RU
Ховалинг: ёдгориҳои нави таърихӣ муайян гардиданд
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷустуҷӯ, таҳқиқ ва анҷом додани ҳафриётҳои бостоншиносӣ мебошад. Бо ин мақсад аз ҷониби Институт таҳти роҳбарии н.и.т. Мирзоев Ш.Ҷ. аз 1.08 то 5.08.2026 бори нахуст дар мавзеи Сурхдараи ноҳияи Ховалинг дар асоси иҷозатномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯӣ-бостоншиносӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа як қатор мадорики нави таърихӣ, аз ҷумла пораҳои зарфҳои сафолӣ (қисмҳои гардан, тана ва пояи зарфҳо), инчунин маснуоти оҳанӣ, аз қабили пилтачароғ, мехҳои дудама ва дигар ашёи рӯзгор пайдо гардид. Яке аз бозёфтҳои муҳим сиккаи давраи Аморати Бухоро мебошад, ки дар адабиёти бостоншиносӣ ва нумизматикӣ бо номи «пули сиёҳи бухороӣ» маъруф аст. Ин бозёфтҳо барои муайян намудани доираи хронологии ёдгориҳо ва омӯзиши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии аҳолии маҳаллӣ дар охири асрҳои миёна ва давраи нав аҳаммияти муҳим доранд.
Муҳимтар аз ҳама зимни корҳои ҷустуҷӯӣ бостоншиносӣ маҳалҳои аҳолинишин кашф карда шуданд, ки аз ҷониби гурӯҳи бостоншиносон ба онҳо муваққатан номҳои «Гузар-1», «Гузар-2» ва «Гузар-3» гузошта шуданд. Дар сатҳи ин ёдгориҳо миқдори зиёди бозёфтҳои рӯизаминӣ, аз ҷумла сафолпораҳо, маснуоти оҳанӣ ва дигар ашёи моддии фарҳангӣ ҷамъоварӣ гардиданд.
Таҳлили типологӣ ва муқоисавии бозёфтҳои рӯизаминӣ нишон медиҳад, ки ин ёдгориҳо асосан ба охири асрҳои XVIII–XIX мансуб мебошанд. Ин натиҷаҳо аз мавҷудияти маҳалҳои аҳолинишин ва фаъолияти хоҷагидории аҳолӣ дар ин давра дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг шаҳодат медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ аз дарёи Сурхдара ашёҳои гуногуни таърихӣ, ба мислли сиккаҳо, маснуоти оҳанӣ, тирҳои найза, дастмона, гӯшвора ва ғайраҳо пайдо карда шудааст. Ин бозёфтҳо аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессор Давлатхоҷа Довудӣ, н.и.т. Шарифзода Абдувалӣ мавриди омӯзиш қарор ёфта, муайян кардаанд, ки сиккаҳои ёфтшуда аз давраҳои Селевкиён, Юнону Бохтар, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Сомониён ва дигар давраҳои таърихӣ то ибтидои асри XX мебошанд. Ин сиккаҳо ва дигар бозёфтҳои таърихӣ охирон маротиба аз ҷониби Ш. Мирзоев аз мардуми маҳаллаӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар Осорхонаи асри санги ноҳияи Ховалинг гузошта шуданд. Инчунин, дигар бозёфтҳои аз солҳои пеш ба дастомада дар Осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд. Бозёфтҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки одамон дар ин давраҳо дар ин минтақа сукунат дошта, дар баробари чорводориву хоҷагидорӣ ба тиҷорат низ машғул будаанд.
Гурӯҳи бостоншиносон зимни корҳои ҷустуҷӯӣ - бостоншиносӣ мадорики таърихии аз ин минтақа ёфтшударо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба хулосае омаданд, ки дар минтақаи Сурхдараи ноҳияи Ховалинг аз қадим то ибтидои асри XX одамон сукунат кардаанд ва бо эҳтимоли зиёд дар он ҷо маркази тиҷоратӣ низ вуҷуд доштааст. Аммо пас аз барқарор шудани Ҳокимияти Шуравӣ мардуми ин минтақа ба водиҳо муҳоҷир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, корҳои ҷустуҷӯӣ - бостоншиносӣ дар минтақаи Сурхдараи ноҳияи Ховалинг бори дигар собит намуд, ки воқеан ин минтақа дар тӯли беш аз ду ҳазор сол маҳалли сукунати одамон будааст.
