Дар таҷрибаи давлатдории навини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Њамзамон аз паём дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

  28 декабри соли 2021 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба муҳтавои паёми Пешвои миллат ҷаласаи васеи олимон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур бостоншиносону таърихнигорон ва олимону донишмандони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.