RU
Таҳкими амнияти миллӣ - омили асосии ҳастии миллат ва ваҳдати пойдор
|
Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
|
Ҳар сол санаи 27-уми июн дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Агар ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи таърихӣ нигоҳ кунем, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз имзо гардидани он 29 сол сипарӣ мегардад, танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, балки нуқтаи гардиши таърихиест, ки миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод. Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва неруҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодии давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуд. Дар натиҷа, дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 боиси фоҷиаи бузурги миллӣ гардид. Беш аз 100 ҳазор ҳамватан ҷон бохтанд, зиёда аз як миллион нафар аз ватани худ фирорӣ шуданд ва бештар аз 15 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ба кишвар ворид шуд. Вале бо қувваи иродаи мардум ва раҳнамоии абармарди миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари моро аз вартаи нестӣ ба роҳи давлатсозӣ ва пешрафт оварданд.
Таърих гувоҳ аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин иҷлосия на танҳо роҳбарияти сиёсиро муайян кард, балки оғози роҳи ваҳдат ва эҳёи давлатдории миллиро асос гузошт. Дунё бори дигар баъди ба даст овардани истиқлол, сарзамини тоҷикро бо симо ва номи аслии худаш – Тоҷикистон, ҳамчун миллати бузурги соҳиби номаи худшиносӣ, Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ шинохт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте зимоми сиёсиро ба даст гирифт, ки қувваҳои худхоҳ, воқеан, низоми мутамарказонидашудаи давлати тоҷиконро, ки бо амри тақдир истиқлол касб карда буд, пора-пора карда буданд. Дар Тоҷикистон давлат ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ вуҷуд надошт. (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 8). Пешвои миллат бо иродаи қавӣ, нияти неку миллатдӯстӣ дар як вазъияти басо душвори сиёсиву иҷтимоӣ вазифаи пурмасъулияти давлатдориро ба уҳда гирифтанд ва изҳор доштанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!»
Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтани сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ - ин таърихи зиндаи эҳё шудани миллат пас аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва намунаи нодирест дар таърихи башарият. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.
Амнияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ду рукни ҷудонашавандаи як низом мебошанд. Бе ваҳдат ва якпорчагии ҷомеа таъмини амният ғайриимкон аст ва баръакс, бе амнияти комил, ваҳдату субот пойдор намемонад.
Барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст, зеро амният ва ваҳдат ба ҳам робитаи зич доранд. Ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлақан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст.
Аз дидгоҳи он, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват карда шавад.
Таърихи навини Тоҷикистон (ибтидои солҳои 1990-ум) исбот кард, ки заъфи амнияти миллӣ метавонад ҳастии физикӣ ва сиёсии миллатро зери хатар гузорад. Дар шароити муосир, таҳкими амнияти миллӣ - ин на танҳо ҳифзи сарҳадҳо, балки муҳофизати забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои ниёгон аст, ки асоси ҳастии миллатро ташкил медиҳанд.
Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳои ҷаҳолатпарасту мутаассиб паноҳ гирифтанд, ки зери ниқоби ислом метавонанд ҳар лаҳза амният ва суботро барҳам зананд.
Тавре ки профессор Ятимов С.С. дар мақолаи таҳлилии худ ба маврид қайд менамояд, ки “ҷаҳолату таассуб 13 давлатдории тоҷиконро барҳам задааст, шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод. Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд. Аммо, бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин давлат барқарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз шуд”.
Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.
Ваҳдати пойдори мо кафолати амнияти миллӣ ва амнияти миллии мо кафолати ҳастии ҷовидонии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ҳифзи ин дастовардҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, бахусус аҳли илму зиё аст, то ин амният ва ваҳдатро ба наслҳои оянда бегазанд мерос гузорем.
АДАБИЁТ:
1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих – Душанбе, соли 2006.
2. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, иборат аз 10 ҷилд. – Душанбе (солҳои 2000-2011) .
3. Набиева Р.А., Зикриёв Ф.Б., Зикриёева М.Ф. Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI - Душанбе. 2009 с.
4. Намоз Ҳотамов, Давлатхоҷа Довудӣ, Сайфулло Муллоҷонов, (Маъруф Исоматов) Таърихи халқи тоҷик «Эр- граф». Душанбе. 2015 с.
5. Луқмонов Т., Қурбонов Б. Таърихи халқи тоҷик. «Матбуот». Душанбе. 2015 с.
6. Яъқубов Ю. Тоҷикон- Душанбе. 1996 с.
7. Ятимов С.С. «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ», маҷаллаи "Илм ва ҷомеа" № 2 соли 2019
8. Зафар Сайидзода, Фаридун Саидов. Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон. – Душанбе – 2002 с.
9. Иброҳим Усмон. Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон. Душанбе, 2016 с.
Неъматов И.
номзади илмҳои таърих, дотсент
