RU
Мубориза бар зиддӣ бемориҳои сироятӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар шароити ҷанг (солҳои 1941–1945)
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), мубориза бар зиддӣ бемориҳои сироятӣ дар ҶШС Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим ва ташвишовар ба ҳисоб мерафт. Ҷанг боиси тағйироти ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ гардида, ба вазъи санитарӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонд. Кӯчонидани оммавии аҳолӣ, норасоии озуқаворӣ ва доруворӣ, инчунин бад шудани шароити зиндагӣ, хавфи паҳншавии бемориҳои сироятиро ба маротиб зиёд намуд. Дар чунин шароит, илми тиб ва ташкили дурусти хизматрасонии санитарӣ ба омили асосии нигоҳдории суботи сироатёбӣ табдил ёфт.
Аз моҳи августи соли 1941 то сентябри соли 1942 ба Тоҷикистон зиёда аз 140 ҳазор нафар муҳоҷир аз минтақаҳои ҷангзада: Украина, Беларусия, Прибалтика, ИҶШС, инчунин аз шаҳрҳои Маскав ва Ленинград кӯчонида шуданд. Мардуми ҷангзада, аксаран дар ҳолати заиф ва бемор ба ҷумҳурӣ мерасиданд. Ин раванд дар шароити ниҳоят душвор, бо сафарҳои тӯлонӣ, норасоии озуқаворӣ ва бомбаборон шудани онҳо дар қатораҳо сурат гирифт.
Маркази асосии шиддати сироятёбӣ шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) гардид. Серодамии аз ҳад зиёд ва шароити номусоиди санитарӣ ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ: шамолхурии қафаси сина, домана, дарунравӣ, зуком ва гепатитро фароҳам овард. Аввалин ҳолатҳои домана ва дарунравӣ дар ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 1941 ба қайд гирифта шуд.
Бо мақсади маҳдудсозии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, Шӯрои шаҳри Сталинобод 20 январи соли 1942, таҳти №59 Қарор «Дар бораи чораҳои мубориза бар зиддӣ паҳншавии бемориҳои сироятӣ»-ро қабул намуд. Ин қарор татбиқи чораҳои қатъии санитариро пешбинӣ мекард: дар ҳаммоми шаҳрии № 2 гузаронидани коркарди ҳатмии санитарии шахсони воридшаванда, манъи ҷойгиршавӣ бе шаҳодатномаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ, ҷорӣ намудани ҷарима ба андозаи 100 (рубл) ва чораҳои ислоҳӣ барои қонуншиканон ба мӯҳлати 30 шабонарӯз.
Дар ш. Сталинобод нуқтаҳои иҷозатномадиҳии безараргардонии шабонарӯзӣ, ҳаммомҳо ва ҷомашӯйхонаҳо ташкил гардида, инчунин ҷойҳои ҷамъиятӣ мунтазам бо мақсади пешгирии паҳншавии сироят безарар карда мешуданд. Муоинаи тиббӣ, ошкорсозии шапуш дар байни аҳолӣ ва ҷудокунии беморони сироятёфта ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди татбиқи чунин тадбирҳо, то тирамоҳи соли 1942 сатҳи сироятёбии бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи шароити душвори иҷтимоӣ, ҷамъшавии зиёди аҳолии кучонидашуда ва камбудиҳои маишӣ ҳанӯз ҳам баланд боқӣ монд, танҳо пас аз таҳкими минбаъдаи чораҳои системавии зиддисироятёбӣ тадриҷан коҳиш ёфт.
Маркази асосии тадқиқотӣ Институти эпидемиология, микробиология ва гигиенаи Сталинобод гардид. Ин муассиса, ки соли 1930 таъсис ёфта буд, дар шароити ҷанг фаъолияти худро васеъ намуда, ба таҳқиқоти амалӣ ва истеҳсоли доруворӣ равона кард. Зери роҳбарии Иван Васильевич Новохатний, институт масъалаҳои эпидемиология, микробиология ва иммунологияро мавриди омӯзиш қарор дода, усулҳои самараноки пешгирӣ ва табобати бемориҳоро таҳия намуд.
То соли 1942 дар институт истеҳсоли 17 намуди доруворӣ ба роҳ монда шуд, ки ин дастовардҳо барои таъмини Армияи Сурх ва аҳолии осоишта аҳамияти бузург доштанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ мубориза бар зиддӣ бемории вараҷа ва домана буд. Мутахассисони Институти вараҷа ва паразитологияи тиббии Сталинобод ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар намуда, манбаъҳои сироятро муайян ва чораҳои маҳдудкунанда меандешиданд. Ҳамзамон, шароити қабули муассисаҳои тиббӣ васеъ гардид: шумораи катҳои беморхона зиёд шуда, шӯъбаҳои махсуси бемориҳои сироятӣ таъсис ёфтанд. Ин тадбирҳо имконияти беҳтари ташхис ва табобатро фароҳам оварданд.
Дар моҳи декабри соли 1941 Институти зоологияи Академияи илмҳои ИҶШС аз шаҳри Ленингради муҳосирашуда ба шаҳри Душанбе кӯчонида шуд. Дар шароити нав, зоологҳои ленинградӣ таҳти роҳбарии академик Евгений Никанорович Павловский дар филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои ҶШС ба омӯзиши масъалаҳои эпидемиологӣ ва мубориза бо паҳншавии бемориҳои сироятӣ шурӯъ намуданд.
Дар доираи ин корҳои илмӣ, бо ташаббуси академик Е. Н. Павловский дар Сталинобод усулҳои нави биологии табобат таҳия гардиданд. Аз ҷумла, парвариши кирминаҳои безарари магас барои истифода дар муолиҷаи захмҳои чиркин, гангренаи сироятӣ ва остеомиелит коркард шуд. Ин усул ба тозакунии бофтаҳои осебдида мусоидат намуда, раванди шифоёбии захмҳоро суръат мебахшид ва дар шароити нарасидани антибиотикҳо аҳамияти муҳими амалӣ дошт.
Ногуфта намонад, ки кӯчонидани олимон ва табибони барҷаста аз минтақаҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Душанбе ба рушди низоми тандурустӣ ва хадамоти зиддиэпидемӣ таъсири назаррас расонд. Дар шароити ҷанг ва афзоиши хатари бемориҳои сироятӣ, ин мутахассисон ба таҳкими асосҳои илмӣ ва амалӣ дар соҳаи тиб мусоидат намуданд.
Дар байни онҳо чунин шахсиятҳо буданд: Г. А. Рейнберг, А. Э. Мангейм, С. Г. Вайсблат, С. А. Поспелов, С. Я. Шаферштейн, В. К. Житомирский, П. В. Сиповский, Л. А. Баринштейн, П. Н. Степанов, М. В. Войно-Ясенецкий, А. Я. Прокопчук ва дигар мутахассисони соҳаи тиб.
Фаъолияти онҳо ба такмили усулҳои ташхис ва табобат, ташкил ва татбиқи чораҳои зиддиэпидемӣ, инчунин таъмини дастгирии илмӣ-методии муассисаҳои тиббию илмӣ ва беморхонаҳои Тоҷикистон равона гардида буд. Иштироки ин мутахассисон дар шароити камбуди захираҳо ва афзоиши бемориҳои сироятӣ нақши муҳим дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии эпидемияҳои оммавӣ бозид.
Дар баробари рушди илм, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ аҳамияти калон дошт. Моҳи сентябри соли 1941 дар Душанбе Маркази таълими тандурустӣ таъсис ёфт, ки аҳолиро ба қоидаҳои беҳдоштӣ омӯзиш медод.
Аҳолӣ, аз ҷумла занон, дар ташкили бригадаҳои санитарӣ фаъолона иштирок мекарданд. Онҳо назорати об, ғизо ва шароити санитариро таъмин менамуданд. Таблиғоти санитарӣ тавассути рузномаҳои деворӣ, радио ва кино амалӣ мегардид. Филмҳои маърифатии студияи Союздетфильм («Дизентерия», «Малярия», «Грипп», «Тиф») ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат карданд.
Хулоса дар солҳои 1941–1945 дар ҶШС Тоҷикистон, дар шароити ҷанг ва муҳоҷирати оммавии аҳолӣ, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ афзоиш ёфт. Бо вуҷуди ин, тавассути татбиқи чораҳои системавии зиддиэпидемӣ, фаъолияти муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди шабакаи хизматрасонии тиббӣ, паҳншавии эпидемияҳои оммавӣ пешгирӣ карда шуд.
Натиҷаҳои бадастомада аз ҳамкории илм, амалияи тиббӣ ва идоракунии санитарӣ вобаста буда, аҳамияти муҳими ин таҷрибаро дар таъмини суботи эпидемиологӣ дар шароити буҳронӣ нишон медиҳанд.
Ходими хурди илмии Шуъбаи
таърихи илм ва техника
Азизуллозода М. Н.
