RU
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
03 сентябри соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи таърихи навтрини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ–назариявӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, устодону кормандони муассисаҳои илмӣ ва дигар намояндагони соҳаи илм иштирок намуданд.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. оғоз гардид.
Зимни суханрониҳо масъалаҳои муҳимми марбут ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзу муаррифии таъриху фарҳанги ниёгон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди илми таърих ва болоравии мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пирумшоев Ҳ. дар мавзуи «Пешвои миллат таҳкимбахши рушди сомониёншиносӣ дар таърихнигории миллӣ» суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар таҳқиқ ва муаррифии таърихи давлатдории тоҷикон, бахусус давлати Сомониён, таъкид намуд. Доктори илмҳои таърих, профессор Абулҳаев Р. дар мавзуи «Саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳи деринтизори тоҷикон» масъалаҳои аҳаммияти таърихии ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳми роҳбарияти давлатро дар ин раванд мавриди таҳлил қарор дод. Абдурашитов Ф.М. доктори илмҳои таърих дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – муаррифгари тамаддуни навини тоҷикон» маърӯза намуда, нақши Пешвои миллатро дар муаррифии дастовардҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ кард.
Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои илмии номзади илмҳои таърих, дотсент Ғафуров А.М., номзади илмҳои таърих, дотсент Икромиддин Неъматов, номзади илмҳои таърих,Шовалиева М. ва Исматзода Шоиста пешниҳод гардиданд.
Дар маҷмӯъ, маърузаҳои пешниҳодшуда ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти созанда ва сиёсати давлатдории Пешвои миллатро дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаро гирифта, аҳаммияти таърихии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷиконро инъикос намуданд.
Ҳамзамон дар раванди конференс миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон ва инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлол барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти таърихӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми конференсия коллективи кормандони Институт доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол ба муносибати ноил гардидан ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрику таҳният намуданд.
Ҳамзамон, ба се нафар кормандони Институт Ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби директори Институт супорида шуданд.