RU
ДАСТОВАРДҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР СОЛИ 2025 АРЗИШМАНД АРЗЁБӢ ГАРДИД
05 декабри соли 2025 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ оид ба натиҷаи корҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ин чорабинии илмӣ директори Институт доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. ва олимону кормандони Институт иштирок намуданд. Дар рафти семинар бостоншиносон аз натиҷаи корҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 маълумот доданд.
Ҳадафи асосии баргузории семинар муаррифӣ ва таҳлили натиҷаҳои илмии бадастомада, баррасии мушкилоти мавҷуда дар ҷараёни корҳои бостоншиносӣ ва муайян намудани самтҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ дар оянда буд.
Дар рафти ҳамоиш маърузаҳо ва гузоришҳои илмии гуногун оид ба корҳои ҳафриётю таҳқиқотӣ дар ёдгориҳои мухталифи бостонии кишвар шунида шуданд. Ҳар як гузориш натиҷаҳои муфассал, таҳлилҳои илмӣ ва хулосаҳои асоснокро оид ба рафти корҳои бостоншиносӣ, геоархеология ва таҳқиқоти комплексӣ дар бар мегирифт.
Аз натиҷаи корҳои бостоншиносӣ маълум гардид, ки дар соли 2025 бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш чандин ёдгориҳои нави бостоншиносиро кашф ва таҳқиқ намуданд, ки аҳаммияти баланди илмӣ доранд. Хусусан, таҳқиқоти бостоншиносии қалъаи Лоҳутӣ ва корҳои бостоншиносии байналмилалӣ бо иштироки олимони Русия ва Чин дар ёдгории асри санги Ёхсуи ноҳияи Ховалинг, ки бори нахуст мавриди омӯзиш қарор гирифтанд, аз натиҷаҳои муҳими илмӣ бостоншиносӣ дар соли 2025 ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, иштирокдорони семинар дастовардҳои илмии соли 2025-ро муҳим ва арзишманд арзёбӣ намуданд.
