RU
НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕДИТСИЯИ МУШТАРАКИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОНУ ИСРОИЛ ДАР БОШИШГОҲИ СОЙИ ҲАВЗАК
Дар шаҳри Панҷакент таҳқиқоти бошишгоҳи асри санги Сойи Ҳавзак, ки соли 2023 аз ҷониби экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти бостоншиносии Донишгоҳи ибрии Исроил бо иштироки олимон аз Фаронса, Португалия, Юнон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳиндустон кашф гардида буд, ба анҷом расиданд.
Таҳқиқот дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни ду Институт ва Иҷозатнома (Варақаи кушода)-и № 31, ки аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, гузаронида шуданд.
Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар сатҳи баланди методологӣ дар тамоми марҳилаҳои корҳои ҳафриётӣ гузаронида шуда, бо коркарди батафсилии қабати маданӣ, бехтан ва шустани тамоми хоки аз ҳафриёт баровардашуда ҳамроҳ буданд. Ин имкон дод, ки маводи фаровони бостоншиносӣ, аз ҷумла маҷмуи бозёфтҳои сангӣ (чанд намуд нуклеусҳо, парахаҳо, тахтаҷасангҳо бо канори коркардшуда, нӯгтезҳои намуди леваллуа, харошакҳо ва ғайра), инчунин миқдори зиёди пораҳои устухони ҳайвонот ва боқимондаҳои чӯби сӯхта ба даст оварда шуд. Таҳқиқи ҷойгиршавии қабатҳои бошишгоҳ ва бозёфтҳои он имкон дод, ки ду марҳилаи маскуншавии дар давраи палеолити миёна муайян шавад.
Таърихи бошишгоҳ аз рӯйи хусусиятҳои саноати сангӣ дар марҳилаи аввалан дар ҳудуди 40-130 ҳазор сол муайян шуда, бо вуҷуди ин, маълумоти дақиқтар пас аз таҳлили намунаҳои хок бо истифода аз усули OSL (люминессенсияи оптикии ангезишёфта) дар Донишгоҳи техникии Дания ба даст меояд. Корҳои таҳқиқотӣ ҳамроҳ бо омӯзиши геологӣ, хокшиносӣ, палеозоологӣ ва палеоботаникӣ ва ғайра анҷом шудаанд.
Таҳқиқоти бостоншиносии бошишгоҳи Сойи Ҳавзак имкон дод, ки масъалаҳои хронологияи қабатҳои бошишгоҳ, инчунин ба омӯзиши шароити табиии маскуншавии инсон дар ин минтақа дар давраи палеолити миёна мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шаванд. Қаблан дар ин минтақа якчанд маҳалли дорои маводи палеолитӣ маълум буданд (Марғедар, Оби Борик ва ғ.), аммо бозёфтҳои онҳо аз сатҳи замин ҷамъоварӣ шуда, ба ягон қабати мадании мушаххас алоқаманд набуданд. Аҳамияти бошишгоҳи Сойи Ҳавзаки мавриди таҳқиқ дар он аст, ки он аввалин ёдгории палеолити миёна бо қабати мадании ҳифзшуда дар болооби Зарафшон мебошад. Технологияи истеҳсоли маснуоти сангии бошишгоҳ аз истифодаи усули леваллуаии коркарди санг шаҳодат медиҳад, ки он ҳам барои ба даст овардани нӯгтезҳо ва ҳам барои истеҳсоли тахтачасангҳо равона гардидааст. Таҳқиқи бошишгоҳи палеолитии Сойи Ҳавзак дар водии Зарафшон аҳамияти муҳими илмӣ дорад, зеро ин минтақаи Тоҷикистон бо бошишгоҳҳои палеолити миёна ва ибтидоии палеолити болоӣ дар Ӯзбекистон ҳамсоя буда, дар Олтой низ ёдгориҳои дорои чунин хусусиятҳо мавҷуданд. Аз нуқтаи назари палеоантропологӣ водии Зарафшон қисми «Долони кӯҳии дохилии Осиё» ба ҳисоб меравад. Эҳтимол меравад, ки ин долон дар давраи палеолити миёна яке аз роҳҳои асосии муҳоҷирати инсонҳо буда, дар ин ҷо се гурӯҳҳои инсонӣ – неандерталҳо, Homo sapiens ва денисовҳо – метавонистанд бо ҳам робита дошта бошанд.