RU
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ олимон, омӯзгорон ва дигар аҳли эҷодро ҷиҳати ширкат дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми профессор Н.Б. Ҳотамов дар рушди илму маорифи Тоҷикистон» ба ифтихори 80-солагии доктори илмҳои таърих, профессор Ҳотамов Намоз Басарович, ки моҳи ноябри соли 2026 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, (ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33) баргузор мегардад, даъват менамояд.
Дар конференсия масоили умда аз рӯйи самтҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:
-
Ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва ҷамъиятии профессор Ҳотамов Намоз Басарович.
-
Саҳми профессор Ҳотамов Н.Б. дар рушди таърихнигории Тоҷикистони муосир.
-
Инъикоси таърихи аморати Бухоро дар асарҳои Н. Ҳотамов.
-
Масъалаҳои мубрами таърихи Тоҷикистони асри XX ва ибтидои асри XXI дар таҳқиқоти профессор Ҳотамов Н.Б.
-
Таърихи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои таҳқиқ.
-
Масъалаҳои назариявӣ ва методологии таҳқиқи таърихи навини Тоҷикистон.
-
Таърихнигории масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон.
-
Саҳми олимони тоҷик дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи давраи шӯравӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
-
Мактаби илмии профессор Ҳотамов Н.Б. ва нақши он дар омода намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ.
-
Манбаъшиносӣ ва таҳлили сарчашмаҳои таърихи навини Тоҷикистон.
-
Масъалаҳои мубрами рушди илми таърих дар Тоҷикистон.
-
Мероси илмии профессор Ҳотамов Н.Б. ва аҳаммияти он барои таҳқиқоти муосири таърихӣ.
Барои ширкат дар конференсия олимони ватанӣ ва хориҷӣ, муҳаққиқони ҷавон, кишваршиносон, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва маориф даъват карда мешаванд.
Матни маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия аз ҷониби мутассиддиён гирдоварӣ шуда, дар шакли маҷмӯаи илмӣ ба табъ хоҳад расид.
Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро то 10 октябри соли 2026 ба шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба суроғаҳои электронии зерин ирсол намоянд:
kozizoda_1997@mail.ru; тел.: 221 20 93, +992 93 600 50 59
Забони мақолаҳо: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Шакли ширкат: ширкати шахсӣ ва ғойибона.
Талабот ба таҳияи мақолаҳо:
Формат RTF, ҳангоми ҳуруфчинии матн бо истифодаи компютер ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруфи – 14, фосилаи байнисатрӣ – 1,5 см, ҳошияҳо: боло ва поён – 2, 5 см, рост – 1,5 см, чап – 3 см. Иқтибосҳо саҳифагӣ, ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруфи – 10, фосилаи байнисатрӣ – 1 см.
Ҳаҷми мақола бояд аз 12 саҳифа зиёд набошад.
Фишурда ба забони англисӣ, аз 100 то 300 вожа.
Калидвожаҳо – то 10 калима.
Абстракт на англ. яз. – 150-300 калима
Тартибдиҳии истинодҳо: дар матн ба таври автоматӣ, рақамгузорӣ аз рӯи тартиби овардани матн ва дар охири мақола ҳамчун эзоҳ ҷойгир карда мешаванд.
Маълумот дар бораи муаллиф: ба маводи пешниҳодшаванда маълумот дар бораи муаллиф (ҳаммуаллифон) бояд замима гардонида шавад: Ному насаб (пурра); дараҷа ва унвони илмӣ; муассиса (мактаби олӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилот), вазифа, мавзӯи маърӯза, суроғаи хизматӣ (аз ҷумла индекс), телефони корӣ, суроғаи хона, телефони шахсӣ, е-mail. Шакли иштирок қайд карда мешавад: мустақим ё ғайримустақим.
Хароҷоти рафтуомад - аз ҳисоби иштирокчиёни конференсия.
Кумитаи тадорукот
