РӮЗИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ  МУБОРАК БОД!
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА ба ифтихори 77-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Бо камоли ифтихору эҳтиром кулли сокинони сарбаланди кишварро аз номи ҳайати профессорону  кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ ба ифтихори ҷашни фархундаи 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) муборакбод гуфта, таъкид менамоем, ки бобоёну падарони мо дар қатори неруҳои солими ҷомеаи ҷаҳонӣ баробар бо тамоми мардуми шӯравӣ  дар мудофиаи марзу буми давлати ягона  фаъолона ширкат намуда, дар саркӯб намудани фашизм нақши бориз гузоштаанд. Аз аҳолии наздики якуниммиллионаи кишвари азизи мо зиёда аз 300 ҳазор нафар мардони шуҷоъ дар ҷабҳаҳои гуногуни ин ҷанги ватанӣ иштирок намуда, аз назди Маскав то ба Берлин душманро саркӯб намудаанд. Зиёда аз 100 ҳазори онҳо аз ин ҷабҳа барнагаштанд ва ҷони азизи худро  барои озодӣ, ояндаи  орому осоишта ва зиндагии сазовор қурбон намуданд. Бесабаб нест, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид меанамоянд: «Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд».
Шоистаи зикр аст, ки дар он солҳои душвору вазнин барои ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси Ватан, бобоёну падарони шуҳратмандамон корнамоию диловариҳои бемисл нишон додаанд. Мардонагию далерии зодагони Тоҷикистон дар хоки кишварҳои Россия, Украина, Белоруссия, ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика, доманаҳои кӯҳҳои Кавказ, бешазорҳои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ, Шарқи Дур дар адабиёти бадеию илмӣ ва таърихӣ ба таври барҷаста инъикос ёфтаанд. Дар он солҳои муборизаву ҷоннисорӣ барои ободию озодии Ватан тамоми мардуми Тоҷикистон таҳти шиори “Ҳама чиз барои фронт-ҳама чиз барои Ғалаба” кору зиндагӣ намуда, пайваста ба фронт маблағу маводи хӯрока, сару либос ва лавозимоти ҷангӣ равона мекарданд. Меҳнати фидокоронаи сокинони ҷумҳурӣ дар ақибгоҳ низ дар таърихи ин даврон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Гарчанде, ки шумораи иштирокчиёну фидокорони  солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар сол аз сол кам мегардад ва ҳоло танҳо 59 нафари онҳо дар қайди ҳаётанд, мо ҳамеша қаҳрамонию фидокории онҳоро ҳамчун намуна ва дарси ибрат бо ифтихор ёд менамоем. Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намоем».
Собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бузарг бори дигар табрик гуфта, ба ҳар як сокини ҷумҳурии соҳибистиқлол, фазои орому осоишта, зиндагии хуш ва рӯзгори ободро таманно дорем. 
Рӯзи Ғалаба муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!!!