамаддун ва арзишҳои маънавӣ нигоҳ дошта мешавад.
Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Зан - Модар на танҳо як қоидаи рафтор аст, балки он ҳамзамон пояи ҳувияти миллӣ аст, ки бидуни он оила, ҷомеа ва худи миллатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Маснав НАВРУЗБЕКОВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
