RU
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ СУЛҲУ ОРОМИ
Ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон дар Тоҷикистон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ давраи нави созандагӣ оғоз гардид. Лозим ба ёдоварист, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти мамлакат 9- уми сентябри соли 1991 муваффақ гаштан ба ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро яке аз шартҳои муҳим дар сиёсати давлатдорӣ ин ваҳдати миллист.
Ваҳдати миллӣ омили пойдору пуриқтидор гардидани давлат мебошад. Вақте сухан дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ меравад, бечунучаро симои шахсияти беназир Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Бешубҳа, дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассоси таърихие, ки миллату Ватан дар ҳолати нобуди қарор дошт, Тоҷикистонро нафаре лозим буд, ки пеши роҳи ҷанги пурфоҷиа ва даҳшатовари шаҳрвандиро бигирад, мамлакат ва миллатро аз варта раҳоӣ бахшад ва ниҳоят, ваҳдати миллиро ба миён орад. Ба хушбахтии халқи тоҷик ва саодати Ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба майдони сиёсат овард, ки дар замирашон ҷасорат, муҳаббат ва меҳри халқу Ватан будааст.
Имзои аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат, Раиси Маҷлиси Олӣ, сарварони ҳизбҳои сиёсӣ, итиҳодияҳои ҷамъиятӣ иттифоқҳои эҷодӣ ва ғайра ба имзо расид, иқдоми бузурге дар роҳи ба миён овардани ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамомияти арзии Тоҷикистон буд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав, ки 27 уми июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст, яке аз бузургтарин ҳодисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ мебошад.
Имруз моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, фазои ороми сиёсии кишварро ҳамеша нигоҳ дорем ва баҳри дӯстиву ягонагӣ ва ризоияти ҷомеа кӯшиш намоем. Ин масъулият бештар ба души ҷавонон аст. Пас нерӯи ҷавононро баҳри созандагиву ободкорӣ равона бояд намуд, вақте, ки ҷавони ва Ваҳдат дар як самт қарор мегиранд ҷавониро Ваҳдат ва Ваҳдатро ҷавони ҷило мебахшад. Агар Ваҳдат ба панҷаи созандаю бунёдгари ҷавонон эҷод шавад, он садчанд зеботар мешавад
Барои мо ҷавонон 27 уми июни соли 1997 чун як санаи муқаддас, як рӯзи таърихӣ ва зиёда аз ҳама, чун як воқеаи тақдирсоз дар ҳаётамон мавқеъ пайдо намудааст. Дар ин ҷода мо ҷавонон пурра ҷонибдори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем, ки фармудаанд: “Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем”.
Ин супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон пеш аз ҳама ба мо насли ҷавон дахл дорад ва моро масъул месозад, ки на танҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу ороми, ваҳдату ягонаги ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт намоем.
Мафҳумҳои “Ваҳдат”, “иттифоқ”, “ҳамзабони”, “ҳамдили” дар байни инсонҳо фосилаи бегонагӣ ва дуриро аз байн бардошта, гарави пирӯзии имрӯзу фардо ва ояндаи дурахшони ҳамагуна ҷомеа мебошад. Ваҳдати миллӣ дар ҷомеасозӣ муҳим буда раванди амалишави он, чуноне, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, гуногун ва тағирпазиранд. Таъмини ваҳдати комил танҳо бо меъёрҳои ахлоқи кифоя набуда, ба вуҷуд овардани сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва оромию пешрафт буда, маҳсули давлатҳои миллӣ дар марҳалаи навини инкишофи ҷомеҳои рӯ ба рушд мебошад.
Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба худ сифати нав гирифт. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи тоҷикон бо номи Иҷлосияи тақдирсоз маъмул аст, оғози кӯшишу талошҳои Роҳбари сиёсии кишвар ба сӯи ваҳдат ва сулҳу суботи хоси ҷомеаи тоҷикон гардид. Эмомалӣ Раҳмон баробари Сарвари давлат интихоб шудан таъкид намуд: “Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”. Ҷавонмардӣ ва азму иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои бисёр ҳасос ва тақдирсози миллат ба дилу дидаи мардум ҷой гирифт. Дар ҳақиқат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи вадаҳое, ки ба мардум ва гурезаҳо додан амали намуданд, гурезаҳоро ба Ватан баргардондан дили ҳазорҳо пиру ҷавонро хушнуд сохтанд.
Бинобар ин моро зарур аст, ба неъмати бебаҳо ва муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ба қадри чунин сарзамини биҳиштосо бирасем ва шукр аз он дошта бошем, ки чунин як Сарвари оқилу, роҳнамо ва сулҳофар дорем.
Олимова Ширин-лабаранти
шуъбаи таърихи навтарин
