RU
МУҚАДДИМА АШРАФӢ: МАСОИЛИ ТАЪРИХӢ-НАЗАРИИ САНЪАТИ МИНЁТУРАИ ТОҶИК
Имрӯз, 22 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 90 – солагии фаъолияти хизматнишододаи ходими илмӣ ва техникаи Тоҷикистон, муҳаққиқи номӣ, доктори санъатшинос, профессор Муқаддима Ашрафӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Муқаддима Ашрафӣ: масоили таърихӣ-назарии санъати минётури тоҷик” бо иштироки доираи васеи олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки профессор Муқаддима Ашрафӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи илми санъатшиносии тоҷик буда, дар омӯзиш ва таҳқиқи таъриху назарияи санъати минётури тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар суханронии худ қайд намуд, ки профессор Муқаддима Ашрафӣ бо пажӯҳишҳои арзишманди илмии худ дар самти омӯзиши санъати минётури тоҷик барои рушди санъатшиносии миллӣ заминаи устувори илмӣ гузоштааст.
Таъкид гардид, ки мероси илмии Муқаддима Ашрафӣ дар муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон нақши муҳим дошта, таҳқиқоти ӯ имрӯз низ барои муҳаққиқон ва донишҷӯёни соҳаи санъатшиносӣ аҳамияти бузурги илмӣ дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси фарҳангии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз намуд, ки ҳунари миниётур-нигоргарӣ аз бахшҳои муҳимму таркибии тамаддуни тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ буда ва ин навъи эҷодиёти бадеӣ дар раванди таърихӣ дар марказҳои дерини таърихию фарҳангии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Балх, Нишопур ва ғайра бунёд ёфтаю басо пешрафта ба шумор меравад. Ин ҳунари зебоишиносӣ бо кӯшиши эҷодии устодони мактабҳои касбии санъати минётур таҳти сарварии мусаввирон устод Абдулҳайёи Самарқандӣ, Пирмуҳаммади Самарқандӣ, Камолиддин Беҳзод, ва дигарон рӯйи саҳна омада, дар ташаккул, пешрафти санъати миниётурӣ, ва китобороӣ саҳми бузург гузошт. Офаридаҳои ҳунарии ин устодони варзида осорхонаҳои машҳури Шарқу Ғарбро оро дода, дар таърихи тамаддуни Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон, Ҳинд ҷойгоҳи хоса доранд.
Таъкид гардид, ки доир ба масоили таърих ва назарияи ҳунари нигоргарӣ-миниётур, чун аз бахшҳои басо арзишманди мардумони Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд асосан муҳаққиқони собиқ иттиҳоди Шуравӣ, Аврупо, Шарқ асарҳои таҳқиқотӣ анҷом дода, ин навиштаҳои илмӣ ба забонҳои гуногун нашр шудаанд ва имрӯз ҳам пажуҳишгарон дар ин самт машғули омӯзишанд. Бояд хотирнишон кард, ки ин навъи басо муҳимми ҳунарҳои бадеӣ дар таърихи санъати тасвирӣ-нигоргарӣ ва китобороии тоҷик ҷойгоҳи арзанда дошта, аввалин мактабҳои ҳунарии касбӣ дар марказҳои дерини таърихию фарҳангии мо ташаккулу рушд намуда, сарвари ин мактабҳои ҳунарӣ аз намояндагони ҳунарманду пуровозаи миллати мо буданд.
Қайд гардид, ки саҳми ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Тоҷикистон, корманди Академияи миллии илмҳо, профессор Муқаддима Ашрафӣ ба ҳайси намояндаи миллати тоҷик, ҳамчун аввалин бонуи ҳунари минётурӣ дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад.
Гуфта шуд, ки профессор Муқаддима Ашрафӣ муаллифи чандин рисолаҳо, даҳҳо мақолаҳои илмии академӣ доир ба масоили таърихию консептуалии ташаккулу рушди мактаби классикии минётур, намояндагони он, аз ҷумла устоди барҷастаи санъати минётур-нигоргарӣ Камолиддин Беҳзод ва мактаби ҳунарии ӯ буда таҳқиқоташ дар кишварҳои Аврупо, Шарқ, Итттиҳоди Шуравӣ ба нашр расидаву дар доираи илми ҳунаршиносии байналмилалӣ эътироф шудаанд.
Махсусан таҳқиқоти пуразиши илмии академии профессор Муқаддима Ашрафӣ «Шеъри форсии тоҷикӣ дар миниётурҳои садаҳои X1V-XV1», «Аз таърихи инкишофи минётури Эрон дар асри XV1», «Беҳзод ва инкишофи мактаби миниётури Бухоро дар асри XV1», «Миниётури Самарканд дар асри XV»,"Миниётури тоҷикӣ: Мактаби Бухорои асрҳои XV1-XV11", "Миниётури тоҷикӣ: аз Камолиддин Беҳзод то Ризоӣ Аббосӣ" ва ғайра аз ҷониби олимону ҳунармандони варзидаи дохилию хориҷӣ пазируфта пазируфта шудаанд.
Инчунин, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ва дигар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар дар маърузаҳои хеш доир ба санъати минётури тоҷик ва саҳми профессор Муқаддима Ашрафӣ дар таҳқиқу омӯзиши таърих ва назарияи санъати тасвирӣ ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки корҳои илмии ӯ дар рушди мактаби санъатшиносии тоҷик мақоми арзанда доранд.
