19
сен
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ хабар медиҳад, ки 27-уми сентябри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Тахти Сангин: ҳафриёт, омӯзиш ва ҳифзи он» баргузор мегардад. Ба кори конференсия донишмандон, муҳаққиқон, бостоншиносон, муаррихону файласуфон, мардумшиносону санъатшиносон, намояндагони дигар илмҳои ҷомеашиносӣ даъват карда мешаванд.
Мақсади конференсия: табодули афкор миёни иштирокчиёни конференсия перомуни ёдгории нодири тоисломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тахти Сангин, таърихи омӯзиш, нақш ва мақоми он дар таърихи тоҷикон ва минтақа, роҳҳои асосии ҳифз ва нигаҳдошти он дар шароити кунунӣ, ба ифтихори воридшавии таҷлили 2500-солагии Тахти Сангин ба рӯйхати бузургдошти ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
-
Осиёи Марказӣ дар охири ҳазорсолаи 1 то милод ва аввали ҳазорсолаи 1 милодӣ
-
Тахти Сангин- ёдгории нодири тоисломии Тоҷикистон
-
Тахти Сангин ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги тоисломии Осиёи Марказӣ
-
Таърихи кашф ва омӯзиши ёдгорӣ
-
Санъати меъморӣ
-
Тахти Сангин ҳамчун маркази динӣ
-
Маданияти моддӣ
-
Тахти Сангин ва Хазинаи Амударё.
Талабот барои таҳияи маърӯзаҳои конференсия дар шакли мақола:
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳриршуда ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- саҳифаи андозааш А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз чор тараф рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Tj бо андозаи - 14 мм;
- сатри якум- насаб, ном ва номи падари муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор;
- сатри дуюм - номи мақола БО ҲАРФИ КАЛОН бо баробари матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм- матни асосӣ, дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шавад, фосилаи байни сатрҳо 1,5 см;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи АДАБИЁТ оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, дар шакли [2,15] омода карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;
- ҳаҷми матни мақола бояд то 15 саҳифа бо иловаи расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёти истифодашуда бошад.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Маводи кории конференсия интишор карда мешавад. Аз ин рӯ, аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фишурдаи маърӯза ва дархостҳои худро то 25-уми сентябри соли 2022 бо риояи талаботҳои зикргардида ба почтаи электронии Shoinbek85@mail.ru ирсол намоед:
Телефон барои тамос: (+992)501149991